Дар нишасти матбуотӣ рӯзи 3 январ, Трамп ва дигар мақомоти ИМА баъзе тафсилоти амалиёти боздошти Мадуроро ошкор карданд ва афзуданд, ки Иёлоти Муттаҳида Венесуэларо "то гузори бехатар, дуруст ва оқилона", ки анҷом медиҳад, "идора" хоҳад кард.
"Ин амалиёти фавқулода муваффақ бояд ҳушдоре бошад барои ҳар касе, ки ба истиқлолияти Амрико таҳдид мекунад ё ҳаёти амрикоиҳоро зери хатар мегузорад," - гуфт Трамп, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахустин акси президенти Венесуэларо бо либоси варзишӣ, чашмони баста ва гӯшиҳо нашр кард.
Пештар Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News рӯзи 3 январ гуфт, Мадуро ва ҳамсари ӯ Силия Флорес бо чархболҳо ба Ню-Йорк интиқод дода мешаванд. Додситони кулли ИМА Пэм Бондӣ гуфт, ки Мадуро ва Флорес дар додгоҳи ноҳияи ҷанубии Ню-Йорк айбдор эълон шуда, "ба зудӣ бо хашми пурраи адлияи Амрико дар хоки Амрико, дар додгоҳҳои Амрико, рӯбарӯ хоҳанд шуд".
"Мадуро ба тавтеаи нарко-терроризм, тавтеаи воридоти кокаин, нигоҳдории силоҳ ва дастгоҳҳои харобиовар ва тавтеаи алайҳи Иёлоти Муттаҳида айбдор мешавад," – омадааст дар изҳороти Бондӣ.
Ҷузъиёти ҳамла ва вазъи кунунии Венесуэла тадриҷан расонаӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол ҳамлаҳои ИМА ва боздошти Мадуро аз ҷониби баъзе аз шарикони қавии Венесуэла шадидан маҳкум шудаанд.
Русия, ки бо Венесуэла робитаҳои наздик дорад, гуфт, ки аз хабарҳои маҷбуран бурда шудани Мадуро ва ҳамсараш аз кишвар шадидан нигарон аст ва аз Вашингтон даъват кард, ки онҳоро раҳо кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як изҳорот гуфт: "Бо назардошти хабарҳои тасдиқшуда дар бораи он, ки президенти Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсараш дар Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, мо аз роҳбарияти Амрико даъват мекунем, ки мавқеи худро бознигарӣ кунад ва президенти қонунан интихобшудаи як кишвари соҳибихтиёр ва ҳамсари ӯро раҳо намояд."
Амалиёти низомии ИМА ба пойтахти Венесуэла, Каракас, пас аз чанд моҳи афзоиши фишори иқтисодӣ ва низомии Вашингтон ба ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ, аз ҷумла боздошти танкерҳои нафтии Венесуэла ва кушта шудани даҳҳо нафар дар ҳамла ба қаиқҳо дар наздикии обҳои он, ки гӯё маводи мухаддир интиқол медоданд, сурат гирифт.
Вашингтон инчунин аз замони ба қудрат расидани Мадуро дар соли 2013, қонунмандии мақоми президентии ӯро зери суол бурда, ба интихоботҳои пайдарпайе, ки мухолифин ва дигарон ба гуфтаи онҳо ба фоидаи ӯ сохта шудаанд, ишора кардааст.
"Таҷовузи мусаллаҳона"
Венесуэла муҳимтарин шарики Маскав дар Амрикои Лотинӣ аст ва дар тӯли солҳо аз режими Мадуро пуштибонии дипломатӣ ва низомӣ кардааст, зеро ин ҳукумат бо фишори байналмилалӣ ва дохилӣ дар робита ба интихоботҳои баҳсбарангез ва бӯҳрони беохири иқтисодӣ рӯбарӯ будааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ин ҳамлаҳоро "таҷовузи мусаллаҳона алайҳи Венесуэла" аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида номид ва гуфт, ки ҳама гуна "баҳонаҳо"-е, ки барои сафед кардани чунин амалҳо истифода мешаванд, "ғайри қобили қабул" мебошанд.
Вазорат афзуд, ки Амрикои Лотинӣ бояд "минтақаи сулҳ боқӣ бимонад". Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки бо ноиб-президенти Венесуэла Делси Родригес суҳбати телефонӣ дошт ва "бо мардуми Венесуэла дар муқобили таҷовузи мусаллаҳона ҳамбастагии қавӣ изҳор кардааст" ва гуфтааст, ки Маскав "пуштибонии ҳукуматро идома хоҳад дод", гуфта мешавад дар хулосаи сӯҳбат дар тафсири тарафи Русия.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Эрон Press TV, Эрон, як ҳампаймони дигари калидии Венесуэла, ҳамлаи низомии ИМА-ро маҳкум кард.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки ин ҳамла соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Венесуэла ва инчунин оинномаи СММ-ро поймол мекунад.
"Таҷовузи низомии ИМА алайҳи як давлати мустақил, ки узви Созмони Милали Муттаҳид аст, нақси дағалонаи сулҳ ва амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки оқибатҳои он ба тамоми низоми байналмилалӣ таъсир мерасонанд," гуфта мешавад дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Вокуниши Куба, Бразилия ва Аврупо
Куба, яке аз муттаҳидони содиқи Мадуро, ҳамларо "ҷинояткоронаи" номид ва маҳкум кард ва хостори вокуниши фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.
