Ҳодиса
Ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, аз тамаъҷӯиву ришваситонӣ хабар дод, аз кор ронда шуд

Як ҳунарпешаи ҷавон мегӯяд, ҳамкорияш бо мақомоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар робита ба боздошти афроде, ки аз ӯ пора талаб кардаанд, ба ронда шуданаш аз ҷойи кор анҷомид.
Шаҳбоз Саидови 26-сола бештар аз як сол дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Вай тақрибан панҷ моҳ пеш ба Оҷонсии коррупсия хабар додааст, ки дар Донишкадаи санъат барои дохил шудан ба бахши магистратура аз ӯ пул талаб доранд. Ин ҳунарманд рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пас ас аз боздошти ду корманди донишкада бар асоси хабари ӯ, дар ҷои кораш ба мушкилиҳои зиёде гирифтор шуд.
Роҳбарони театр мегӯянд, сабаби барканории ин ҳунарманди ҷавон хабаррасонии ӯ ба мақомоти Оҷонсии коррупсия набуда, балки муҳлати шартномаи корияш тамом шудааст. Суҳроб Мирзоев, директори театр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Шаҳбоз шартномаи 6-моҳа пешниҳод намуд, то корашро идома диҳад, вале Шаҳбоз рад кардааст. Ба гуфтаи Мирзоев, ҳунарманди ҷавон пофишорӣ дорад, ки шартнома яксола шавад.
Шаҳбоз гуфт, дар аввал бастани шартномаи яксоларо талаб мекард, чун талошҳояш натиҷа надод, дар ниҳоят ба шартномаи 6-моҳа розӣ шуд, вале ин амал аз сӯи раҳбарияти театр сурат нагирифт. Вай гуфт, масъулони театр дар ҳар фурсат масъалаи хабар расонидан ба Оҷонсии коррупсияро таъкид мекунанду аз ӯ "буз" ва "хабаркаш" ном мебурданд.
"БУЗ" ВА "ХАБАРКАШ"
"Мехостам магистри Донишкадаи санъат шавам, солҳои 2018-2019 талош кардам натиҷа надод. Сентябри соли гузашта як шиносам гуфт 2500 сомонӣ диҳӣ, дохилат мекунанд, пул надоштам, азбаски ин донишкадаро бо дипломи сурх хатм кардаам, бовар доштам, дохил мешавам, лекин пул талаб карданд, қаҳрам карду ба Агентии коррупсия тамос гирифтам, маро ба он ҷо даъват карданд, гуфтанд, мо пулро ба ту медиҳем, пулро бурда, медиҳӣ ва вақти пулро гирифтан сабти овозӣ мекунӣ. Гуфтанд, пулро ба одами асосӣ медиҳӣ. Вақте пулро бо шиносам бурдам, гуфтам, то ҳамон одами дохилмекардагӣ наояд, пулро намедиҳам, котибаи як кафедраи донишкада омада, гуфт, ки пулро ман мегирам",- нақл кард Шаҳбоз Саидов.
Вай таъкид намуд, ки бар асоси хабари ӯ котибаи як кафедра ҳамроҳ бо табиби донишкада боздошт шудаанд.
Миралӣ Анварзод, намояндаи Агентии коррупсия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди пешниҳоди ариза аз сӯи Шаҳбоз ду корманди донишкадаро дастгир намудаанд, вале додани пул ба ҳунарманд ва талаби сабти садои афродеро, ки нияти пул гирифтан доштаанд, рад кард.
Шаҳбоз афзуд, дар театр масъалаи ба мақомот хабар расонидан аз сӯи шиносаш, ки ҳамроҳ пулдиҳӣ рафта буданд, паҳн шуд ва баъдӣ ин муносибати раҳбари театр нисбаташ сард шуда, аз ширкат дар баъзе намоишномаҳо низ маҳрум гардид.
Ба гуфтаи Шаҳбоз, ҳарчанд баъзе ҳамкоронаш аз хабар расониданаш ба мақомот ситоиш карданд, вале дар сатҳи роҳбарият баъзе масъулон ӯро "буз" ва "хабаркаш" мегуфтаанд.
"Охирҳои соли 2019 марҳилаи омӯзиширо гузаштам ва расман корманди театр шудам, ҳамин масъалаи хабар расонидан боис шуд, дар аввали соли равон муҳлати шартномаи кориямро дигарбора тамдид накарданд. Моҳи январ дар яке аз маҷлисҳои театр маро таҳқир карданд. Сӯҳроб Ҷанҷолов, муовини директори театр дар маҷлис маро таҳқир намуда, "буз", "хабаркаш" гуфт. Инро танҳо аз забони ӯ не, аз дигарон низ борҳо ошкоро шунидам..."
Суҳроб Ҷанҷолов, муовини директори театр иддаои Шаҳбозро дар мавриди таҳқир карданаш беасос номида гуфт, "дар маҷлис чизе гуфт, ман ба ҳамон гапаш ҷавоб додам, маҷлис маҷлис аст, ҷанг мекунӣ, даъво мекунӣ, лекин ман ин хел гапҳоро нагуфтам". Дар ҳамин ҳол баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо, ки дар он маҷлис ширкат доштаанд, гуфтанд, ҳарфҳои Шаҳбоз дар мавриди таҳқир шуданаш аз сӯи мувоини директор ва чанди дигар асос дорад.
"Дар маҷлис худам шунидам, ки Шаҳбозро "буз" ва "хабаркаш" гуфта, таҳқир карданд, ин гапро ғайр аз Ҷанҷолов чанд нафари дигар низ гуфтанд, ӯро барои ба мақомот хабар расонидан ҳар чӣ мегуфтанд, мо ҳама шунидем инро, лозим бошад сабт низ дорем" -- гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки нахост номаш зикр шавад.
РОНДА ШУДАН АЗ "ФАРЁДИ ИШҚ"
Шаҳбоз мегӯяд, моҳи январ вақте бо ҳамкорон барои намоишномаи “Фарёди ишқ” тамрин мекард, раҳбари театр якбора ӯро аз ширкат дар тамрин маҳрум намуда, аз театр пеш кардааст. Вай афзуд, чун Оҷонси коррупсияро аз талаби пора огоҳ намудааст, дар театр дар ташвишанд, ки рӯзе дар бораи онҳо низ ба ин ниҳод хабар мерасонад, барои ҳамин ба қавли ин ҷавон масъулон намехоҳанд, ӯ корашро идома диҳад.
Аммо Сӯҳроб Мирзоев, директори Театри ҷавонон иддаоҳо дар мавриди таҳқири Шаҳбозро беасос хонда, афзуд, ки барои он ҳангоми тамрин Шаҳбозро аз кор ҷавоб додааст, ки ӯ аз имзои шартномаи 6-моҳаи корӣ худдорӣ кардааст. Ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки ба идомаи кори Шаҳбоз мухолифате накардаанд: "Тамоми кормандон шартномаи се, шаш ва яксола доранд. Тибқи Кодекси меҳнат низ ин дуруст аст, 6-моҳа шартнома бандем, мебинем, ягон эрод нашавад, боз давом медиҳем".
Ин дар ҳолест, ки Шаҳбоз мегӯяд, рӯзи 23-юми феврал ба театр рафт, вале масъулон аз бастани шартномаи 6-моҳаи корӣ бо ӯ низ худдорӣ кардаанд.
Шаҳбоз бовар дорад, ки агар аз талаби пора барои дохил шуданаш ба бахши магистратура мақомотро огоҳ намекард, чунин мушкилиҳо пайдо намешуд. Вай бар ин аст, ки кораш дуруст буд ва дар аввал пушаймоние намекард, "лекин баъди ин қадар мушкилҳое, ки ба сарам омад, пушаймон шудам, ки чаро чунин кардам". Ин ҳунарманд мегӯяд, тасмим гирифтааст, барои бозгашт ба ҷои кораш ва чораҳои қонунӣ андешидан нисбати раҳбарияти театр барои таҳқир шуданаш ба дигар ниҳодҳо шикоят барад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, агар ӯ воқеан ҳам таҳқир шудааст ва дар даст далел дорад, метавонад, ба додгоҳ барои ҷуброни зарар ва барқарор намудани кораш муроҷиат намояд.
Шикояти сокинон аз таҳқир шуданашон барои хабар расонидан ба мақомот дар гузашта низ садо додааст. Муртазо Зубайдов, сокини ноҳияи Панҷакент соли 2018 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба мақомот бо шарти махфӣ мондани исмаш дар бораи ду кочоқбари маводи мухаддир хабар расонд, вале пас аз боздошти гумонбарон ва фош шудани исмаш дар маҳалли зисташ ӯро “буз” гуфта, хитоб мекардаанд".
