Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши камсобиқаи нархи орд дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Нархи орд -- яке аз маводҳои асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон беш аз 20 дарсад арзон шуд. Ҳоло як халта орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои шаҳри Душанбе 130-135 сомонӣ нарх дорад. Чанде пеш як халта орди 50-килограмӣ 160-165 сомонӣ нарх дошт.

Қиммати орд дар вилояти Суғд, ки аксар корхонаҳои истеҳсоли орд дар он ҷо фаъолият мекунанд боз арзонтар аст. Дар бозорҳои ин вилоят як халта орд 127 сомонӣ арзиш дорад.

Тоҷикистон эҳтиёҷоти худро бо гандум ва орд қонеъ карда наметавонад ва онро бештар аз Қазоқистон ворид мекунад.

То 30 сомонӣ арзон шудани нархи орд дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Солҳои қаблӣ раванди паёпай гарон шудани нархи орд ба мушоҳида мерасид. Мақомот мегӯянд, поинравии бесобиқаи нархи орд бинобар арзон шудани боҷи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан дар Узбекистон барои Тоҷикистон сурат мегирад.

Узбакистон таруфаҳоро азон кард, орд фаровон шуд

Акрамхон Пӯлодзода, як масъули Хадамоти зиддинҳисорӣ дар вилояти Суғд рӯзи 5-уми март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз як сӯ кам шудани хароҷоти боркашонӣ аз тариқи кишвари ҳамсоя ва аз сӯи дигар рақобати шадид дар миёни истеҳсолкунандагони орд, боиси поин рафтани нарх ин маҳсулот шуд.

Акрамхон Пӯлодзода
Акрамхон Пӯлодзода

“Ширкатҳо воридоти гандумро аз Қазоқистон хеле зиёд карданд. Ширкатҳо барои бештар фурӯхтани молашон яке пайи дигар нархиро кам карданд, дар натиҷа нарх арзон шуд. Дар ин бозор як рақобати солим ба вуҷуд омадааст”,- гуфт Пӯлодзода

Омили дигар ба гуфтаи Пӯлодзода, поин рафтани арзиши гандум буд. Ба гуфтаи ӯ, арзиши гумрукии як тонна гандум аз 213 доллари ҳамин давраи соли гузашта то ба 178 доллар поён омад.

"Омилҳои арзоншавӣ ҳам бештар шудани воридоти гандум аст. Воридоти гандум ҳам нисбати соли гузашта 57 ҳазор тонна бештар шуд. Дар моҳи январи соли 2018 99 ҳазору 745 тонна гандум ворид шудааст. Бар илова аз маълумотҳои гумрукӣ бармеояд, ки арзиши гумрукии гандум ҳам арзон шудааст. Аз ҳамин сабаб нархи орд ҳам арзон шудааст", гуфт ин мақомдор.

Орд арзон шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Ҳар сокини болиғ дар Тоҷикистон солона 150 кило нон мехурад

Нон ва маҳсулоти дигари ордӣ аз маводи пуристеъмоли аҳолии Тоҷикистон аст. Мувофиқи ҳисобҳои Оҷонсии омор, як сокини миёнсоли дорои қобилияти корӣ дар Тоҷикистон дар як сол 150 кило нон истеъмол мекунад.

Гулнора Холоваро, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, харҷи орд дар як моҳ бахши асосиии буҷаи оилаи бузурги ӯро фурӯ мебурд. “Орд мехаридем пештар, барои равғану шакар пул намемонд. Ҳозир шукр арзон шудааст, орд ҳам харем, боз метавонем шакару равғану пиёзу картошка харидорӣ кунем”,- мегӯяд Холова.

Нон дар Тоҷикистон фаровон мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Тоҷикистон эҳтиёҷоти худро бо гандум ва орд қонеъ карда наметавонад ва бештар аз Қазоқистон гандум ворид мекунад. Солҳои воридоти орд бештар буд. Аммо бо рушди истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар дохили кишвар, акнун аз ин кишвари ҳамсоя асосан гандум ворид мешавад.

Ҳоло мизони андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти гандум ба кишвар то ба 10 дарсад поин оварда шудааст. Бинобар ин бахши аъзами гандум аз Қазоқистон ворид мешавад. Дар соли гузаштаи 2017 ширкатҳо аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 1 миллиону 14 ҳазор тонна гандум ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG