Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Як модари ғамзада аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост дорад, ки барои муваққатан боздоштани маҷрои оби наҳри Варзоб мусоидат намояд. Духтари ноболиғи зан аввали моҳи ноябр дар ин наҳр ғарқ шуд. Хоҳиши модари дилреш ин аст, ки ҷисми беҷони фарзандашро ба хок супорад, то андаке таскин ёбад.
Мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон як ширкати бинокорро барои поймол кардани ҳуқуқи коргаронаш ҷарима баста, ҳамчунин масъулони онро муваззаф кардаанд, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ қарзи музди маоши коргаронро пардохт намоянд.
Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд.
Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.
Аз рӯйи хабару гузоришҳои мақомоти умури дохилӣ, мавридҳои дуздии пул аз хонаву дохили мошини шаҳрвандон дар Тоҷикистон бештао шудааст. Ин бор хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, ки пулҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд ва барои эмин нигоҳ доштан куҷоро беҳтар меҳисобанд?
6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар Рӯзи Конститутсия дар кӯчаҳои Душанбе барпо шудааст
Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Як намоишгоҳи байнулмилалӣ 26 октябр бо ҳузури беш аз 50 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ дар Душанбе ифтитоҳ шуд. Дар онҷо маҳсулоти кишоварзӣ, бинокорӣ, нӯшоба, либос, ҳунарҳои дастӣ ва заргариро ба намоиш мондаанд. Тоҷирон онро фурсате барои ёфтани ҳамкорони хориҷӣ медонанд. То куҷо комёб хоҳанд шуд?
Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, пайомадҳои болоравии беисти нархи гази моеъро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Ба қавли онҳо, ронандагон роҳкироро ба маротиб боло бурдаанд, на танҳо аз самти Душанбе ба минтақаҳои дигар, балки дар дохили пойтахт низ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъро шарҳ намедиҳад.
Баъди беш аз ду моҳи болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон пайомадҳои он аллакай ба зиндагии сокинон эҳсос мешавад.
Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон тирамоҳу зимистон бо нерӯи барқ пурра таъмин нестанд, масъулон аз рушди “энергияи сабз” дар ҳафт соли оянда гап мезананд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, то замоне дар низоми энержии Тоҷикистон мудирияти дурусту шаффоф “ҳоким” нашавад, мушкил аз байн нахоҳад рафт.
Теъдоди зиёде аз дӯстону шогирдон барои видоъ бо Рафоат Абдусаломова, гӯяндаи аввалини телевизиони Тоҷикистон, дар назди манзили ӯ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Рафоат Абдусаломова рӯзи 24-уми октябр дар 84-солагӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи "Калинин"-и пойтахт дафн карданд.
Теъдоди зиёде аз дӯстону шогирдон барои видоъ бо Рафоат Абдусаломова, гӯяндаи аввалини телевизиони Тоҷикистон, дар назди манзили ӯ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Рафоат Абдусаломова рӯзи 24-уми октябр дар 84-солагӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи "Калинин"-и пойтахт дафн карданд
"Шодӣ Шабдолов ба пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ комилан зид буд. То охир аз фикри худ нагашт." Хабарнигор Аваз Юлдошев ёдвораашро дар бораи Шодӣ Шабдолов, раиси пешини Ҳизби коммунист ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки 20-уми октябрми имсол даргузашт, бо ин ҷумлаҳо сар кард.
Шодӣ Шабдолов, раиси собиқи ҳизби коммунисти Тоҷикистон, пас аз як баҳси дохилиҳизбӣ моҳи июли 2016 аз раёсати ҳизб канор рафт. Ин ба маънои хатми фаъолияти сиёсии коммунисти собиқадор буд. Аз ҳамон сол то дами марг пушти парда монд ва хомӯширо ихтиёр кард. Ӯ 20-уми октябр дар 80-солагӣ даргузашт.
Фернанд де Варен, гузоришгари Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо, ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои беҳбудии вазъи ҳуқуқи камшуморон чораҳои бештар андешад.
Дар рӯзи аввали сабти ном барои ширкат дар озмуни "Green Card" ё корти сабзи Амрико назди бархе марказҳо дар Душанбе навбатпоӣ буд. Даҳҳо нафар бо умеди пайдо кардани ҷойи кори хуб талош мекунанд бо ин роҳ худро ба ИМА расонанд.
Протоколи рақами 44, ки аз тарафи раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 2-юми октябр дар Бодканд ба имзо расид, дар расонаҳо "таърихӣ", "ниҳоӣ" ва "ҳалкунанда" унвон шуд. Дар ҳоле ки бархе ба ҳалли баҳсҳои марзӣ умед бастаанд, шубҳа ва ҳайрати иддае пойбарҷост.
Ёфтҳои бештар