Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқир, латукӯб, озори ҷинсӣ. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сарфи назар аз тағйири қонунҳо, ислоҳот ва сахттар кардани ҷазо барои танбеҳ ва кӯдакозорӣ, ҳазорон кӯдаку наврас дар Тоҷикистон бо хатарҳои ҷиддие чун зулму задан, издивоҷи барвақтӣ, сирояти вируси норасоии масунияти бадан рӯ ба рӯ ҳастанд.

Гузориши ҳукумати Тоҷикистон ва гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба Созмони Милал дар ин бора баёнгари як воқеияти талх аст. Қарор аст, ин ду гузориш моҳи сентябри имсол дар Кумитаи Ҳуқуқи Кӯдакони Созмони Милал дар шаҳри Женева баррасӣ шавад. Радиои Озодӣ онҳоро рӯзи 4-уми август дид.

Издивоҷи зудҳангом ва кӯдакони обистан

Даҳҳо созмони ғайриҳукуматии Тоҷикистон, аз ҷумла "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва "Ғамхорӣ", ҳамроҳ бо ҳукумат гузоришҳои худро ба Кумитаи Ҳуқуқи Кӯдакони Созмони Милал пешниҳод кардаанд. Ин гузоришҳо вазъи ҳуқуқи кӯдаконро аз соли 2017 то 2024 фаро мегиранд. Бино бар онҳо, мушкилоти муҳими кӯдакон дар кишвар на танҳо ҳал нашудаанд, балки дар баъзе маврид тамоюли нигаронкунанда гирифтаанд. Аз ҷумла, издивоҷи ноболиғон.

Синни қонунии издивоҷ дар Тоҷикистон 18-солагӣ муқаррар шудааст, аммо додгоҳҳо ҳақ доранд, дар “ҳолатҳои истисноӣ” ба издивоҷи духтарони 17-сола иҷозат диҳанд. Таҳлили қарорҳои додгоҳҳо нишон додааст, ки дар бисёре аз мавридҳо сабаби иҷозат “мушкилоти молиявии оила” номбар шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ онро омиле донистаанд, ки ба ҳеч ваҷҳ ба манфиати кӯдак нест.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2022 дар миёни издивоҷҳои сабтшуда беш аз 30 ҳазор мавриди ақди никоҳ ба духтарони аз 15 то 19-сола рост омадаанд. Дар гузориш омадааст, “издивоҷҳои зудҳангом ва маҷбурӣ дар ҷомеа ба як расм табдил ёфтаанд. Бисёре аз ин никоҳҳо бе сабти расмӣ ва танҳо тавассути никоҳи мусулмонӣ сурат мегиранд.”

Худи ҳукумат гуфтааст, соли гузашта дар кишвар 60 духтари 17-18-солаи обистан ё ҳомила сабт шудаанд. Албатта, намояндагони ҳукумат гуфтаанд, ин тамоюл рӯ ба коҳиш аст, чун соли 2024-ум 80 духтари ноболиғи обистан сабт шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавсия додаанд, ки ҳукумат бо қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди издивоҷҳои барвақтӣ, ҳама истисноҳоро аз байн бардорад ва ба издивоҷи ноболиғон иҷоза надиҳад.

Аз зулму задан то издивоҷ. Вазъи ҳуқуқи кӯдакон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Таҳқир, латукӯб, озори ҷинсӣ

Масъалаи дигари асосӣ дар гузориш зӯроварӣ ё озору азият ва зулм ба кӯдакон дар Тоҷикистон аст, ки солҳои охир бештар расонаӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузориши худ ба Созмони Милал гуфтаанд, зӯроварӣ ба кӯдакон васеъ доман паҳн кардааст, аммо ба далели дастрас набудани омори ягона ва тарси ҷомеа, миқёси аслии он пинҳон мемонад.

Як пажӯҳиш, ки бо мусоидати ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милал соли 2023 анҷом гирифт, нишон додааст, 56 дар сади кӯдакони аз 1 то 14-сола дар хонавода ба навъҳои гуногуни танбеҳи сахт, аз ҷумла таҳқиру латукӯб рӯ ба рӯ шудаанд. Як намунаи нави он то дами марг задани як духтари 4-сола аз ноҳияи Ёвон аст, ки чанде пеш аз дасти падарандараш ба ҳалокат расид.

Ҳукумат ҳам омори наверо оварда, гуфтааст, шумораи кӯдаконе, ки чун ҷабрдида аз зӯроварии оилавӣ шинохта шудаанд, аз 171 нафар дар соли 2023 то ба 409 нафар дар соли 2025 расидааст. Озори ҷинсии кӯдакон ҳам зиёд шудааст ва танҳо дар соли гузашта 25 мавриди онро сабт кардаанд. Дар гузориши ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳодисаҳои мудҳиши таҷовуз ва ба қатл расонидани духтарони 8 ва 9-сола ёдоварӣ мешавад.

Дар ин гузориш ҳамчунин аз рейдҳои маъмурони милиса ёдовар шудаанд, ки кӯдаконро барои "гадоӣ" ё "аробакашӣ" боздошт мекунанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин кори мақомот ба ҷойи кумак ва тавонбахшӣ, онҳоро бештар аз ҷомеа дилсард мекунад. Ҳамингуна омори худкушии наврасон нигаронкунанда аст. Аз соли 2017 то 2023 беш аз 535 мавриди худкушии кӯдакон сабт шудааст ва сабабҳои бештари онҳо номаълум боқӣ мемонанд.

Кӯдакони мубталои ВИЧ

Яке аз бахшҳои муҳими гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи кӯдакони гирифтори ВИЧ, вируси норасии масунияти бадан, аст. Бино ба омори расмии ҳукумат, то 31-уми декабри соли 2025 дар Тоҷикистон 992 кӯдак ва навраси то 18-сола ва гирифтор ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудаанд.

Дар гузориши ҳомиёни ҳуқуқ, ки омори то соли 2024-ро дар бар мегирад, омадааст, воқеияти даҳшатбор он аст, ки аз 184 кӯдаки мубталои зери 14 сол дар 139 мавриди он модарони кӯдакон бемор набудаанд. Мақомот ҳам эътироф кардаанд, ки шояд ин кӯдакон дар шифохонаҳо тавассути сӯзандору ё таҷҳизоти тиббии олуда сироят шуда бошанд.

Гузашта аз ин ҳама кӯдакони гирифтори ВИЧ ҳангоми қабул ба кӯдакистону мактаб ба санҷишҳои табъизомез дучор шуда, аз ҳаққи таҳсил дар донишкадаҳои тиббӣ маҳрум карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузоришҳо гуфта шудааст, ки ҳукумат барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи кӯдак ба пешрафтҳои зиёд ноил шудааст. Масалан, соли 2024 Тоҷикистон 67-умин кишвари ҷаҳон шуд, ки танбеҳ ва ҷазои ҷисмонии кӯдаконро дар ҳама ҷой, чӣ хона ва чӣ мактаб комилан манъ кард. Ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар шуд ва мумкин аст, гунаҳкорро барои чунин ҷиноят ба зиндони якумрӣ маҳкум кунанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG