Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: «Айб наёбанд, думи сагат каҷ мегӯянд»(ВИДЕО)


Сомонаи бастаи Youtube. Душанбе, 10 июн
Сомонаи бастаи Youtube. Душанбе, 10 июн

3 рӯз боз дар Тоҷикистон сомонаи пуртамошобини Youtube баста боқӣ мемонад. Аммо Хадамоти алоқа мегӯяд, рабте ба баста шудани ин сомона надорад. САҲА дар ҳамин ҳол аз Душанбе хост, ки Youtube -ро боз кунад.

Рӯзи 11 июн низ сомонаи Youtube дар Тоҷикистон ҳамчунон баста буд. Корбарон мегӯянд, 3 рӯз боз наметавонанд аз тариқи ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, аз ҷумла аз тариқи “Вавилон”, “Сатурн”, Tcell, “Мегафон” ва “Билайн” вориди Youtube шаванд.

Ширкатҳои провайдерӣ аз шарҳи сабабҳои баста шудани Youtube худдорӣ мекунанд. Бархе манобеъ дар ин ширкатҳо чун дар мавридҳои қаблии баста шудани Youtube ишора ба сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон мекунанд.

Аммо мақомоти Хадамоти алоқа, ки назорати бозори телефону Интернети Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мегӯянд, баста шудани сомонаи Youtube дар Тоҷикистон рабте ба онҳо надорад ва ин идора ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳам дастуре дар ин бора надодааст.

Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Хадамот ба масдуд шудани Youtube ҳеҷ иртибот надорад. Ӯ афзуд, бояд сараввал сабаби аслии боз нашудани ин сомонаро мушаххас кард, ки иллати фаннист ё ягон сабаби дигар. Чунки, мегӯяд Рафиқҷон Шокиров, “дар баъзе провайдерҳо Youtube бидуни мушкил боз мешавад.”

Дар посух ба ин суол ки ар гузашта маъмулан Хадамоти алоқа пинҳонӣ амри бастани сомонаҳо, аз ҷумла Youtube-ро медод, муовини раиси ин Хадамот гуфт, “ин даъво ягон асос надорад. Вақте ҳеҷ айб наёфтанд, мегӯянд, думи сагат каҷ аст.”

САҲА: Тоҷикистон бояд Youtube-ро боз кунад

САҲА аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, то дастрасӣ ба сомонаи пуртамошобини Youtube-ро, ки аз 9 июн дастнорас шудааст, барқарор кунад.
Дуня Миятович
Дуня Миятович
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дастрасӣ ба торнамои Youtube-ро барқарор кунанд. Дуня Миятович, масъули умури озодии матбуот дар ин созмон рӯзи 11-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд дастрасии бемамониат ба иттилоот дар Интернету дигар расонаҳоро фароҳам кунад.”

Дуня Миятович, ки дар ҳошияи иҷлосияи 26-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева сӯҳбат мекард, гуфт, "таъмини дастрасии бидуни мамониати кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттилоот дар масъулияти ҳукумат аст. Ҳар навъ маҳдудият бояд бар асоси қонун, мутаносиб ва бар асоси ҳукми додгоҳ бошад."

Рӯзи 9-уми июн бисёре аз провайдерҳои Тоҷикистон дастрасӣ ба вебсайти Youtube-ро маҳдуд карданд ва корбарон наметавонанд видеоҳоро дар ин вебсайт бубинанд. Масъули САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович гуфт, "зарурати ошкору оҷиле барои шаффофияти бештар дар ин масъала вуҷуд дорад, чунки маълумоти расмие дар бораи сабабҳои бастани Youtube нест."

Youtube баста шуд, ин бор сабаб маълум нест

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Youtube дар Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 9 июн ба маҳдудият рӯбарӯ шудааст. Шубҳаи он ки дастрасӣ ба ҳостинг ё шабакаи байнулмилалии «мизбон»-и видеоҳои мардумӣ -- Youtube дар Тоҷикистон аз нав маҳдуд шудааст, ба исбот расид, аммо сабаби он номаълум боқӣ мемонад.

