Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Шаҳбол, нотавонӣ дар маҳви бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи марги Шаҳбол Мирзоев суҳбат мекунем. Ҷавони таҳсилкардае, ки 22-сола буд ва ихтиёрӣ ба артиш рафт, аммо баъди 7 моҳ, дар натиҷаи худнамоӣ ва зӯриву бадрафториву зулми як ҳамхидматаш, маҷруҳ шуду дигар аз ҷояш бархоста натавонист.

Усмоналӣ Ғайратов, ки мехост, бо усули таҳқиромези "ҳоп", дар назди ҳамхидматон худро нишон бидиҳад, ба камару ҳароммағзи Шаҳбол Мирзоев осеб расонд ва барои ин кораш ба 7 соли зиндон маҳкум шуд ва шояд ҳоло дар озодист.

Сарнавишти Шаҳбол Мирзоев, ки соли 2014 фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар ҷомеа шармсор кард, онҳоро такон дод, барои аз байн бурдани бадрафторӣ дар артиш чора биандешанд.

Марги Шаҳбол дар рӯзи 1-уми феврали имсол дигарбора ин баҳсҳоро бахусус дар Фейсбук, Инстаграм ва саҳифаи Радиои Озодӣ барангехт. Ҷавони 29-сола бар асари оқибатҳои дарозмуддати беморӣ даргузашт.

Аксар корбарон афсарони артиши Тоҷикистонро танқиду маҳкум кардаанд, ки иҷоза медиҳанд, сарнавишти ҷавононе ба мисли Шаҳбол бо фоҷиа анҷомаду падару модарашонро мотамзада кунад. Зоҳиран марги ҷавон корбаре бо номи "Ватанпарвар"-ро ба хашм овардааст, ки бо як лаҳни тунде бо хитоб ба фармондеҳони артиши Тоҷикистон дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:

"То кай фарзандони мардуми бечораро латукӯб карда, ба марг мерасонед? Ба Шумо муроҷиат мекунам, фармондеҳони Артиши Тоҷикистон. Фарзандони Шуморо агар ҳамингуна озор диҳанд, чӣ кор мекунед? Ин бемории "дедовшина"-и Шӯравиро аз байн бурда натавонед, пас, садқаи рутбаю вазифа шавед. Ҳамин миллати Тоҷикистон ҳаст, ки Шумо вазиру командир ҳастед. Вагарна баъзеи Шуморо навбати пода рафтан намегузоранд."

Фараҳноз Атоева ҳам дар Фейсбук фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро сахт танқид кардааст, ки бо гузашти солҳо натавонистаанд, бадрафторӣ бо сарбозони навомадаро аз байн баранд. Вай мегӯяд, беинсофист, ки модаре фарзандро бо азоб бузург мекунад ва ӯро дар артиш маъюбу карда ба ӯ пас медиҳанд.

Атоева чунин навиштааст: "Агар сарбозон бо якдигар чунин рафтор кунанд, магар кишварро муҳофизат карда метавонанд? То кай бачаҳои бечора рафта, калтак хӯрда, маъюб бармегарданд? Сабаби гурехтани фарзандон аз артиш ҳамин аст. Аҳволи Шаҳбол як намунаи даҳшатовари он аст. Баъди ин кадом падар ё модар бачаашро ба артиш фиристад?"

Барномаро дар инҷо бинед:

Марги Шаҳбол, нотавонӣ дар маҳви бадрафторӣ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

Айни назарро аз Фаридун Ҳикматов, як корбари вебсайти Радиои Озодӣ гирифтем, ки мегӯяд, аламовар ин аст, ки Шаҳболро кадом душмане ва дар ҷанге маъюб накардааст. Ӯ ҳамчунин ҳукуматро ба бепарвоӣ нисбат ба сарнавишти Шаҳболи ҷавонмарг муттаҳам кардааст.

Шарҳи Фаридунро ҳамроҳ мехонем: "Ин хонавода бо сад умед фарзанд бузург карда, барои сарбозӣ фиристоданд, аммо ӯро на сарбози бегона, балки фарзанди ватани худамон зада маъюб кард. Аз ҳама аламовар он аст, ки ҳукумат харҷи нигоҳубини марҳумро дуруст таъмин накард ва як сарбозаш, шаҳрвандаш, бародараш, фарзандаш бо дарду азоби зиёд ба назди Худо рафт."

Корбари дигаре дар вебсайти мо навиштааст, ки маъюб кардани Шаҳбол ва саранҷом марги ӯ ба сабаби бемории тулонӣ, баёнгари беадолатиҳоест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон дида мешавад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро "Мусулмон" муаррифӣ карда, бо хитоб ба Шаҳбол навиштааст:

"Дар умри кӯтоҳи худ чӣ ноҳаққиҳоеро надидӣ. Ту таҷассумгари аҳволи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон будӣ. Ноҳаққиву бадрафторӣ дар артиш, ноҳаққӣ дар додгоҳ, маҳрум будан аз ҳаққи табобати дуруст. Бо системаи фасодзадаи артишу додгоҳу тандурустӣ рӯ ба рӯ истодӣ, ҳамаашро чашидӣ."

Дар ин миён як модаре, ки худро дар Фейсбук Робия Ҳасанова муаррифӣ кардааст, менависад, баъд аз огаҳӣ аз сарнавишти талхи Шаҳбол, ӯро аз азмаш барои фиристодани писараш ба артиш баргардонд. Робия Ҳасанова бо изҳори тасаллият ба падару модари Шаҳбол чунин навиштааст:

"Мехостам, писарамро бо сари баланд ба артиш бифиристам, вале баъди шунидани чунин гапҳо, чӣ гуна дилат мешавад, фарзандро ба хидмати сарбозӣ фиристӣ?"

Воқеан барои муолиҷаи Шаҳбол, падару модараш бисёре аз молу манолашонро фурӯхтанд, мардум ҳам пул ҷамъ кард, ба Русия бурданду оварданд, вале ҳеч доруву ҷарроҳие натиҷа надод. Ӯ, ки дигар қадам заданро аз ёд бурда буд, дар ин 7 сол ба суоли батакрори хабарнигорон, ки мепурсиданд, чӣ орзу дорӣ, чунин як посухи кӯтоҳе медод.

Шаҳбол бо ин орзуяш ҳоло зери хок дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт хуфтааст. Воқеан дар бораи ӯ ҳазорон шарҳу назар гирифтем, ки дар барнома намегунҷад, вале агар Шумо ҳам назаре доред, пас, нависед ё дар видео сабт кунеду бифристед. То дидор дар барномаи дигар.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG