Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия ҷузъиёти равуои тоҷикон ба қаламравашро шарҳ дод.ВИДЕО


Нуқтаи фурӯши чипта дар шаҳри Душанбе
Нуқтаи фурӯши чипта дар шаҳри Душанбе

Эълони барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия даҳҳо нафарро ба назди дӯконҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе овардааст. Сокинон, ки бештарашон муҳоҷиронанд бо умеди бозгашт ба Русия барои хариди чипта меоянд, вале ноумед бармегарданд. Чун то ҳол санаи дақиқи парвоз ва нархи чиптаҳо маълум нест. Бо ин вазъ бархе масъулин гуфтанд, вазъи беҳдоштии Русия ба он дараҷае нест, ки марзҳо пурра боз шаванд.

"Қариб ҳар ҳафта меоям, ки чипта гирам"

Амруллоҳ Аҳтамов, сокини шаҳри Душанбе бесаброна интизори барқарор шудани парвозҳо ба самти Русия аст. Мегӯяд, қариб ҳар ҳафта бо умеди бозгашт ба Русия ба назди дӯконҳои чиптафурӯшӣ меояд. «Кори мо дар Русия аст, аммо шиносномаи русӣ надорем, ки баргардем» -афзуд ҳамсуҳбати мо.

Амруллоҳ Аҳтамов мисли садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар дохили кишвар ҷойи корӣ муносиб надоранд ва мехоҳанд ҳарчи зудтар ба муҳоҷират биравад.

Кӣ ва бо чӣ маблағе имкони сафар ба Русия хоҳад дошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар ин миён танҳо муҳоҷирон нестанд, ки мунтазири боз шудани роҳ ба самти Русия ҳастанд. Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия ҳам, ки теъдодашон беш аз 20 ҳазор аст, дар қатори дигарон барои хариди чипта омадаанд.

Акбар Ғафуриён, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург гуфт, агар ҳарчи зудтар ба Русия наравад, эҳтимол ӯро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд то ин дам борҳо аз мақомоти ду кишвар хостаанд ба онҳо иҷозаи сафар ба Русия дода шавад. Аммо ин дархости онҳо то ҳол амалӣ нашудааст.

Бо инки хабари барқарор шудани парвозҳои доимӣ ба Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи густурда ёфт, вале бархеҳо навиштанд, “аз ҳоло хурсандӣ кардан барвақт аст.” Ба навиштаи корбарон, танҳо як парвоз дар як ҳафта аз Душанбе ба Маскав хеле кам аст. Дар ҳоле, ки то моҳи марти соли гузашта рӯзона танҳо аз Фурудгоҳи Душанбе ба шаҳрҳои Русия ҳудуди 10 парвоз амалӣ мешуд. Бархе ҳамсуҳбатони мо дар назди дӯконҳои чиптафурӯшӣ ҳам гуфтанд, бо як парвоз дар як ҳафта умеди зиёде надоранд, ки ба наздикӣ ба Русия рафта тавонанд.

Суолҳои бепосух дар бораи парвозҳо

Як фурӯшандаи чипта дар Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи имрӯз нафарони зиёде ба назди ӯ омада, барои рафтани ба Русия чипта мепурсанд. Аммо ҳамсуҳбати мо гуфт, то ҳол ба онҳо нагуфтаанд, ки рӯзи аввали парвоз кадом рӯз аст.

Ба монанди ин масъули нуқтаи фурӯши чипта, мақомоти тоҷик низ мегӯянд, дар бораи ҷузъиёти парвозҳои доимӣ ба Русия маълумоти зиёд надоранд. Ба ин хотир, бо гузашти як рӯз аз эълони расмии барқарор шудани парвозҳои доимӣ суолҳои зиёде дар ин робита бепосух мондааст. Аз ҷумла ин ки дақиқан кадом рӯз парвозҳо оғоз мешаванд ва оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ҷуз аз хатсайри Душанбе-Маскав аз тариқи кишвари сеюм ба Русия раванд?

