Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар як соли охир вобаста ба тақсиму фурӯши замин дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор мавриди қонуншиканиро сабт кардаанд.
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон гуфтанд, ки тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани қимати маҳсулот 11 миллион сомонӣ ҷарима бастанд.
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон дар ҳамлаҳои бабри барфӣ ба чорвои мардум худи сокинонро гунаҳкор донистанд. Дар моҳи октябри соли 2020 бабри барфие дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон даҳҳо сар моли сокинонро кушт.
Мақомоти Хадомати алоқаи Тоҷикистон шикоят ва интиқоди муштариён дар бораи заиф шудани суръати интернет дар кишварро бепоя хонданд.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Шоҳрух Салиев, роҳбари собиқи ташкилоти қарзиву амонатии “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 28-уми январ созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ду бонки байнулмилалиро қабул карданд.
Як гурӯҳ аз амонатдорони "Тоҷпромбонк" аз раҳбарияти Бонки Миллӣ ва вакилони порлумон дар бораи тақдири пулҳои бандмондаи худ шарҳ хостанд. Ин бонкро моҳи феврали соли 2017 бастанд, вале то ҳанӯз амонати аксар муштариёнро надодаанд.
Шаҳноза Ширинзода, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат, дар синфи шашум мехонад ва ҳар рӯз зиёда аз се километр роҳро тай карда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя меравад. Замоне ки ба синфи аввал мерафт, сохтмони мактаб дар маҳаллаашон оғоз шуд, аммо ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд ва аз ин ба баъд онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.
"Паёми мо ба Толибон ин аст, ки дар ивази таркишу интиҳор рӯй ба намоишгоҳу тавлидот биёрем, то барои мардуми худ хидмат карда битавонем." Ин ҷумлаҳоро Муҳаммадзоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 15-уми январ ба забон овард.
Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супориданд. Ин ҳунарманди шинохта рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон, ки бар асоси он зиндонии собиқ Содир Ҷабборов ба президентӣ расида, бахши аъзами раъйдиҳандагон гузаштан аз низоми порлумониро ба идораи президентӣ беҳтар донистаанд, назарҳои гуногун доранд.
Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифтории сокинон ба COVID-19 хабар медиҳад, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, "кай дари масҷидҳоро мекушоянд?" Масҷидҳои Тоҷикистон 10 моҳ инҷониб бастаанд.
Дар маҳаллаи Арбобхотун даҳ ҳазор кас зиндагӣ мекунанд, аммо кӯдакон барои таҳсил мактабу синфхонаи кофӣ надоранд. Ин маҳалла пештар ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд ва ҳоло дар тобеияти ноҳияи Синои Душанбест.
Гуруҳе аз муштариёни ширкати саёҳии “Авеста тур” мегӯянд, ин ширкат натавонист, сафари онҳоро ба Бритониё созмон диҳад ва пули пардохтаро барнамегардонад.
World’s Air Pollution, созмоне, ки вазъи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳои ҷаҳон арзёбӣ мекунад, ҳавои Душанберо "олуда ва хатарнок" номидааст. Хулосаи созмон бар асоси нишондодҳои дастгоҳе ҳосил шудааст, ки дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Деҳқонони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро шеваи ҷамъоварии андоз ё молиёт аз заминҳои кишташон нигарон кардааст.
Ёфтҳои бештар