Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав сурат нагирифт. Намояндаи Utair: "Ба таъхир афтод." АКС


Муҳоҷирони мунтазир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3-юми апрели 2021

Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт.

Беш аз 200 нафар билет харидаву шаби 2 ба 3-юми апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мунтазири парвоз буданд. Чанде аз онҳо бо нигарониву ноумедӣ гуфтанд, аз гӯшаву канори кишвар ба Душанбе омада, дар вазъияти ногувор монданд.

Акбар Раҳимов, намояндаи ширкати "ЮтЭйр" дар Тоҷикистон
Акбар Раҳимов, намояндаи ширкати "ЮтЭйр" дар Тоҷикистон

Акбар Раҳимов, намояндаи ширкати "ЮтЭйр", гуфт, парвоз ба рӯзи 9-уми апрел ба таъхир афтодааст. Ӯ сабабашро чунин шарҳ дод: "Ҷониби Русия хостааст, танҳо шахсоне ба он кишвар бираванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд."

Қаблан гуфта мешуд, парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия шаби 2 ба 3-юми апрел ва баъд аз як соли "танаффус" аз сар гирифта мешавад ва шаҳрвандони Тоҷикистон (бе шиносномаи русӣ) ҳақ доранд, тавассути он ба Маскав бираванд. Ҳоло маълум нест, чаро ҷониби Русия қарори худро тағйир додааст ва ё дастикам иҷрои ин корро ба таъхир андохтааст.

Баъзе аз муҳоҷирон дар Фурдугоҳи Душанбе пурсиданд, дар чунин шароит масъалаи билет ва парвози онҳо чӣ хоҳад шуд. Дар ҳоле ки ба қавли Сӯҳроб Азимов, сокини шаҳри Ваҳдат, беш аз як сол мунтазири кушода шудани парвозҳои маъмулӣ бо Русия буд. "Бо 4 ҳазору 90 сомонӣ билет харида, ба фурудгоҳ омадем. Ҳоло мегӯянд, парвоз намешавад. Аз шунидани ин хабар ноумед шудем", -- афзуд ӯ.

Муҳоҷирони мунтазир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3-юми апрели 2021
Муҳоҷирони мунтазир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3-юми апрели 2021

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар Тоҷикистон бекор аст ва ин сафараш бисёр муҳим буд: "Дар Маскав моро интизоранд. Аз қабл бо шиносҳову хешон мувофиқа карда будем, ки ба он ҷо меравем, вале вазъиятро бинед, чӣ шуд."

Акбар Раҳимов, намояндаи ширкати "ЮтЭйр", гуфт, "мусофироне, ки бо мақсади сафар ба Русия аз роҳи дур ба Душанбе омадаанд, метавонанд, имшаб дар меҳмонхона ҷобаҷо кунем." Вай дар бораи ҷуброни зарар шарҳи бештар надод ва дар муроҷиат ба мусофирон гуфт, "ноумед нашаванд, бо билетҳои харидаашон тавассути ҳавопаймои сафарашон ба Русия сурат хоҳад гирифт."

Ин дар ҳолест, ки шаби 3-юми апрел як ҳавопаймои "ЮтЭйр" 258 мусофирро аз Русия ба Душанбе овард ва зоҳиран парвози муқаррарӣ будааст. Муҳаммад Эргашев, яке аз мусофирон, гуфт, "дар гузашта билети парвозҳои чартерӣ гарон буд ва натавонистам биоям. Ҳоло нарх нисбатан арзон шудааст ва бо истифода аз фурсат ба ватан баргаштам."

Қарор аст, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 6-уми апрел дар чаҳорчӯби парвозҳои мунтазам муҳоҷиронро ба Маскав барад. Рӯшан нест, ки ин парвоз дар вақташ сурат мегирад ё не.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

Русия рӯзи 25-уми март эълон кард, ки аз 1-уми апрели имсол парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар мегирад. Парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд. То кунун ширкатҳо танҳо бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд ва ё аз Тоҷикистон ба Русия мебурданд.

Марзи Русия танҳо барои нақлиёти ҳавоӣ, яъне ҳавопаймоҳо кушода мешавад. Сафар бо нақлиёти заминӣ – автобусу мошин ва қатор (поезд) ҳамоно номумкин аст. Ҳамчунин, феълан бо ҳадафи кору таҳсил тавассути Қазоқистону Узбекистон ва Дубаю Туркия ворид шудани тоҷикон ба Русия иҷозат нест.

Масъулини ҳукумати Русия дар посух ба дархости Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бояд маълумотномаи орӣ будан аз коронавирус (PCR Test) дошта бошанд, ки на дертар аз 3 рӯз то парвоз гирифта шудааст. Маълумотнома бояд ба забони русӣ ё англисӣ бошад.

Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Шарҳҳоро бинед (43)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG