Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон даргузашт. Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.
Улуғбек, писари Бақо Содиқов, рӯзи 25-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пайкари падарашро дар Олмон ба хок месупоранд. "Ӯ саломат буд, ягон шикоят надошт. Шаб даргузашт," – хабар дод ӯ ба Радиои Озодӣ.
Улуғбек мегӯяд, Бақо Содиқов дар Олмон ба нашри зиндагиномааш машғул буд: "Бахши аввали тарҷумаи ҳоли худро ба нашр расонд ва мехост қисми дуюми китобро ба чоп супорад. Ҳарчанд худаш онро надид, рӯзҳои наздик китоб нашр хоҳад шуд."
"Бисёр рӯшану дақиқ медонист, ки чӣ рисолат дорад"
Мунаққиди синамои тоҷик Саноат Азизова, ки бо Бақо Содиқов кор кардааст, мероси ҳунарии коргардонро бебаҳо номид. Ӯ рӯзи 25-уми июн дар паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "Бақо Содиқов эҷодкорест, ки дар ҷавонӣ ба соҳаи синамо қадам ниҳод, вале бисёр рӯшану дақиқ медонист, ки чӣ рисолат дорад ва чӣ гуфтан мехоҳад."
Саноат Азизова афзуд, филмҳои мустанаде, ки Бақо Содиқов дар солҳои 1970-80 ба навор гирифтааст, “тараннуми инсон, инсони эҷодкору заҳматкаш аст ва ӯ инро бо як меҳрубониву эҳсосот анҷом медиҳад. Ин филмҳои “Ҳавои ғайрикорӣ”, “12 километр роҳ” ва “Обшавӣ” мебошанд, ки бидуни иғроқу зиёдаравӣ иродаи қавии инсонро таҷассум мекунанд.”
Дар бораи филмҳои ҳунарии ӯ, Саноат Азизова гуфт, Бақо Содиқов бо тамсил фикрашро баён мекард ва ин чиз дар "Адонис XIV" бараъло дида мешавад. “Вай дар ин филм рӯйпӯшона ва гуё бо шеваи кӯдакона воқеиятро дар бораи хиёнат, садоқат, эътиқод ва эътимод баён мекунад. Ин филм дар бораи вижагиҳои қудрат, нотавонии инсон дар муқобили хушунат баҳс мекунад, – мегӯяд Азизова. – Ҳамаи ин меъёрҳоро ӯ дар филмҳои эҷодиаш ҳам таҷассум кардааст: “Гирдбод”, “Бухорои шариф”, “Ҷазира”. Дар ҳамаи ин филмҳо мавқеи эҷодкор нисбат ба ҷаҳон хеле рӯшан баён шуда, ин филмҳо арзиши ҳунарии эҷодиёти ӯро намоиш медиҳанд”.
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми "Панҷ нафар аз Фарғона" дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи "Тоҷикфилм" аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст.
"Адонис", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд. Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ солҳои охир чанд дафъа бо Бақо Содиқов суҳбат доштанд ва ҳоло порчаҳоро аз як мусоҳибаи соли 2016, ки муҳтавояшон куҳна нашудаанд, пешкаш мекунем:
Радиои Озодӣ: Чӣ шуд, ки аз Тоҷикистон рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман соли 1996 аз Тоҷикистон баромадам, аммо то ҳол эҳсос мекунам, ки Ҳисору Балҷувон, Кӯлобу Чилдухтарон ва Бадахшон, дар маҷмӯъ, ҳар қитъаи Тоҷикистон пеши чашмам аст. Аз ёд медонам, ки аз тарафи Кӯлоб то Ховалинг чӣ қадар роҳ аст, чиро дидан мумкин аст. Бовар мекунед, Тоҷикистон дар дили ман аст. Ман дар Узбекстону Қазоқистон будам, дар Туркманистон будам. Миёни ин ҳама ҳеч фарқ намегузорам. Чӣ хел ҳамаи ин марзҳоро ҷудо карда мешавад? Ман аҳли сиёсат нестам, ман филмбардорам, одами эҷодиям ва фикр мекунам, натанҳо маданияти мо ва дини мо, балки эҳсоси мо як аст. Мо гӯшту нохунем."
Радиои Озодӣ: Вале чаро рафтед?
Бақо Содиқов: "Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба хотири ҳифзи хонаводаам аз Тоҷикистон рафтам. Баъд, гуфта будам, ки то панҷоҳсолагӣ ба ватан хидмат мекунам, яъне то замоне ки нерӯву тавони зиёд ҳаст ва, ба фикрам, ин корро ҳам кардам."
Радиои Озодӣ: Дилатон танг мешавад ба ёди шаҳре, ки шояд ҷавониятон гузаштааст, дӯстоне, ки сари як пиёла чой сӯҳбат мекардед, хиёбонҳое, ки чеҳраҳои шиносро медид?
Бақо Содиқов: "Ватан, дӯстон, сарзамин, баҳр, дарахтон... Тоҷикистон ва дӯстони наздики ман дар дили ман ҳастанд. Бист сол шудааст, ки аз онҳо як метр ва ҳатто як сантиметр дур нашудаам. Онҳо дар дили ман ҳастанд. Ҳамон гунае, ки ҷавону поку самимӣ буданд, ҳамин тавр ҳифз шудаанд. Дар дили ман ҳастанд. Аз он рӯзгор Лоиқ Шералӣ, Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Воҳидов ва даҳҳои дигарро дар ёд дорам. Ман чаҳор шабакаи Тоҷикистонро ҳамарӯза пайгирӣ мекунам. Тамошо мекунам. Ахиран дидам, ки Бозор Собир аз Амрико омадааст ва маҳфил дошт, суолу ҷавоб дошт, хуш шудам. Ман як қадам аз Тоҷикистон дур нашудаам."
Радиои Озодӣ: Пас, аз вазъи филмҳои нави тоҷикӣ ҳам хабар доред. Чӣ мегӯед?
Бақо Содиқов: "Бале, аз филмҳои нави Тоҷикистон хабар дорам. Ман ба ҳеч кас ақл ёд доданӣ нестам. Фақат мегӯям, ки мавзӯи филмҳо маҳдуд аст, тасвир маҳдуд аст. Барои мисол, агар Маҳмудҷон Воҳидов дар вақташ бо офаридаи шоирону адибони дохили Тоҷикистон қаноат мекард ва ба репертуараш ашъори Хайёму нақши Шекспирро ворид наменамуд ва аз осори бузургони дигари классику ҷаҳонӣ баҳра намебардошт, Маҳмудҷон Воҳидови дохилӣ буд. Вале Маҳмудҷон Воҳидов актёри сатҳи байналмилалӣ буд. Барои чӣ маҳдуд бошем, ки хислати маҳаллӣ дорад? Фарҳанги тоҷик инро намебардорад. Баъдан ба далели онки баъзе ҳунармандон дар замони даргириҳои дохилӣ аз кишвар рафтанд, шояд таъсири ин ҳам бошад."