Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромии омехта бо тарс баъд аз поёни ҳукумати Толибон дар Вардуҷ, ҳаммарз бо Тоҷикистон


Қиёмуддин Фойиқ

Сокинони Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, мегӯянд, бо вуҷуди он ки моҳи гузашта нерӯҳои давлатӣ дар як ҷанги шадид ба ҳукумати Толибон дар ин ноҳия поён доданд, ҳанӯз тарс аз эҳтимоли бозгашти ҷангҷӯён боқист.

Зиндагӣ дар Вардуҷ батадриҷ ба ҳолати одӣ бармегардад. Афроде, ки дар натиҷаи ҳокимияти чаҳорсолаи Толибон ва задухӯрд бо онҳо беҷо шуда буданд, дубора ба ин ноҳия мераванд. Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст.

Қиёмуддин Фойиқ, сокини 53-солаи Вардуҷ, аз ҷумлаи онҳоест, ки пас аз ишғоли ин ноҳия аз тарафи шӯришиён дар моҳи октябри соли 2015 тақрибан чаҳор сол ҳукумати Толибонро таҳаммул кардааст. Вай дар як кулбаи вайрона ҳамроҳи ҳамсару се духтар ва чаҳор писараш зиндагӣ мекунад. Фойиқ дар суҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, "хонаҳои мо дар зери бомбаборони нерӯҳои давлатӣ ва Толибон нобуд шуд".

Ӯ афзуд, дар ҳоле ки вазъи амниятӣ дар ноҳия беҳтар шудааст, тарси бозгашти Толибон онҳоро раҳо ҳеч намекунад. "Агар ҳукумат таваҷҷуҳ накунад, Толибон бармегарданд", -- гуфт ӯ ва афзуд, "агар мактабҳои мо баста шаванд, бачаҳои мо бесавод мемонанд ва бори дӯши ҷомеа мешаванд."

Ин сокини Вардуҷ шуғле надорад: "Мо чанд кӯрпача дорем ва чанд болопӯши тунук, ки наметавонад моро аз сармои зимистон пурра муҳофизат кунад." Қиёмуддин Фойиқ аз он нигарон аст, ки аз замони бозгашти онҳо ба хонаҳояшон дар моҳи сентябри имсол ҳукумат ҳеч кумак накардааст: "Ҳокими пешин ба мо як халта орду биринҷ, каме равған ва чой дода буд, аммо аз он замон то кунун ёрии дигаре нагирифтем."

Муҳаммад Тоҳир, кишоварзи солманд, аз ҷумлаи онҳеост, ки дар даврони ҳокимияти Толибон дар Вардуҷ мондааст. Вай ба ёд меорад, ки шӯришиён онҳоро барои додани обу ғизо ба ҷангҷӯён маҷбур мекарданд. Муҳаммад Тоҳир аз он ки дар ноҳия оромист, хушҳол аст, аммо нигаронӣ дорад, ки агар Толибон баргарданд, ҳамаро барои ҳамкорӣ бо ҳукумат "сар мебуранд".

Муҳаммад Тоҳир
Муҳаммад Тоҳир

"Зиндагӣ хуб нест. Мо аз ҳукумат ёрӣ хостем. Дар чаҳор соли гузашта фақир шудем ва ягон кумак нагирифтем", -- гуфт ӯ. Ин сокини Вардуҷ аз ҳукумати Афғонистон хост, ҳарчи зуд барои таъмини зиндагии онҳо ва беҳтар шудани шароит дар ноҳия даст ба кор шавад.

Толибон бо гирифтани Вардуҷ кӯшиш кардаанд, ки як давлати хурди худро созмон диҳанд. Муҳаммаддавлат Ховар, ҳокими пешини ноҳия, соли 2018 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "якум, ҳамаи телевизорро ҷамъ карда гирифтанд ва дувум занонро аз танҳо рафтан ба бозор боздоштанд."

Давлат Муҳаммад, сокини 57-солаи Чакран, маркази Вардуҷ, мегӯяд, дар замони ҳокимияти Толибон ноҳия аз ҳамагуна барномаҳои бозсозӣ маҳрум шуд. "Дар замони ҳокимияти Толибон мо 30 сол ба ақиб рафтем", -- изофа кард ӯ.

Ноҳияи Вардуҷ
Ноҳияи Вардуҷ

Давлат Муҳаммад мегӯяд, мактабҳо вайрон шудаанд ва донишомӯзон маҷбур ҳастанд, дар зери сояи дарахтон дарс хонанд. Шифохонаҳо дар Вардуҷ дору надоранд. Дар ин ноҳияи Афғонистон 15 мактаб мавҷуд аст, аз ҷумла ду мактаби миёна барои писарон ва се мактаби миёна барои духтарон. Аммо дар замони ҳукумати Толибон рафтани духтарон ба мактаб манъ буд. Онҳо ҳамчунин рафтани занон ба ягона коллеҷи омӯзгориро қатъ карда буданд.

Муҳаммад Имрон Паём, ҳокими Вардуҷ мегӯяд, ноҳия зери назорати Кобул аст. Вай афзуд, Толибон биноҳои давлатиро вайрон карда, аз худ мушкилоти зиёде гузоштаанд. "Ноҳияи мо чаҳор сол шоҳиди фақру бехонумонӣ ва оворагӣ буд. Ҳанӯз бисёре аз мушкилот ҷой дорад. Мо феълан дар ҳоли сохтмони бинои ҳукумати маҳаллӣ ҳастем. Ҳамаи мушкилотро намешавад якбора ҳал кард", -- афзуд ӯ.

Паём мехоҳад, нирӯҳои амниятии Афғонистон ба чолишҳои пеши рӯ омода бошанд. Вай мегӯяд, Толибон бо садҳо ҷангҷӯи хориҷӣ, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар баъзе аз деҳаҳо пинҳон шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG