Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил масъалаи артишро бардошт. Раис гуфт, "берун аз мавзуъ напурсед". ВИДЕО


Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифоъ, ҳангоми суҳбат дар порлумон
Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифоъ, ҳангоми суҳбат дар порлумон

"Чанд дафъа таъкид кардам, берун аз масъала савол надиҳед." Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд. Дар ин рӯз муовини аввали вазири дифоъ ба порлумон омада буд. Баъзе ҳуқуқдонҳо рафтори Зокирзодаро танқид карданд, як намояндаи Маҷлис "дуруст" номид.

Ду пурсише, ки боиси ҳушдор шуд

Масъала пас аз он пеш омад, ки вакил Абдуҳалим Ғаффорзода аз муовини аввали вазири дифоъ Эмомалӣ Собирзода пурсид:

  • Иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон чӣ гуна мегузарад?
  • Беш аз 11 миллион сомоние, ки бар ивази он шуморе аз ҷавонон аз хидмат озод шуданд, куҷо шуд?

Муовини аввали вазири дифоъ гуфт, “даъват тибқи нақша идома дорад, ягон мушкилеро намебинем". Эмомалӣ Собирзода дақиқ дар бораи иҷрои нақша посух надод ва зуд ба бахши дувуми пурсиш гузашт, ки “маблағи супоридаи ҷавонон ба либос, хӯрок, ҷойи хоби сарбозон ва, инчунин, сохтмони иншоот сарф мешавад.”

Аммо пеш аз посухи Собирзода, Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон, хитоб ба вакилони порлумон гуфт, “чанд дафъа таъкид кардам, ки берун аз масъала савол надиҳед, бори дигар такрор мекунам, аз лоиҳаи қонун дур наравед.”

Абдуҳалим Ғаффорзода
Абдуҳалим Ғаффорзода

Абдуҳалим Ғаффорзода дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт, аз посухи мувоини аввали вазири дифоъ қонеъ аст, вале дар масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш мушкилҳое ҷой доранд, ки “масъулон бояд чора бинанд.”

“Ба қарибӣ баъзе аз падару модарон ба ман муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, фарзандонашон, ки дар мактабҳои олӣ мехонданд, мутаассифона, аз тарафи баъзе шахсон ба хидмат бурда шуданд. Бурдани донишҷӯён ба хидмати ҳарбӣ манъ аст, аммо ин риоя намешавад,” – гуфт Ғаффорзода.

Аз аввали моҳи апрел даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шудааст ва давоми се ҳафта чанд ҳолати шикоят аз сарбозшикор ё “облава” расонаӣ гардид. Ҳарчанд намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, дар ин бора шикояти расмие нагирифтанд.

Дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе дар умум 5 масъала бе баҳсу баррасии ҷиддӣ аз тарафи вакилон қабул шуд. Танҳо як пурсиш садо дод, ки он ҳам зоҳиран ба раиси Маҷлиси Намояндагон хуш наомад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ба вакил иҷозат надоданд, баҳси артишро бардорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

"Ҳеч кас ҳаққи маҳдуд кардан надорад"

Бори аввал нест, ки Маҳмадтоҳир Зокирзода аз вакилон мехоҳад, берун аз барномаи ҷаласа суол надиҳанд. Дар суҳбатҳои бидуни сабт чанде аз вакилон гуфтанд, онҳо салоҳият доранд, ки аз мансабдорон дар бораи масъалаҳои доғ бипурсанд.

“Ҳамин ҷаласаҳо фурсатест, ки баъзе масъалаҳоро аз мансабдорон бипурсем. Агар берун аз лоиҳаи қонун ҳам бошад, ба ин ҳақ дорем. Худи Шумо дидед, ки имрӯз баъди як савол чӣ шуд,” – гуфт яке аз вакилони порлумон.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, қонунгузорӣ барои суолу ҷавоби вакилон бо мансабдорон ҳеч маҳдудият пешбинӣ накардааст: “Мунозираи порлумонӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Вакилон вобаста ба дархости интихобкунандаҳо ва бо истифода аз фурсате, ки ба онҳо даст медиҳад, бояд савол диҳанд. Ҳеч кас, аз ҷумла раиси Маҷлиси Намояндагон ҳаққи маҳдуд кардани онҳоро надоранд. Ҳатто агар пурсиш берун аз рӯзномаи тарҳи қонун бошад.”

Як намояндаи коргузории Маҷлиси Намояндагон гуфт, “вақте аз рӯзнома берун саволу ҷавоб мешавад, “регламент”-и кори ҷаласа вайрон мешавад. Эроди раис дуруст аст, ҳама бояд "регламент"-ро риоя кунанд.”

63 вакили Маҷлиси Намонядагонро дар панҷ сол як бор интихоб мекунанд. Мақомот ва вакилон ҳамвора аз кори худ қаноатманданд ва ҳар сол аз баррасиву қабул шудани даҳҳо тарҳ ва ислоҳҳо ба қонун хабар медиҳанд. Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки вакилон мушкили аҳолиро дар маҷлис намебардоранд.

XS
SM
MD
LG