Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки пас аз ихроҷ аз Русия дар Душанбе дастгир шудааст, гуфтанд, бо гузашти ду рӯз ҷойи нигоҳдории ӯро намедонанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ба зидди Иззат Амон, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони корӣ дар Русия бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март маросими эмкунӣ ба зидди коронавируси нав оғоз шуд. Тоҷикистон то кунун 190 ҳазор воя ё доза ваксинаи "Астразенека" гирифтааст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март маросими эмкунӣ ба зидди коронавируси нав оғоз шуд.
Фирӯза Носирова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ замоне аз гирифтор будани духтараш ба синдроми Даун огоҳ шуд, ки ӯ ҳамагӣ чаҳор моҳ дошт. Пас аз муоинаву ташхиси табибон шунидани ин ҳарфҳо барояш осон набуд ва ӯ дар бораи ояндаи духтараш зиёд фикр мекард.
Сарнавишти як хобгоҳи бозмонда аз Шӯравии собиқ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷанҷолбарангез шуд. Сокинонаш мегӯянд, чанд сол пеш барои хусусӣ кардани хонаҳо пул доданд, аммо ҳанӯз аз супурдани маблағи иҷора озод нестанд. Молики хобгоҳ мегӯяд, талаби пули ҷора қонунист, чун сокинон санад надоранд.
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохта ва бунёдгузори театри “Ойина”, мегӯяд, ҳоло сухану фикри тозаеро дар ҳаҷви тоҷик намебинад, аммо ба ояндаи беҳтари он умедвор аст.
Тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро, ки як замон иттиҳоми кушторро ба гардан гирифта, вале баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ озод гардида буд, тасдиқ кардааст.
Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.
Хонаводаи Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 31-солаи таксӣ, ки ба иттилои расмӣ бо беш аз чиҳил зарби корд дар Душанбе кушта шудааст, муҷозоти гумонбарро талаб доранд. Ҳодиса шаби 15-уми феврали имсол рух дода, бисёре аз сокинони пойтахтро нигарон кардааст.
Имсол ҷоизаи ба номи Бӯриннисо Бердиева (сардабири вақти рӯзномаи “Маориф ва маданият” ва қаҳрамони Наврӯз)-ро ба сардабири нашрияи “Вечерка”, Гулнора Амиршоева, доданд.
Як баҳси тулонии ду сокини шаҳри Душанбе барои бозпас гирифтани қарзро на мақомоти додгоҳӣ ва на Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳал карда натавонистаанд.
Вакилони порлумон дар Тоҷикистон ба гирифтани 105 миллион доллар қарзи биловаз ё бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) иҷозат доданд, вале шарти муомиларо нагуфтанд.
Мирзо Катавозай, муовини раиси порлумони Афғонистон, гуфт, дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши бурданаш ба кишвари севум даст надорад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, мегӯяд, Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия омода аст.
Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.
Ёфтҳои бештар