Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Юсуфҷон Буриев, навраси 12 солаи тоҷик аз ду даст маҳрум аст, вале мисли дигарон дар корҳои хона ба волидон кӯмак мерасонад. Хонаводааш талош мекунанд, то ӯ муҳтоҷи ёрии дигарон набошад ва бештари корҳоро худаш анҷом бидиҳад. Онҳо дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд.
Баъзе аз сокинон гуфтанд, пас аз ду соли пандемияи коронавирус бо хотири ҷамъ идро истиқбол гирифтанд. Иддае дигар гуфтанд, ки ҳоло аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳамин тавр гаронии нархи маҳсулот дар ташвишанд.
Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Чизе, ки ҳамаи инсонҳо мехоҳанд, ба он бирасанд ва аз ҳар роҳ. Яке аз роҳи саъю кӯшишу талош, дигарӣ аз роҳи кору заҳмати зиёд ва иддае ҳам аз роҳи дуздиву қонуншиканӣ.
Имрӯз 20-уми мартро Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон кардааст. Дар Тоҷикистон сокинон бар асоси кадом меъёрҳо худро хушбахт мешуморанд. Рӯзи 18-уми март Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки барои хушбахт шудан ба инсон чӣ лозим аст? Ин посухҳоро гирифт.
Пас аз афзоиши босуръати нархи маҳсулоти ниёзи аввалия сокинони Тоҷикистон мехоҳанд, мақомот чораҳои фаврӣ андешад, зеро зӯрашон дигар ба хариди ҳамаи ин маҳсулот намерасад.
Тоҷикистон чанд рӯз боз шоҳиди бориши зиёди борон, омадани сел ва фаромадани тарма аст. Аз ҳодисаҳои табиӣ на танҳо мардуми минтақаҳои дурдаст, балки чанд сокини пойтахт низ зиён дидаанд. Осебдидагон хоҳони кумакҳои фавриянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз зарари расидаро ҳисоб накардааст.
Додгоҳи ҳарбии Душанбе як ҷавони 26-соларо бо гуноҳи фирор аз маҳалли хидмат аввал ба се сол зиндон маҳкум карда, сипас онро то ду сол поин овард. Пайвандони Давлатмурод Ғафуров аз ноҳияи Шаҳритус ҳукмро қабул надоранд. Мақомот мегӯянд, ҷурми ҷавон исбот шудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар рӯз 37 ва моҳе беш аз 1100 оила вайрон мешавад. Афзоиши талоқҳо дар соли 2021 боис шудааст, ки ҳудуди 15 ҳазор кӯдак зиндаятим монад ва ё аз меҳри падар ё модар маҳрум шавад.
Бонки Миллии Тоҷикистон сабаби боло бурдани қурби расмии долларро дар баробари сомонӣ шарҳ дод. Мақомот ҳамзамон гуфтаанд, бо истифода аз баъзе роҳҳо, аз ҷумла ба бозор баровардани доллари иловагӣ вазъро ба эътидол меоранд.
Нархи орд дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Агар ду рӯз пеш арзиши як халтаи 50-килоии он 270-280 сомонӣ буд, рӯзи 10-уми март ба 290- 325 сомонӣ расид. Ин вазъ сокинонро нигарон кардааст. Баъзе аз тоҷирон дӯконҳои ордфурӯширо бастаанд. Моликони бозорҳо мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест.
Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосӣ барои хонаводаҳои тоҷик дар бозору дӯконҳои ордфурӯшии Тоҷикистон якбора гарон шуда, арзиши як халтаи 50-килоии он аз 270-280 сомонии рӯзҳои пеш то 290- 325 сомонӣ расид.
Бо фаромадани тарма як қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ягона масире, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, баста шудааст. Намояндагони Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ гуфтанд, барои тоза карданаш аз барф талош доранд.
Як гуруҳ аз занони афғон имсол Рӯзи занро дур аз хона ҷашн мегиранд. Гуруҳи дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда, рӯзҳои худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд.
Имсол Рӯзи занро садҳо зани афғон дур аз хона ҷашн мегиранд, ҳазорҳо нафари дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда рузҳои дигари худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд. Пас аз суқути ҳукумати Кобул бори нахуст занҳои муҳоҷири афғон дар Душанбе Иди модарро ҷашн гирифтанд.
Риоя нашудани навбат дар Тоҷикистон мушкилест, ки бисёриҳо онро дӯст намедоранд. Шояд шумо ҳам дар фурудгоҳу фурӯшгоҳҳо шоҳиди даъвову кашмакаш шудаед ва мехоҳед, бидонед, чаро дар Тоҷикистон навбат кам меистанд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифиро тамошо кунед.
Ба сабаби таҳримҳо ба зидди Русия, бонкҳои Тоҷикистон фурӯши долларро ба мизоҷон кам кардаанд. Соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷ меоранд, гуфтанд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст.
Ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ менависанд, ки дар маҳалли зисташон дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдуд шудааст. Мақомоти тоҷик ҳеч эълоне дар бораи лимит ё реҷаи интиқоли нерӯи барқ накардаанд, вале дар як ҳафтаи охир сокинон аз вуҷуди лимит хабар медиҳанд.
Як зани тоҷик, ки шавҳарашро дар ҳодисаи нохуш дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз даст додааст, мегӯяд, чанд сол боз наметавонад аз ширкатии эронии “Собир” ҷуброни молӣ бигирад. Ин ширкат дар бахше аз бунёди нерӯгоҳ саҳм дошт.
Ёфтҳои бештар