Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни вируси нав дар Чин ба 17 тан расид


Мардум дар яке аз терминалҳои мусофирбарии Чин аз хавфи гирифтор шудан ба ин вирус, аз маска ё ниқоб истифода мекунанд. 21-уми январи соли 2020.
Мардум дар яке аз терминалҳои мусофирбарии Чин аз хавфи гирифтор шудан ба ин вирус, аз маска ё ниқоб истифода мекунанд. 21-уми январи соли 2020.

Шумораи қурбониёни вирусе, ки ахиран дар Чин кашф шуд, рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми январ ба 17 нафар афзоиш ёфт ва теъдоди гирифторон ба ин вирус беш аз 540 нафар эълом шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар пайи ваҳшат аз густариши ин вируси мармуз ва ношинохта, терминалҳои мусофирбарии байнишаҳрӣ дар шаҳри Вуҳан -- маркази аслии пайдоиши вируси нав, таътил шуда ва аз мардум хоста шудааст, ки аз сафар худдорӣ кунанд ва дар шаҳр бимонанд. Ин шаҳр 11 миллион аҳолӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки манбаи паҳн шудани вируси ношинохта аз тариқи бозори ғайриқонунии гӯшти ҳайвонот дар шаҳри Вуҳан аст. Дар бораи паҳн шудани ин беморӣ дар Амрико ҳам гузоришҳо шудааст.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ҳукумати Чин бар хилофи пинҳонкориҳо дар вақти паҳн шудани вируси "SARS" дар байни солҳои 2002 то 2003, ин бор даст ба иттилоърасонӣ зада, ба таври давомдор дар хусуси чораҳои анҷомшуда дар ин замина мардумро огоҳ мекунад. Бар асари вируси "SARS", ки аз Чин оғоз шуда буд, ҳадди ақал 800 нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Соли нав дар Чин ин ҳафта оғоз мешавад ва эътимол меравад даҳҳо миллион нафар дар ин аём сафар кунанд ва ин худ нигарониҳо дар ин заминаро бештар кардааст.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳам эълом кардааст, ки рӯзи панҷшанбеи 23-юми январ нишасте барои баррасии вазъияти паҳн шудани ин вируси нав, ки дар Чин пайдо шуд, баргузор хоҳад кард. Қарор аст дар ин нишаст тасмим гирифта шавад, ки оё паҳн шудани ин вируси нав таҳдиди ҷаҳонӣ аст ё на.

Дар сурате, ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ паҳн шудани ин вирусро таҳдиди ҷаҳонӣ бидонад, вазъияти изтирорӣ эълон хоҳад кард. То ба ҳол кишварҳои мухталиф барои пешгирӣ, чораҳои эҳтиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Аз ҷумла, Амрико ва Австралия эълом кардаанд мусофироне, ки аз Вуҳан вориди ин кишварҳо мешаванд, ҳангоми вуруд зери муоинаи тиббӣ қарор мегиранд. Дар фурудгоҳҳои шуморе аз шаҳрҳои калони Амрико муоинаи фаврии мусофирон ҷараён дорад. Русия ҳам чораҳоеро дар марзҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо дар ин замина рӯи даст гирифтааст.

Мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар чанд рӯзи ахир сару садоҳо роҷеъ ба вируси чинӣ зиёд шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ тамоми чораҳоро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли он рӯйи даст гирифтааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки дар пайи ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустӣ бо Фурудгоҳи байналмилалӣ ва хатсайрҳои заминиву ниҳодҳои дигар тамос гирифта, ин масъаларо дар миён гузоштааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамчунин бо ирсоли як номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хостааст, то дар сафари сайёҳон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG