Бонки осиёи рушд дар гузориши тозааш гуфтааст, ки бӯҳрони Украина ва таҳримҳои зидди Русия ба ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард.
Агар шахсе ба дӯст ё шиноси мансабдораш дар тӯю маъракае тӯҳфаи баробар бо 401 сомонӣ тақдим кунад, мумкин аст, ба додани ришва айбдор шавад.
Ширкати миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ бо пахши як изҳорот даъвои мақомоти тоҷик дар мавриди "Тоҷиказот"-ро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, "аз ҳаққи худ дар тамоми додгоҳҳо, бо шумули додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард."
Толибилмони тоҷике, ки дар сар орзуи таҳсил дар кишварҳои Аврупо ва Амрикоро доштанд, аммо барои он сармояи кофӣ надоранд, барои барои хеш кишвари наверо ба истилоҳ «кашф» карданд.
Вақте ба забони англисӣ дар компютер матн менависед, дар зери вожаҳое, ки хато ҳуруфчинӣ мешаванд, хатти мавҷдори сурх зуҳур мекунад, ки хабар медиҳад, калима ғалат аст.
Ширкати «Созидание» Кумитаи андози Тоҷикистонро дар баҳсе сари қарзҳои меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe, ба додгоҳ кашондааст.
Додгоҳи шаҳри Турсунзода як мақомдори корхонаи тавлиди алюминий - «Талко»-ро бо ҷурми «қаллобӣ» 8 сол маҳкум ба зиндон кард.
Эълони ҳукми додгоҳи шаҳри Турсунзода дар мавриди бозори «Саховат»-и Муҳиддин Кабирӣ ба вақти номаълум ба таъхир афтод.
Шӯрои уламои Тоҷикистон пас аз омӯзиши масъалаи фурӯхтани аъзои бадан ва ё додани он ба нафари дигар ва ё ба шахси бемор, ба ин натиҷа расидааст, ки чунин амал аз нигоҳи мазҳаби Ҳанафӣ ҷоиз нест.
Қишри хеле камшумор вале сарватманди аҳолии Тоҷикистон аз гуруҳи камбизоати кишвар беш аз 15, 7 маротиба зиёдтар даромад доштаанд.
Як намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаводиси Украина ба вазъи иқтисодии Русия таъсири манфӣ расонидааст ва ин чиз метавонад ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирин асар гузорад.
Сафорати Русия дар Душанбе ба муроҷиати ҷамъияти русзабонҳои Хатлон оид ба "тартиб" овардани вазъи Украина, вокуниш кард.
Узбакистон - ҳамсоякишвари Тоҷикистон талош дорад, то ки узвият дар Созишномаи минтақаи тиҷорати озоди ИДМ-ро касб кунад.
Додгоҳи иқтисодии Душанбе корхонаи «Тоҷикмармар»-ро, ки ба хонаводаи соҳибкори шинохта ва маҳкумшуда ба зиндон Зайд Саидов тааллуқ дошт, дубора миллӣ сохт.
Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар анҷумане дар Душанбе гуфт, ҷангҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои амнияти кишварҳои узви СПАД хатарзо шудаанд.
Русия ба хотири густариши нуфузи забони русӣ мавзӯи ирсоли 400 омӯзгор ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад ва мехоҳад шумори ҳарчӣ бештари донишҷӯёни тоҷикро ба мактабҳои олиаш ҷалб намояд.
Беш аз ду моҳ боз баста боқӣ мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ин ду кишвари ҳамсояро низ дар як ҳоли муаллақ нигоҳ медорад.
Мақомоти афғон мегӯянд, ки Тоҷикистону Афғонистон ниёз ба равобити ҳарчи хубтар доранд ва бояд дар рушди иқтисоди якдигар нақш дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо зиёиён, шарҳ дод, ки чӣ касеро мешавад зиёӣ хонд.
Даҳҳо тан аз тоҷирон дар шимоли Тоҷикистон аз мақомот тақозо доранд, ки дар раҳоии молу колои онҳо, ки дар терминали Ӯши Қирғизистон банд мондаанд, мусоидат намоянд.
Ёфтҳои бештар