Президенти Бразилия, Луис Инасио Лула да Силва, гуфт, ки Вашингтон бо ин ҳамла "хатти ғайриқобили қабул"-ро убур кардааст ва Вазорати корҳои хориҷии Мексика низ ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва гуфт, ки ин иқдом "суботи минтақавиро ба таври ҷиддӣ зери хатар мегузорад".
Бисёре аз ҳукуматҳо дар саросари Аврупо, аз ҷумла ҳукуматҳои Лаҳистон, Бритониё, Белгия ва Италия, гуфтанд, ки онҳо вазъиятро бодиққат пайгирӣ мекунанд ва дар пайи таъмини амнияти шаҳрвандони худ дар минтақаанд.
Дигарон, ба монанди Украина ва Косово, гуфтанд, ки дар ин қазия устуворона аз Вашингтон пуштибонӣ мекунанд.
Кая Каллас, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар изҳороте гуфт, ки ҳокимияти Мадуро "қонунмандӣ надошт" ва ИА хостори «гузори осоишта» буд. «Дар ҳама гуна шароит аслҳои қонуни байнулмилал ва Санади Созмони Милал бояд эҳтиром шаванд. Вай ба "худдорӣ" даъват намуд.
Чин, ки бо Венесуэла робитаҳои қавии иқтисодӣ ва стратегиро таҳким медод, дар вокуниш ба ҳамлаи ИМА шитоб накард. То ҳол изҳороти расмие пахш нашудааст, аммо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки "Чин аз истифодаи ошкорои зӯроварии ИМА нисбат ба як давлати соҳибихтиёр ва амалкарди зидди президенти он сахт ба ҳайрат афтода, онро қотеъона маҳкум мекунад."
Пекин ҳамроҳ бо Маскав моҳи гузашта аз Венесуэла пуштибонӣ кард, зеро бо муҳосираи киштиҳои нафтии таҳримшуда аз тарафи ИМА рӯбарӯ шуд. Чин харидори асосии бахши аъзами нафти Венесуэла мебошад.
Як рӯзе пеш аз ҳамлаи Амрико Мадуро бо намояндаи махсуси Чин дар умури Амрикои Лотин, Сю Сяокӣ, дар Каракас ҳамкориҳои дуҷониба ва сармоягузориҳои нави Чин дар ин кишварро баррасӣ карданд.
Акнун чӣ мешавад?
Дурнамои вазъият дар Венесуэла рӯшан нест. Ҳарчанд Мадуро дастгир шудааст, ҳукумати ӯ ҳанӯз дар сари қудрат аст. Вазири дифоъи Венесуэла Владимир Падрино ваъда додааст, ки ба таҷовузи ИМА муқовимат мекунад ва дар кишвар вазъияти фавқулода эълон шудааст.
Бино бар сарқонуни кишвар, ноиб-президент Родригес ҳоло масъули мудирияти мамлакат аст.
Раҳбари мухолифон Мария Корина Мачадо худро ҳамчун ҷойгузини эҳтимолӣ муаррифӣ кардааст, ки аз ҷониби Ғарб дастгирӣ мешавад, аммо қисми зиёди мухолифони сиёсии Мадуро аз дахолати ИМА пуштибонӣ намекунанд.
Дар мусоҳиба бо Fox News, Трамп гуфт, ки ҳоло Вашингтон аст, ки пас аз дастгир шудани Мадуро ояндаи Венесуэларо муайян мекунад.
"Мо наметавонем имконият диҳем, ки каси дигар онро идора кунад ва танҳо он чизеро, ки [Мадуро] аз даст дод, ба даст гирад. Биноан мо ҳоло ин қарорро қабул мекунем", - гуфт Трамп. "Мо дар ин ҳама дасти комил хоҳем дошт."
Вай инчунин гуфт, ки кишвараш дар саноати нафти Венесуэла "хеле фаъолона" иштирок хоҳад кард ва афзуд: "Мо беҳтарин ширкатҳои нафтии ҷаҳон, бузургтарин, ва беҳтаринҳоро дорем ва мо дар он хеле фаъолона иштирок хоҳем кард."
Вокунишҳо дар худи Амрико
Ҳамлаҳо бо фармони Трамп аз ҷониби баъзе аъзои Конгресси ИМА интиқод шудаанд. Дар ин ҷо масъалаи амалиёти низомӣ алайҳи Венесуэла дар моҳҳои охир мавзӯи доғ ва баҳсбарангез буд.
Чанде пас аз оғози ҳамлаҳо, сенатори демократ Рубен Галлего аз Аризона дар X навишт: "Ин ҷанг ғайриқонунӣ аст."
Дар ҳоле ки бисёре аз қонунгузорони ҷумҳурихоҳ амалҳои маъмурияти Трампро дар Венесуэла ситоиш кардаанд, дигар қонунгузорони демократ интиқодҳоро такрор ва ба он ишора карданд, ки маъмурият тибқи Қонуни ваколатҳои ҷангӣ Конгрессро пешакӣ огоҳ накард.
Ин қонуни ИМА ҳаққи президентро барои фиристодани нерӯҳо ба низоъ бидуни тасдиқи Конгресс маҳдуд кардааст.
Маъмурияти Трамп дар гузашта изҳор доштааст, ки моддаи II Конститутсияи ИМА, ки президентро фармондеҳи кулли артиши ИМА меномад, ба президент имкон медиҳад, ки кишварро аз онҳое дифоъ кунад, ки ба ҳаёти амрикоиҳо ки таҳдиди ногузир ба миён меоранд.
Гуфтугӯ