Ширкати «Русал» мегӯяд, моҷаро на бо худи "Талко", балки бо ширкати оффшории CDH Investments Corp аст, ки Додгоҳи ҳакамии Швейтсария онро ба пардохти то 274,3 миллион доллар қарзу ҷаримаҳояш муваззаф кардааст.
Як шаҳрванди Узбакистон дар канори минтақаи ошӯбзадаи Бирюлёво бо зарби корд кушта шудааст.
Як гурӯҳ ҳиссагузорони сохтмони як бинои истиқоматии 14-ошёна дар Душанбе аз он шикоят доранд, ки мақомот ба далели ба онҳо номаълум сохтмони ин биноро қатъ кардаанд.
Гуруҳе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён шикоят доранд, ки ҳукумати маҳаллӣ намегузорад, онҳо пахтаи ҷамъовардаи худро ба нархи дилхоҳ бифурӯшанд.
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки то кунун ба ҷонибдории номзади худ 175 900 имзо ҷамъ овардаанд.
Як пурсиши сарироҳии «Озодӣ» маълум кард, ки аксари хонандагон, донишҷӯён ва ҷавонони тоҷик аз барномаҳои таълимии мактаби миёна дониши хеле андакеро аз бар мекардаанд.
Сокинони навоҳии дурдасти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, ширкати «Помир энержӣ» аз онҳо пули барқро новобаста аз миқдори масрафкардаашон меситонанд.
Вакилони Зайд Саидов алайҳи як гузориш, ки дар телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Тоҷикистон ва ширкати «Газпром-интернешнл» зоҳиран ба тавофуқ расидаанд, ки 30 дарсади захираи гази кони Сариқамишро Тоҷикистон ва 70 дарсадашро ин ширкати русӣ бигиранд.
Садамаи ҳавопаймои МА-60-и сохти Чин эҳтимоли хариди ин навъи ҳавопаймоҳоро аз тарафи ширкати «Тоҷик Эйр» дар оянда зери суол бурдааст.
Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзоҳо барои довталабони ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад
Кумитаи андози Тоҷикистон мизони андоз аз фурӯши ду маводи аслии содиротии кишварро муайян карда ва то андозае онро коҳиш додааст.
Дар раддабандии «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон» Тоҷикистон дар миёни 151 давлати дунё ҷои 128-умро соҳиб шуд ва дар радифи кишварҳои бо «камтарин озодии иқтисодӣ» қарор гирифт.
Таҳлилгарон мегӯянд, гумон аст, ки интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадди сангандозӣ ба ҳотаи якдигар зиёд фаротар рафта, ба сабқати идеяҳо табдил ёбад.
Ин ҳафта аксари аҳзоби сиёсӣ, ба истиснои ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзадҳои худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.
Танҳо як дурбини назорати ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Рӯдакӣ, ки барои санҷиш фаъол карда шудааст дар 8 соат наздик ба 6 ҳазор нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳро сабт кардааст.
Тоҷикистон 22-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил мекунад, бо пешрафти андаку мушкилоти зиёд.
Дар назар аст, ҳафтаи оянда миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномае дар мавриди истифодаи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ ба тасвиб расад.
Як аскари нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди маҷрӯҳ буданаш се моҳ пеш аз тариқи «облава» ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шуд.
Тоҷикистон то ҳол имкони ташхиси ДНК-ро надорад ва ба ин далел гиреҳи даҳҳо баҳсҳои додгоҳӣ то ба охир нокушода боқӣ мемонад.
Ёфтҳои бештар