Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Тоҷирон иддао доранд, ки ин кор ба зарари онҳо ва хонаводаашон аст. Намояндагони "Тоҷ Меъмор" бовар доранд, корашон тибқи нақшаи куллӣ ва қарори шаҳрдори Душанбе пеш меравад. Дар бораи моликони ширкати сохтмонӣ феълан иттилое дар даст нест.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, кишвар тавонистааст, дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодро 8,7 дарсад рушд диҳад. Вале коршиносон ин оморро “фиреби назар” мешуморанд.
Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ниҳоди зери назари Русия, ҳанӯз як ҷавоб дорад: "Дар ҳоли баррасӣ аст".
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи 1- уми август 70-сола шуд. Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба ин маснад расид ва ҳамзамон муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Раҳбарони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тағйири дигарбораи имлои забони тоҷикиро амри зарурие номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафаш бартараф кардани хатоҳои гузашта будааст. Вале ҷузъиёти бештар наоварданд.
Фирори се ҳамкори Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини "Агроинвестбонк", ки ба "тасарруфи 52 миллион сомонӣ" гумонбаранд, баҳсҳоро дар мавриди бархӯрди духела бо муттаҳамон бештар кардааст.
Масъулони "Тоҷик Эйр" дар вокуниш ба қарори Додгоҳи Вилнюс, ки ширкатро ба пардохтани беш аз 20 миллион доллар ба “Скайроуд Лизинг” вазифадор кардааст, гуфтанд, “дар мавқеи худ устуворанд” ва “пулро нахоҳанд дод”.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг"-ро зидди ширкати давлатии ширкати "Тоҷик Эйр" эътироф кард.
Пас аз насби 5 дастгоҳи ташхиси сатҳи олудагии ҳавои Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вазъи воқеии масъаларо ошкор намуд. Санҷишҳои ин ниҳод нишон додааст, ки бояд корхонаи семент аз марзи пойтахт кӯчонда шавад.
Бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.
Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, талабот ба иҷозатномаи сохтмонро шадидтар кардааст.
Зиндониҳоеро, ки то ин дам дар маҳбаси рақами аввал дар маркази Душанбе нигоҳдорӣ мешуданд, ба маҳбасе нав дар шаҳри Ваҳдат мекӯчонанд. Мақомот мегӯянд, зиндони навро бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сохтанд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе дар баробари натиҷагирӣ аз кори 20-солаи созмон мавзӯи доғшудаи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.
Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи тоҷик, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ чанд вақт боз дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд.
То 6-уми июл дар Тоҷикистон, 316 ҳазор нафар ваксин гирифтаанд. Ин баробар ба шаш дар сади аҳолии аз 18 сола боло аст.
Пажуҳишгарони тиб дар Тоҷикистон мегӯянд, пандемияи COVID-19 ба саломатии бисёре аз қишрҳои аҳолӣ, хосатан занони ҳомила ва тифлони навзод осеб расонд.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия талаб кардаанд, муҳоҷирон аз 10-уми июл ҳангоми сафар ба ин кишвар санҷиши коронавирусро тавассути барномаи мобилии "Сафар бидуни COVID-19" супоранд, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ба иҷрои он пурра омода нест.
Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд ва мардумро ба гирифтанаш ташвиқ мекунанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба баррасии парвандаи як корманди собиқи милиса шурӯъ намуд, ки дар робита ба марги Меҳроҷиддин Гадозода, ба хунукназарӣ муттаҳам мешавад. Нафари муттаҳам ба хунукназарӣ худро бегуноҳ меҳисобад.
Ёфтҳои бештар