Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки имсол, бо вуҷуди фаровонӣ, нархи мева дар бозорҳои Душанбе гарону дастнорас аст. Деҳқонҳо мегӯянд, ҳосили хуб гирифтанд, аммо маҳсулотро дар бозор на онҳо, балки тоҷирон мефурӯшанд. Масъулон бовар доранд, нарх барои омма муносиб аст.
Моҳе пеш ҷасади Талбак Бобоев, як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро аз “Баҳри Норак” пайдо карданд.
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулот бо ҳузури 70 ширкату корхонаи мухталиф баргузор шуд, ки дар назар аст, то ду рӯзи дигар идома ёбад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ислоҳ ва илова ба Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакону ноболиғонро сахттар карданд.
Тахриби хонаҳо дар чанд маҳаллаи ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб, канори шаҳри Душанбе, мардумро норозӣ кардааст. Онҳо мегӯянд, солҳо пеш бо қарори ҳукумат барои худу оилаашон сарпаноҳ сохтанд, аммо дигарбора беҷой монданд.
Сокинони деҳаи Камонгарон шикоят доранд, ки тақрибан як сол боз оби ҳаммому ҳоҷатхонаи зиндони нави Ваҳдат “бидуни поккории зарурӣ” ба ҷӯйбори маҳаллаашон мерезаду касе дар фикри ҳаллаш нест. Масъулон мегӯянд, “каме буйи бад ҳаст”, вале масъала ба он ҳадде нест, ки сокинон тасвир мекунанд.
Дар ҳоле ки афзоиши нархи орд идома дораду баъзе аз кишварҳо, бавижа Русияву Қазоқистон, содироти гандумро маҳдуд кардаанд, мардум дар Тоҷикистон нигаронанд, ки дар ояндаи наздик вазъ чӣ гуна хоҳад шуд. Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, барномаи зиддибуҳронӣ надоранд.
Чанде аз сокинони ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт мегӯянд, пас аз шикоят дар мавриди мушкили чарогоҳ дар маҳаллашон зери фишори мақомоти интизомӣ қарор гирифтаанд.
Дар маҳаллаи маъруф ба "Воданасос"-и шаҳри Душанбе як ҷавон аз зарбаи нерӯи барқ фавтидааст ва бархе шоҳидон мегӯянд, ӯ аз "сарбозшикор"-и мақомот фирор мекард.
Ҳукумати Тоҷикистон тарзи молиётгирӣ ё андозситониро тағйир дода, фаъолият бо патентро барои бисёриҳо, аз ҷумла соҳибкорону овозхонҳо ва устоҳои мошину омӯзгорони хусусӣ, аз байн бурд. Бар асоси муқаррароти нав, бештар ронандагони мошинҳои боркашу мусофирбар патент мегиранду бас.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳияи Раштро дар бораи ба шахсони наздикаш додани беш аз ҳазор гектар чарогоҳ бекор кардааст. Лоиқзода ду сол пеш аз мансаб барканор шуд.
Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст.
Маъракаи "Полки ҷовидон", ки мухолифонаш таблиғоти Русия мепиндоранду ҷонибдоронаш ёдоварӣ аз қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон меноманд, рӯзи 9-уми май дар Душанбе баргузор шуд. Роҳпаймоён аз кӯчаи "Дӯстии халқҳо" (назди бинои пешини Донишкадаи молиёт) то "Боғи ғалаба"-и пойтахт ҳаракат карданд.
Донишҷӯёни чанд донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтанд, мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо мегиранд, ки имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба артиш бираванд. Намояндагони Вазорати маориф шикоятҳоро рад мекунанд ва иқдомро “ихтиёрӣ” меноманд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон назари дигар доранд.
Ҳамлаи Русия ба Украина дар Душанбе назарҳоро атрофи аҳмияти баргузории “Полки ҷовидон” тағйир додааст.
Намояндагони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум пардохтаанд.
Додситони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба қароре омадааст, ки марги домоду арӯс дар ин ноҳия худкушӣ аст ва идомаи тафтиши парвандаро қатъ кардааст.
Баҳси як гурӯҳи маъюбон бо корхонаи истеҳсоли маъдан дар ноҳияи Айнӣ, ки иддао дорад, барҳам хӯрдааст, се сол боз ҳалли ниҳоии худро намеёбад.
Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.
"Чанд дафъа таъкид кардам, берун аз масъала савол надиҳед." Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд.
Ёфтҳои бештар