Дар ҳоле ки «бастан»-и Youtube-ро дар соли гузашта ба рӯ задани навори арӯсии писари раимиҷумҳури Тоҷикистон дар ин шабака дар соли 2012 ба амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон бастагӣ медиҳанд, ин бор рӯшан нест, чӣ чизе сабаб шудааст, ки мухлисони шабака аз истифодаи он маҳрум гарданд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет рӯзи 10 июн ба Озодӣ гуфт: «Пештар бо ягон баҳона дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои алоҳида маҳдуд мешуд, аммо ин бор, рости гап, ягон
Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев
баҳона вуҷуд надорад. Дар Ютюб ҳам ягон чизи бадномкунанда нисбати ягон мансабдори тоҷик ё наворе, ки дар ҳақиқат барои кадом ниҳод ё мансабдоре зараровар бошад, паҳн нашудааст. Аммо маълум аст, ки ширкатҳо бидуни супориш ин корро анҷом намедиҳанд.»

Ҷаноби Атоев меафзояд, «супороишӣ» буданим ҳолати ахир номаълум аст, вале намояндагони ширкатҳои мобилӣ гуфтаанд, дастрасӣ ба Youtube сабабҳои фаннӣ дорад. Аз ҷумла Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Бабилон-мобайл” мегӯяд, ҳеҷ ниҳоде ба бастани ин шабака дастур надодааст ва дар айни ҳол касе дар ширкати онҳо намедонад, ки чаро Ютюб аз тариқи Бабилон-мобайл дастнорас аст: «Ҳоло мутахассисони ширкати мо ин масъаларо месанҷанд. Ростӣ, намедонем, ки чаро чунин шудааст, аммо аз ягон ниҳоде чунин супориш нагирифтаанд. Рӯзҳои наздик мо сабаби инро муайян хоҳем кард.»
Маҳдудияти сайти Ютуб дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Ширкати Мегафон –Тоҷикистон, ки то нимирӯзии 10-уми июн муштариёни он ба Ютюб дастрасӣ доштанд, низ мегӯяд, иллати дастнорас шудани ин шабакаро меозмояд. Ба гуфтаи намояндаи ин ширкат -- Шаҳноз Комилзода, мушкил соф техникист ва кормандони ширкат дар пайи ҳалли онанд: «Баъзе аз таҷҳизоти мо мушкил пайдо кардааст ва барои ҳамин Ютюб дастнорас шудааст. Техникҳои мо дар паи ислоҳ ҳастанд ва шояд дар фурсатҳои наздик он дастрас шавад.»

Бо вуҷуди ин, баъзе аз корбарон бар инанд, ки шабакаи Ютюб бо супориши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастнорас шудааст, аммо як масъули ин ниҳод ба радиои «Озодӣ» гуфт, чунин супориш аз ҷониби онҳо ба ширкатҳои мобилӣ дода нашудааст.
Шаҳноз Комилзода, намояндаи ширкати "Мегафон"
Шаҳноз Комилзода, намояндаи ширкати "Мегафон"
Баста шудани Ютюб ба муштариёни таъсири гуногун гузоштааст. Самандар, як истифодабарандаи ин шабака мегӯяд, ҳамарӯза аз Ютюб мусиқӣ ва наворҳои ҷолиб тамошо мекард, аммо акнун ду рӯз боз аз он маҳрум шудааст: «Тамоми сурудҳои навро аз ин ҷо тамошо мекардем. Ҳама гуна навори ҷолиб, филмҳоро аз ин ҷо ёфтан мумкин буд. Аз дирӯз дигар ин номумкин шудааст.»

Баръакси ин ҳамсӯҳбати мо, Абдулло ном ҷавон мегӯяд, бастани Ютюб дигар фоиҷиа ҳам нест, зеро ба қавли ӯ ҳоло шабакаҳои зиёди тоҷикиву русӣ пайдо шудаанд, ки тақрибан ҷои онро гирифтаанд: «Ягон фоҷеа нест. Ҳоло топвидио, одноклассники ва худи фейсбук пур аз видио ҳаст. Ҳар чизе лозим бошад, аз ин ҷоҳо дастрас кардан мумкин аст. Дигар сахт ба Ютюб эҳтиёҷ нест.»

Торнамои Youtube аз ин пеш дар тобистони соли гузашта баста шуда, танҳо пас аз се ҳафта дубора дастрас гашт. Аммо дар моҳҳои июл ва августи соли 2012, дар рӯзҳои амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон дастрасӣ ба ин шабака муддати бештар номумкин гашта буд.
XS
SM
MD
LG