Масъулини Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ гуфтанд, ба ҷуз аз хабаре ки дар расонаҳо нашр шуд, дигар ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи парвозҳо ба Русияро надоранд.

Шарҳи ҳукумати Русия

Масъулини ҳукумати Русия дар посух ба дархости Радиои Озодӣ навиштанд, баъд аз ворид кардани тағйироти зарурӣ ба қарори ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд озодона ба Русия раванд. Қарори ҳукумати Русия, ки 16 марти соли гузашта қабул шуд, маҳдудиятҳои воридшавӣ ба ҳудуди Русия дар давраи пандемияро пешбинӣ мекунад.

Дар посухи ҳукумати Русия ҳамчунин омадааст, шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла (аз ҷумла Тоҷикистон) бояд маълумотномаи орӣ будан аз короновирус (PCR TEST) дошта бошанд, ки на дертар аз 3 рӯз то парвоз гирифта шудааст. Маълумотнома бояд ба забони русӣ ё англисӣ бошад.

"Инчунин бар асоси қарори сардухтури санитарии Русия аз 16 октябри соли 2020, дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, таксӣ, боғҳо ва лифт ҳар нафар бояд масофаи иҷтимоиро риоя кунад,"- омадааст дар посухи ҳукумати Русия ба Радиои Озодӣ.

Ба суоли онки оё тариқи нақлиёт ва қатора имкони сафар ба Русия вуҷуд дорад, мақомоти Русия посухи рад додаанд. Дар посухи ҳукумати Русия омадааст, феълан танҳо сафар тариқи ҳавопаймо иҷозат аст.

“Вазъияти Русия он тавре нест, ки сарҳадҳо фавран боз шаванд”

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳам рӯзи 26-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти пурраи барқарор шудани парвозҳо ҳам дар дасти онҳо нест. Сатторӣ афзуд, феълан интизори мактуби расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳастанд. Бо вуҷуди барқарор шудани парвозҳо сафир мегӯяд, вазъи беҳдоштии Русия ҳанӯз ба дараҷае нест, ки марзҳо фавран боз шаванд.

"Имрӯз наздики 10 ҳазор ва танҳо дар шаҳри Маскав 1800 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Чихеле, ки пештар гуфтем, парвозҳо барқарор мешаванд, аммо ин раванд бо тадриҷ амалӣ мешаванд,"-афзуд сафир. Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манобеаш дар Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ навиштааст, парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русияро ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Ют Эйр" анҷом медиҳанд.

Шарҳи мутахассис: кӣ ба Русия рафта метавонад?

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав гуфт, пас аз оғоз шудани парвозҳои мустақим шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо ҳадафи таҳсил кор, табобат ба Русия сафар кунанд.

Ӯ рӯзи 26-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Акнун (манзур пас аз 1-уми апрел) шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо метавонанд ба Русия сафар кунанд. Яъне, ҳақ доранд, бо мақсади кор, барои меҳмонӣ, барои таҳсил ба Русия раванд. Барои сафар бо ҳавопаймо ба ҷуз аз маълумотномаи орӣ будан аз короновирус (PCR TEST), санади дигар зарур нахоҳад буд."

Хонум Чупик афзуд, барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия айни ҳамон қоидае, ки барои Қирғизистон амал мекунад, амал хоҳад кард. "Танҳо фарқ дар он аст, ки миёни Қирғизистон ва Русия ҳоло ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад, бо Тоҷикистон як парвоз".

Аммо марзи Русия ҳоло танҳо барои нақлиёти ҳавоӣ, яъне ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад. Сафар бо нақлиёти заминӣ - автобусу мошин ва қатора ҳамчунон номумкин аст.

Феълан миёни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. Ба ин парвозҳо танҳо онҳое аз Тоҷикистон ба Русия рафта метавонанд, ки агар шаҳрвандии он кишвар ё ҳаққи иқоматро дошта бошанд. Вале ҳатто онҳое ки шаҳрвандии Русияро доранд, бо сабаби гарон будани нархи чипта наметавонанд тариқи парвозҳои чартерӣ ба Русия раванд.

XS
SM
MD
LG