Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мунтазир буд, ки бо қабули қонуни афви амвол, манзили ӯ ва ҳамсояҳошон қонунӣ мешавад ва санад мегиранд. Аммо бо гузашти ду сол аз қабули қонуни афв, сарнавишти манзили Қурбонбӣ Шоҳқулова норӯшан аст.
Нархи орд, маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир зиёда аз 18 дарсад афзудааст.
Нархи гази моеъ як моҳи ахир дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтааст. Агар аввали моҳи август як литр гази моеъ аз 4 сомонӣ камтар буд, пас 1 сентябр нархи он ба 6 сомону 10 дирам расидааст.
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон тай се ҳафтаи ахир пай ҳам боло рафта, арзиши он то ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфт. Баъзе дӯконҳо чанд рӯз аст, гази моеъ надоранд. Мақомот далели чунин тағйиротро дар бозори сӯзишворӣ ба афзоши арзиши он дар кишвари содиркунанда рабт медиҳанд.
Бар асари сӯхтор дар калонтарин бозори масолеҳи бинокорӣ ва сохтмонии шаҳри Ҳисор то 10 мағоза ба коми оташ рафтааст. Бозор соати 4-и субҳи имрӯз, 31-уми август оташ гирифт.
Субҳи имрӯз дар калонтарин бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надошт, вале тоҷирони бозор зиёни молӣ дидаанд. Мақомот мегӯянд, барои муайян кардани сабаб ва ҳаҷми зарари сӯхтор таҳқиқро шурӯъ намудаанд.
Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон ба хабарнигорон иҷоза надоданд, то маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро сабт кунанд. Онҳо наворҳои бардоштаи хабарнигоронро аз марсими видоъ пок карда, ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дигар наворбардорӣ накунанд.
Имрӯз баъди адои маросими ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи Душанбе Шуҳрат Исматуллоев, мувоини собиқи раиси "Ориёнбонк" ба хок супорида шуд. Субҳи 30-юми август вақте хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили марҳум рафтанд, хонаводааш нахост дар ин бора суҳбат кунанд.
Бо гузашти ду рӯз аз сар задани офати табиӣ, мардуми зарардида мегӯянд то ҳол ёриҳои аввалияро дарёфт накардаанд. Масъулин баръакс аз дастрас шудани кӯмак ба сокинон хабар медиҳанд.
Бо гузашти ду рӯз аз офати табиӣ дар Ваҳдат сокинон мегӯянд, аз кӯмакҳои аввалия бархурдор нашудаанд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чуянгарон онҳо аз зумраи нафароне ҳастанд, ки ин шабу рӯз ба кӯмак бештар ниёз доранд.
То оғози мавсими таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор мактаб аст, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион таҳсил мекунанд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки мехоҳанд фарзандонашон дар кадом мактаб таҳсил кунад ва чаро? Оё имкони дар мактабҳои пулакӣ гузоштани фарзандашонро доранд?
"Раисони идораҳо иштирок доштанд", "омодагӣ беҳтар буд", аммо "монеаҳо ҳам ҷой доштанд". Бардошти хабарнигорони тоҷик аз нишастҳои матбуотии имсола чунин аст.
Гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як муроҷиатнома аз Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон хостаанд, рӯҳониён дар пешгирӣ аз муносибати бад бо ҳайвонот саҳми худро гузоранд.
Дар ҳоле ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеа аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар дар кишвар беҳтар шудааст.
Дар ҳоле, ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз зери по шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар беҳтар шудааст.
Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба сохткорӣ ва суистифода аз мансаб гунаҳкор карда, бо беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо намудаанд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта додраси вилоят таъин ва баъд аз чор моҳ боздошт шуд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми фасодкорӣ ва сӯйистифода аз мақом боздошт шудаанд.
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси "Ориёнбонк"-ро пас аз ҳудуди ду моҳ пайдо карданд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-и август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев ду рӯз қабл дар ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо шуд.
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси "Ориёнбонк"-ро пас аз ҳудуди ду моҳ пайдо карданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тормози мошини борбаре, ки дар шаҳри Кӯлоб ба садама дучор гардид, қаблан ҳам мушкил пайдо карда будааст. Дар садамаи рӯзи 6-уми август дар Кӯлоб беш аз 20 нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.
Ёфтҳои бештар