Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Бо вуҷуди бештар шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия, ба қавли сокинон, нархи билет тақрибан бетағйир мондааст. Чанде аз корафтодаҳо рӯзи 10 сентябр гуфтанд, ҳарчанд ба мисли пешина барои харидани билет ҷанҷолу навбат нест, нархи он ҳанӯз барои шахсони миёнҳол дастнорас мемонад.
Дар Душанбе арзиши роҳкиро ба ноҳияҳои дуру наздик боло рафтааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ронандагони таксиву мусофирону мақомот суҳбат карданд ва аз онҳо сабабҳои болоравии нархро пурсиданд.
Нархи роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон гарон шудааст. Агар дар гузашта арзиши сафар аз пойтахт ба Кӯлоб 40-50 сомонӣ буд, ҳоло 60-70 сомонист.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр қонуни нави афвро қабул карданд. Маълум нест, қонун нисбат ба шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, татбиқ хоҳад шуд ё не.
Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ аз кишварҳо хостаанд, ки ҳама чораҳои зарурӣ, аз ҷумла эм кардани муаллимонро биандешанд, то бо вуҷуди паҳншавии навъи "делта"-и коронавирус дари мактабҳо кушода бимонанд.
Пешниҳоди тарҳи қонуни афв ба порлумон бисёриҳоро ба озодии наздиконашон аз зиндонҳои Тоҷикистон умедвор кардааст. Аммо пайвандони онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара нишастаанд, танҳо ба эҳтимоли кам шудани муҳлати ҳабси онҳо чашмдоранд.
Наздикони як ҷавони 21-сола мегӯянд, ки фарзандашон зери шиканҷаи мақомоти тафтишотӣ гуноҳи "таҷовуз ба номуси ноболиғ"-ро ба гардан гирифтааст. Пайвандони ноболиғ низ бар инанд, ки духтарашон зери фишор рух додани “ҷиноят”-ро тасдиқ кардааст, аммо ташхиси пизишкӣ бакорати ӯро солим нишон медиҳад.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 25-уми август гуфт, зиёда аз 700 миллион нафар дар ҷаҳон на танҳо аз фишори баланди хун азият мекашанд, балки аз ҳама гуна табобати ин беморӣ ё маҳруманд ё машғули муолиҷа намешаванд.
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши китоб баргузор шуд, аммо баъзе аз муаллифонро норозӣ гузошт. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди поин будани нархи китобҳо, муштарии зиёде наёфтанд. Чанде аз хонандагон арзон будани китобҳоро тасдиқ карда, ҳамзамон ба ҷолиб набудани муҳтавои онҳо ишора намуданд. Тафсилот дар видео.
Хабари афзоиши парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав умеди баъзе аз сокинонро ба харидани билети нисбатан арзон бештар кардааст.
Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 18-уми август эълон кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури он кишвар аст.
Эълони арзиши хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон, ки 25 ҳазору 200 сомонӣ (муодили беш аз 2 ҳазор доллар) муайян шудааст, вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард.
143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари Тоҷикистон поин омадаанд.
Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, аз болои ҳукми додгоҳи ин ноҳия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Пайвандони ду шахси гумонбар ба куштани чаҳор узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд. Як маъмури милиса дар ноҳияи Ҷайҳун шикояти онҳоро беасос номид, аммо дар бораи парванда ҷузъиёт надод.
Дар ҳоле ки мардум пештар аз бозор мувофиқи хосту ҷайби худ либос мехариданд, ҳоло аз онҳо тақозо шудааст, танҳо аз ярмарка либосҳои мактабӣ бихаранд ва расид ё чекашро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд. Мардум инро фишор меҳисобанд, баъзе намояндагони мақомот дастгирӣ аз ширкатҳои ватанӣ медонанд.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз тамрин дар наздикии марз бо Афғонистон гуфт, ки афзоиши ноамниҳо ва зери назорати Толибон даромадани бахшҳое аз кишвари ҳамсоя нигаронии онҳоро бештар кардааст.
Ёфтҳои бештар