Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ягон асбоби зиндагӣ намонд". Зиндагии зарардидагони сел дар хайма ва масҷид

Бо гузашти се ҳафта аз сели харобиовар дар шаҳри Кӯлоб, сокинони офатзада то ҳанӯз дар хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд. Дар ин шаҳр осори сел баъди бист рӯз ҳам ҳанӯз дида мешавад.

Хонаводаи Муноҷот Рустамоваро мувақаттан дар масҷиди маҳаллаи Корвонгузар ҷой кардаанд. Онҳо шабро дар хайма ва ҳавлии масҷид сипарӣ мекунанд. Селоб то миёнаи хонаашон ворид шуда, ҳоло ҳам осораш дида мешавад. Онҳо интизоранд, то масолеҳи сохтмониро гирифта, бозсозиро сар кунанд.

Муноҷот Рустамова мегӯяд, "аз тарафи давлат сарбозон омада, хонаҳоро тоза карданд ва кумаки худро расонданд. Ба хонаи мо ду метр об даромадааст, ягон чизи зиндагӣ дигар намонд, тамоми чизро аз хонаҳои ҳамсоя пайдо кардем. Аз тарафи давлат хӯрока кумак карданд".

Видеоро инҷо бинед:

Сокинони манотиқи офатзадаи Кӯлоб то ҳанӯз дар хаймаҳои муваққатӣ ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Хонаводаи Исматулло Қосимов ҳам оҳиста-оҳиста ба зиндагии одияшон бармегардад. Бо кӯмаки мақомот аз хонаи ин мард ҳашт мошин хоку гил бароварданд. Ҳоло ӯ шабҳоро дар хайма сипарӣ мекунад ва рӯзона ба поккории осори сел машғул мешавад.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "бачаҳои милиса, маориф ва соҳи тиб ба мо бисёр кумак карданд. Аз ҳукумат миннатдорем, ки дар он рӯз моро танҳо нагузоштанд".

Ҳоло ҳамаи осеби сел дар Кӯлоб шумурда нашудааст. Пештар мақомот гуфтанд, ки сели рӯзи 2-юми май ба 850 хона зарар расондааст.

Зарина Наскакова, сокини Кӯлоб аз мақомот дархост дорад, ки барои таъмири хонааш "чӣ имконияте ҳаст кумак кунанд".

Шаби 1-уми май дар Кӯлоб борони сахт борид ва сел омад. Дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомот гуфта буданд, 450 кӯдак ва пиронсолро ба ҷойи бехаф бурдаанд.

Зарбаи сел ба баъзе минтақаҳои шаҳр қариб ҳарсола шудааст. Вале ин бор бо дастури сарвазир Қоҳир Расулзода қарор шуд, ки селроҳаи Девонасой васеъ карда шавад. Мақомот барои бартараф кардани пайомадҳои офат нерӯи бисёр фиристоданд. Бо он нерӯ аксари хонаҳо поккорӣ шуда ва осебдидаҳо дар хаймаҳо ҷобаҷо шуданд.

Мардуми осебдида пештар гуфта буданд, то замоне ки сою рӯдхонаҳо мустаҳкам нашавад, хавфи дигарбора омадани селу вайрон шудани хонаҳои онҳо пойбарҷост.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG