Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як милисаро дар Суғд барои ришвагирӣ ҷарима бастаанд


Додгоҳи вилояти Суғд як милисаро ба гирифтани ришва гунаҳкор дониста, 27 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Назари маъмури пулис ё вакили дифоаш ба ҳукм маълум нест.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Додгоҳи вилояти Суғд навишт, Шерзод Тоҷибоев корманди хадамоти “Муҳофиза”, як ниҳоди зери итоати Вазорати корҳои дохилӣ, аз як сокини Хуҷанд барои қабул ба кор 4 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст.

Додгоҳ Тоҷибоевро бар иловаи 27 ҳазор сомонӣ ҷарима, инчунин, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти интизомӣ маҳрум кардааст. Ҳукм дар охири моҳи май содир шуда, маълум нест, ин корманди пулис ба зидди он шикоят мебарад ё не.

Фасод яке аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал дар аввали соли 2022 гуфт, “аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, порагирӣ, азхудкунии пули давлат, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад.”

XS
SM
MD
LG