Доналд Трамп рӯзи 30 октябр сабаби чунин тасмимро "барномаҳои озмоишии дигар кишварҳо" донист ва анҷоми ин озмоишҳоро "зарурӣ" гуфт, то Амрико аз рақибони ҳастаиаш ақиб намонад.
Фармон Ҳақ, муовини сухангӯи Антонио Гуттериш, Дабири кулли СММ дар вокуниш гуфт, "Дабири кулл борҳо таъкид кардааст, ки хатарҳои ҳастаии феълӣ ба тарзи нигаронкунандае боло ҳастанд ва бояд аз ҳама иқдомҳое, ки метавонанд боиси афзоиши таниш бо паёмадҳои фоҷеабор шавад, худдорь кард". Ӯ афзуд, "Озмоиши ҳастаӣ ҳаргиз ва таҳти ҳеч шароите ҷоиз нест".
Йохан Вадефул, вазири корҳои хориҷи Олмон низ рӯзи 30 октябр аз Амрико ва Русия хост, аз анҷоми озмоишҳои нави силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунанд.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар ҷараёни сафараш ба Дишишқ, пойтахти Сурия гуфт, бисёр муҳим аст, ки ҳар панҷ кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ ба паймони манъи озмоишҳо пойбанд бимонанд.
Вазири корҳои хориҷии Олмон таъкид кард, "манъи озмоишҳо бояд идома ёбад, аз ҷумла аз сӯи Кореяи шимолӣ, танҳо кишваре, ки дар қарни бистуякум озмоишҳои ҳастаӣ анҷом додааст".
Йохан Вадефул гуфт, ки Берлин ҳанӯз дар талош аст то бифаҳмад манзури раисҷумҳури Амрико дақиқан чист.
Раиси Созмони паймони ҷомеи манъи озмоишҳои ҳастаӣ ҳам рӯзи 30 октябр гуфт, ки ҳар гуна озмоиши силоҳи ҳастаӣ, барои талошҳои ҷаҳонии сулҳ ва амният зараровар хоҳад буд.
Доналд Трамп рӯзи 30 октябр дар шабакаи иҷтимоии худ Social Truth бо ҳушдор нисбат ба ин, ки Русия ва Чин тайи чанд соли оянда ба сатҳи Амрико дар ин замина хоҳанд расид, нигарониҳо аз ворид шудани ҷаҳон ба марҳилаи хатарноктар дар ҳавзаи силоҳҳои ҳастаиро рад кард.
Навъи озмоишҳо ва силоҳҳое, ки қарор аст озмоиш шаванд, ҳанӯз маълум нест.
Бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, дар панҷ даҳа байни 1945 то Паймони ҷомеи манъи озмоиши ҳастаӣ дар соли 1996, беш аз ду ҳазор озмоиши ҳастаӣ анҷом шуд -- 1032 бор аз сӯи Амрико ва 715 бор аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ. Бритониё 45 озмоиш, Фаронса 210 ва Чин низ 45 озмоиш анҷом доданд.
Аз замони имзои ин паймон ҳам 10 озмоиши ҳастаӣ анҷом шудааст. Бар асоси омори СММ, Ҳинд ду озмоиш дар соли 1997, Покистон ду озмоиш дар соли 1998 ва Кореяи Шимолӣ озмоишҳоеро дар солҳои 2006, 2009, 2013, 2016 (ду бор) ва 2017, анҷом доданд.
Охирин озмоиши Иёлоти Муттаҳида дар соли 1992, Чин ва Фаронса дар соли 1996 ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1990 буд.
 
 
 
 
 
Гуфтугӯ