Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва Тоҷикистон дар ҷустӯҷуи "ҳазорон" бенишоншуда. ВИДЕО


Нишасти матбуотии Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар Душанбе. 5 июли соли 2019
Нишасти матбуотии Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар Душанбе. 5 июли соли 2019

Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад.

Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи башар таъсис шуда, нахустин бор аз Тоҷикистон дидан кардааст. Ин гурӯҳро, ки сафараш ба Тоҷикистон аз 30 июн то 5 июл идома кард, гузоришгари вижа оид ба ҳодисаҳои нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва ғайриихтиёрӣ Бернард Дуҳаим раҳбарӣ мекунад ва қарор аст хулосаҳои боздид аз Тоҷикистон дар гузориши ниҳоӣ ба унвонии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Женева сентябри соли 2020 пешкаш шавад. Дар ин сафар гурӯҳи корӣ бо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, хешовандони нопадидшудаҳо, ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот ва гуфтугӯ карданд.

Матраҳ шудани мавзӯи нопадидшудаҳо дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ тасдиқ накардаанд, ки таҷрибаи нопадидшавиҳои маҷбурӣ ва ғайриихтиёрӣ вуҷуд дорад. Дар чандин ҳодисаи баъди дар Тоҷикистон пайдо шудани афроди нопадидшуда дар кишварҳои дигар, масалан Русия, ҳам мақомот ва ҳам худи боздоштшудаҳо аз пушти панҷара гуфтаанд, ки гӯё “бо ихтиёри худ баргаштаанд”. Ҳукумати Тоҷикистон низ бозгашти онҳоро ихтиёрӣ унвон кардааст.

Дар изҳороти Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои имкони фароҳамшуда дар анҷоми тақрибан ҳамаи мулоқотҳои дархостшуда изҳори сипос шудааст. Дар матн гуфта мешавад, ки “даъват барои боздид аз кишвар, боз будани ҳукумат барои баррасии як қатор масъалаҳо, ҳамчунин тадбирҳои қонунгузорӣ... қадамҳои ташвиқкунанда мебошанд”, омадааст дар изҳорот.

“8 парвандаро баррасӣ кардем”

Бернард Дуҳаим, роҳбари Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ аст, ки ният дорад гузориши вижаи худро аз сафар ва бозёфтҳо дар Тоҷикистон баъдан дар назди Кумитаи ҳуқуқи башари СММ пешкаш кунад. Ӯ рӯзи 5-уми июл дар поёни сафараш ба хабарнигорон гуфт, бо намояндагони дастгоҳи президент, Вазорати адлия, хешовандони гумшудаҳо ва ҷомеаи шаҳрандӣ мулоқот карданд. Ӯ гуфт, дар ин сафар натавонистанд бо мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дидор кунанд.

Дар нишасти матуботӣ, ки дар дохили бинои СММ ҷараён гирифт, ҳеҷ нафаре аз мақомоти тоҷик ҳузур надоштанд. Талоши хабарнигори Радиои Озодӣ барои шунидани мавқеи мақомот ба хулосаҳои гурӯҳи кории СММ рӯзи 5 июл натиҷа надод. Дафтари матбуоти идораи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки назари онҳо дар заминаи изҳороти гузоришгари СММ ҳафтаи оянда нашр мешавад.

Гузоришгари вижаи СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ ба хабарнигорон гуфт, ки гуруҳи кории зери роҳбарии ӯ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон 8 парвандаи ашхоси нопадидшударо баррасӣ кард, ки яке аз онҳо ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст. Вале аз шарҳи ҷузъиёти ин парванда ва ҳам шахсияти афроде, ки дар бораашон ба унвони нопадидшудаҳо сӯҳбат мешавад, худдорӣ кард.

