Тоҷикистон дар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ(МБГ)-и-2-и шаҳри Душанбе ба ширкати чиноии TBEA як кони маъданро дар ноҳия Айнӣ додааст.
Дар он лаҳзаҳое, ки раҳбари Бонки миллии Тоҷикистон мегуфт, дар кишвар ҳодисаи нашри сомонии қалбакӣ кашф нашудааст, яке аз хабарнигорон ба ӯ 50-сомонии қалбакиро нишон дод.
Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, корфармоён худро ба хотири кам пардохт кардани андози иҷтимоӣ, маоши воқеии коргарони худро ба маротиб кам нишон медиҳанд.
Ноиби сарвазири Русия Игор Шувалов гуфт, Русия ва Тоҷикистон "тақрибан сари ҳамаи масъалаҳо ба ҳалли муштарак" расиданд, вале бозпардохти қарзи "Сангтӯда-1" ҳалношуда мемонад.
Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, ки манзилҳои сокинони кишвар дар рустоҳо бо «усули бобоӣ» сохта шудаанд ва дар андак зилзила хароб мешаванд.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон барои бори аввал аз як мавриди фурӯхта шудани мансаб дар ниҳодҳои давлатӣ гузориш дод.
Аз Тоҷикистон рафтани бархе созмонҳои имдодиро тарафдорони давлат натиҷаи пешрафт дар мубориза бо фақр, вале мунтақидон ҳосили омори бардурӯғи Душанбе ба созмонҳои байналмилалӣ мешуморанд.
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар соли гузашта наздики 17 миллион сомонӣ, муодили 3,3 миллион долларро «фурӯ бурдаанд.»
Бонки осиёии рушд ба тарҳи CASA-1000 сармоягузорӣ нахоҳад кард, аммо дар сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон нақши ҳамоҳангсозро бар дӯш хоҳад гирифт.
Сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо сармояи Қатар бунёд мешавад, ба таъхир афтодааст. Вале сафири Тоҷикистон овозаҳо дар бораи қатъ шудани сохтмони ин масҷидро рад мекунад.
Аз иваз шудани ченаки баҳои хонандагони мактаб аз панҷ ба садбалла сифати таълим тағйир намеёбад – чунин аст як бардошти асосии коршиносони риштаи маорифи Тоҷикистон.
Қирғизистон ба Тоҷикистон дар пайи таниши ахири марзӣ ду нотаи эътирозӣ фиристода, эълон кард, ки марзро барои муддати номуайян мебандад.
Чин детар аз Амрико ва Русия барномаи иқтисодию тиҷоратии Осиёи Марказиро пешниҳод кард, аммо дар татбиқи он пешсафтар аз ин ду кишвар аст.
Ягона чархаи фаъоли нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз кор бозмондааст ва ба шабакаҳои ширкати «Барқи тоҷик» барқ намедиҳад.
Қатъ шудани фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ» даҳҳо муштариёнашро ба нишони эътироз ба дафтари асосии ин ширкат дар Душанбе кашонид.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пардохти маош ба имомхатибонро баррасӣ мекунад, ки аз сӯи Вазорати молия ва Кумитаи дин таҳия шудааст.
Бунёди Авроосиё зимни барномаи «Баробарӣ дар назди қонун» муайян кардааст, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи онҳо ба замин шикоят мекунанд.
Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар атрофи пойтахт шояд дар даҳаи аввали моҳи январи соли нав бо оғози кори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қисман аз байн равад.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамандешон ва наздикони Зайд Саидовро бо иттиҳоми сарпечӣ аз амри корманди милиса, 120 сомонӣ ҷарима кард.
Роҳбарони корхонаи воҳиди давлатии алюминсозии Тоҷикистон - ТАЛКО - ояндаи ин бузургтарин корхонаи саноатии кишварро ба таъсиси ҷамъияти саҳҳомӣ бастагӣ медиҳанд.
Ёфтҳои бештар