Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Чанде аз ронандаҳои троллейбусҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, дар давраи пандемияи COVID-19, ки нархҳо дар бозорҳо афзоиш ёфт, ба ҷойи дастгирӣ, баръакс маошашонро кам кардаанд.
Чанде аз ронандаҳои троллейбусҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, дар давраи пандемияи COVID-19, ки нархҳо дар бозорҳо афзоиш ёфт, ба ҷои дастгирӣ баръакс маошашонро кам кардаанд.
Тоҷирони бозорҳои Душанбе гуфтанд, ки манъи маъракаҳои бахшида ба соли нави милодӣ шумори харидорони меваю арча ва ва тӯҳфаҳоро якбора кам ва бозори дар гузашта гарми онҳоро сард кардааст.
Шоҳин Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон ба суоли вакилон пурра посух надод ва мавзӯи бе омодагӣ ҳозир шудани баъзе аз мансабдоронро дар Маҷлиси Намояндагон доғ кард.
Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.
Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ба далели густариши бемории коронавирус ва баста будани марзҳо имсол интиқоли пули муҳоҷирон 9 дарсад кам шудааст. Баъзе аз иқтисоддонҳо тахмин мезананд, ки рақами воқеӣ метавонад аз ин бештар бошад.
Сару садо атрофи озори ҷинсии як писари 12-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба пошхурии хонаводаи онҳо анҷом ёфт.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.
Чанде аз кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки аз кор ронда шуданд, аз додгоҳ ҳимоят хостанд. Онҳо мегӯянд, бесабаб аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, вале ба гуфтаи корфармо онҳо шоистаи вазифаҳояшон нестанд, чун аз санҷиши ихтисосӣ нагузаштанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар миёни зиёда аз 10 ҳазор нафар як назарсанҷӣ анҷом додаанд ва мегӯянд, мумкин аст, бар асоси натиҷаҳои он қонуни баҳсбарангези “танзим” бознигарӣ шавад.
Як навъи молиёт дар Тоҷикистон, ки баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ онро "ноодилоона" ва коршиносон "такрори андозҳои дигар" хондаанд, имсол ҳам бекор нашуд.
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди ду ҳафтаи нопадид будан аз худ дарак додааст. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ӯ дар озодӣ аст" ва "захми пойҳояшро табобат мекунад".
Гуруҳе аз занони маъюб дар шаҳри Душанбе талош доранд, коргоҳи дузандагӣ ташкил кунанд.
Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла тухми мурғро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод. Баъзе аз вакилони порлумон бо ин ҷавоб розӣ нестанд.
Моликони баъзе аз дӯкону корхонаҳо дар маҳаллаҳои наздик ба шаҳри Душанбе аз идома ёфтани маҳдудияти нерӯи барқ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, камбуди барқ дар тақрибан як моҳи охир ба кору даромадашон сахт зарба задааст.
Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъини Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки дигарбора эътимоди мардумро ба бонкҳо бармегардонанд ва қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ медоранд. Ин дар ҳолест, ки низоми бонкии кишвар пас аз буҳрони солҳои 2015-2016 ҳанӯз "ба худ наомадааст".
Ҳамагирӣ ё пандемияи коронавирус, бино бар эъломияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба муносибати байни одамон асабоният ва шиддат ворид кардааст.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегуяд, барои ҳалли як мушкили ҷиддии сокинон садҳо ташноб ва ҳоҷатхонаҳои умумӣ сохта, ба истифода доданд.
Пас аз мулоқоти тақрибан 3 соати ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон вазирони хориҷии ду кишвар Барномаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои солҳои 2021-2022-ро ба тасвиб расонданд.
Ёфтҳои бештар