Бернард Дуҳаим дар изҳороти худ танҳо ишора кард, ки дар миёни нопадидшудаҳо “чанд мухолифи ҳукумати Тоҷикистон” мебошанд. Ӯ гуфт:

“Мутобиқи маълумоти бадастомада ва мулоқот бо як қатор ҷонибҳои манфиатдор, инҷо якчанд парвандаҳое вуҷуд дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан мухолифони сиёсӣ, ки дар хориҷа қарор доранд ва ба таври зурӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар баъзе ҳолатҳо ин шахсон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пас аз як давраи кутоҳи нопадидшавӣ зоҳир шуданд. Ҳанӯз боз мавридҳое аст, ки ҷойи будубоши онҳо номаълум боқӣ мемонад”, - гуфт роҳбари гуруҳии кории СММ.

Гурӯҳи кории СММ гуфт, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ "ҳазорҳо" шаҳрвандони Тоҷикистон нопадид шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Ошӯби зиндони Ваҳдат бояд ҳамаҷониба таҳқиқ шавад

Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ мегӯяд, ки бо як боздиди мухтасар аз зиндони Ваҳдат ҳам дидан кард, ки моҳи маи соли ҷорӣ дар он ошӯб шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар “бетартибиҳои шаби 18 май дар зиндони Ваҳдат” маҳкумшудаҳо бо парвандаҳои узвият дар созмонҳои мамнӯи ифротӣ ба зиндонбонҳо дарафтода, се зиндонбон ва се зиндонии дигарро куштанд. Дар пай нирӯҳои интизомӣ тавонистанд ошӯбро пахш кунанд ва дар ин ҳодиса 27 нафар зиндонӣ кушта шуд.

Бернард Дуҳаим дар робита ба ошӯби зиндони Ваҳдат гуфт, дар бораи ин ҳодиса маълумотҳои зиддунақиз вуҷуд дорад.

Дар ҳоле, ки ба қавли Дуҳаим аз рӯи маълумоте, ки аз манобеи ғайрирасмӣ ба даст овардаанд, зимни амалиёти пахши ошӯби зиндони Ваҳдат, ба гуфтаи ӯ, “қонунвайронуниҳоии ҷиддӣ, аз ҷумла истифодаи беш аз ҳадди қувва ва нерӯ” сурат гирифтаст. Вале ин мақоми СММ таъкид кард, ки маълумоти истифодаи аз зад зиёд нирӯро расман тасдиқ карда наметавонанд ва бояд дар инҷо як таҳқиқоти бетарафона сурат гирад.

Интиқодҳо аз пахши ошӯб дар зиндони Ваҳдат ва ҳам зиндони Хуҷанд қаблан низ садо додаанд. Аммо мақомот пахши бераҳмонаи ошӯби ду зиндонро рад карда гуфтаанд, аз рӯи зарурат амалиёт сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан дар як изҳорот гуфт, ки “амалиёти ҷавобӣ” барои пахши ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат “тибқи талаботи қонун сурат гирифт.” Дар изҳороти рӯзи 19 майи мақомоти вазорати адлия гуфт шуд, ки "маҳбусон бо гаравгон гирифтани зиндонбонҳо шарт гузоштаанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд". Мақомот гуфтанд: "Маҳбусони ошӯбгар ба даъвати нозирони муассисаи ислоҳӣ оид ба қатъи бетартибӣ итоат накарданд. Онҳо бо корду ашёи тези доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, боз чанд нафари онҳоро захмдор карданд. Аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ чораҳои қатъӣ дида шуд ва ҳангоми ба низом даровардани реҷаи интизоми дохилӣ, дар байни маҳбусони хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст".

Дар хулосаи гурӯҳи СММ омадааст, ки “тафтиши дақиқ, бетараф ва мустақил мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати муайян намудани вазъиятҳое зарур аст, ки дар он зиндониён ба қатл расиданд ва чӣ гуна ҷасадҳо муайян карда шуданд”.

Дар остонаи сафари ин гурӯҳ фаъолони ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмони Human Rights Watch гуфт, ки шурӯъ аз соли 2005, замони дар Маскав нопадид ва дар боздоштгоҳи Тоҷикистон пайдо шудани раҳбари вақти ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз 9 то 15 ҳодисаи нопадидшавиҳои ғайриихтиёрии шаҳрвандонро сабт кардаанд.

Соли 2010 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шеваи истирдоди Искандаровро ғайриқонунӣ эълон карда буд ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бозбинӣ шудани кулли парвандаро тақозо кард. Дар вокуниш ба ин изҳорот соли 2011 Нусратулло Абдуллоев, раиси вақти Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳукм ҳимоят кард ва гуфт, ки он бар пояи қонунгузории миллии Тоҷикистон содир шудааст. Абулллоев он замон гуфт, дар ҳолати пайдо шудани далелҳои нав, парванда аввал дар Додситонии кул бозбинӣ мешавад ва сипас дар шакли нав ба додгоҳ интиқол меёбад. Мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ расман тасдиқ накарданд, ки Искадаров дар тирамоҳи соли 2005 ғайриихтиёрӣ ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Стив Свердлов дар бораи нопадидшавиҳои маҷбурии тоҷикон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Таваҷҷӯҳи кам барои рӯшанӣ андохтан ба рӯйдодҳо

Рӯзи 5 июл дар изҳороти Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ таъкид шуд, ки мавзӯи таҳқиқи онҳо солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997)-ро низ дар бар мегирад. Дар ин солҳо, ба қавли мутахассисони СММ, “ҳазорон нафар тарафҳои гуногун нопадидшуда боқӣ мемонад. Ҳамчунин чанд қабри дастаҷамъии бознашуда вуҷуд дорад”, омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон барои “рӯшанӣ андохтан ба чунин рӯйдои муҳим таваҷҷӯҳи кам зоҳир мешавад” ва ин як “ҳолати бесобиқа” дар таҷрибаи кори гурӯҳи корӣ будааст. “Тоҷикистон бояд барои ба таври боз ва ҳамаҷониба баррасӣ кардани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар гузашта, аз ҷумла нопадидшавиҳои маҷбурӣ шароити масоид фароҳам оварад”, омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ инчунин ба ҳодисаҳои солҳои охир ҳам муроҷиат шудааст. Аз ҷумла, дар матни изҳорот гуфта мешавад, ки “вақтҳои охир маълумот дарёфт мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷӣ маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд” ва “дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо мешаванд”. Дар матни изҳорот таъкид шудааст, ки мақомоти тоҷик чунин иттиҳомотро рад мекунанд.

“Гуфтанд, ки дар пайдо карданаш кӯмак мекунем”

Наздикони баъзе аз ашхоси бенишоншуда дар Тоҷикистон мегӯянд, бо намояндагони Гуруҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ суҳбат кардаанд.

Зебуннисо Торонова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки чаҳор сол аст писараш Муҳаммад Саидовро меҷӯяд, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо намояндагони гуруҳи кории СММ телефонӣ суҳбат кардааст.

Дар бораи бедарак шудани Муҳаммад Саидов ва Қосим Каримов, ду сокини шаҳри Кӯлоб нахуст Радиои Озодӣ гузориш дода буд. Наздикони ин ду сокини шаҳри Кӯлоб мегӯянд, соли 2015 ин ду нафар аз ҷониби маъмурони қудратӣ дар Душанбе боздошт шуданд, вале аз он вақт дигар аз онҳо дараке наёфтанд.

Зебунисо Торонова, модари Муҳаммад Саидов рӯзи 5-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи қазияи писараш ҳар санад ва далелҳои мавҷударо ба масъулини гуруҳи кории СММ доданд. Ба гуфтаи хонум Торонова, аъзои гуруҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои иҷборӣ ба ӯ гуфтаанд, писараш бояд ҷустуҷӯ шавад. ​

XS
SM
MD
LG