Ҳарчанд мақомоти кишвар ҳамкории ҷомеаро калиди комёбиҳои худ меноманд, ба қавли ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов чунин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба сахтӣ пеш меравад. Ӯ мегӯяд, хусусан дар масъалаи пешгирӣ аз омилҳои коррупсиёнӣ ҳанӯз ҳам ҳамкории ҷомеа бо мақомот ба сатҳи зарурӣ нарасидааст ва мақомот натавонистаанд, манбаи маълумоти худро ҳимоят кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Гоҳо кӯдакҳоро мезад". Нақли ҳамсари Юлдуз, ки се тифлашро корд зад

Наздикони Юлдуз Бозорова, зани 24-сола аз ноҳияи Қубодиён, ки се кӯдакашро бо зарбаи корд захмӣ кардааст, мегӯянд, ки ҳолати равонии ӯ хуб набуд, вале бо шавҳараш зиндагии орому осуда дошт.
Муфаттишон дар ноҳияи Қубодиён бемории равонӣ доштани Юлдуз Бозороваро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, барои анҷоми таҳқиқи пурраи қазия ва муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса ду моҳ вақт лозим аст.
Умедҷон Ҳомидов, шавҳари Юлдуз Бозорова, гуфт, ҳамсараш мушкили равонӣ дошт ва табобат мегирифт: “Ҳамсарам ҷин дошт, бемор буд. Табобат мекардем, дуохонӣ мекардам. Як соли пеш аз хона баромада рафта буд, ба хонаи аммаам, ба кӯчаи дигар. Гоҳе кӯдакҳоро мезад, фикр мекардам, ҳамаи модарҳо кӯдакҳоро мезананд. Намедонам, чаро ӯ кӯдакҳоро бо корд захмӣ кард. Аз рӯзи ҳодиса намедонам, чӣ ҳол дорад, ӯро дигар надидаам.”
Дар деҳоти Тоҷикистон, ки муроҷиат ба равоншинос роиҷ нест, барои рафъи ихтилол ва мушкилоти хуруҷкардаи равонӣ ба назди муллоҳову рӯҳониён мераванд, то бо “дуохонӣ бемориро рафъ кунанд.”
Мусулмонқул Бозоров, падари Юлдуз, низ бемории рӯҳии духтарашро тасдиқ карда гуфт, ки ӯро назди равоншиносон мебурданд: “Духтарам бемории рӯҳӣ дошт, мо ба назди духтур бурда будем, метавонанд духтурҳо гап зананд. Ҳайронам, ки чӣ мешавад?”
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, нисбат ба Юлдуз Бозорова бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин модда ҷазои аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти тафтишот гуфтанд, ки барои муайян кардани сабабҳои дақиқи ин ҳодиса ва ҳолати равонии зан ҳудуди 60 рӯз вақт лозим аст, вале натиҷаҳои пешакӣ бемории равонии Юлдуз Бозороваро тасдиқ намекунад.
Модари ҷавон рӯзи 21-уми июн Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод. Ӯ аз қафаси сина, даст ва китфаш захмҳои корд бардошта буд. Ду фарзанди дигараш низ захмӣ шудаанд ва баъд аз муолиҷа ба наздиконашон баргардонида шуданд. Айни ҳол, Юлдуз Бозорова дар боздошт қарор дорад ва тафтишот идома дорад.
Дар Тоҷикистон дар гузашта қасди ҷони фарзанд кардани модарон мушоҳида шудааст, аммо ҳангоми талоши худкушии модар. Тозатарин намуна, фоҷиа дар ноҳияи Фархор аст, ки онҷо Мадина Ҳалимова модари 27-сола шаби 29 ба 30 июн чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Яхсу андохт. Чаҳор фарзандаш ҷон додаанд, вале худаш зинда монд. Соли 2021 Шаҳло Шарифоваи 31-сола аз ноҳияи Панҷакент аввал се кӯдакаш -- Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро ба дор овехта кушт ва сипас худашро.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Вахш ҳам як модари ҷавон ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шуд. Ба гуфтаи мақомот сабаби аксари ин фоҷиаҳо хушунати хонаводагӣ будааст.
Ҷасади Ёсамини 2-соларо, ки модараш ба Сурхоб андохт, пайдо кардаанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади яке дигар аз кӯдаконеро пайдо кардаанд, ки модарашон онҳоро ба ҳамроҳ бо худ ба рӯдхона андохт.
Яке аз кормандони кумита дар ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола, фарзанди Мадина Ҳалимоваро рӯзи 6 июл ва баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи хоҳари калонии ӯ Латофат Абдуллохонзодаи 5-сола ҳанӯз идома дорад.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Дирӯз ҷасади духтари дигарашро пайдо кардем ва онро ҳам дар дарёи Панҷ ва наздик ба Афғонистон. Ҳоло ҷасади духтари калониаш мондааст, ки кофтуковаш идома дорад.” Мадина Ҳалимова модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, шаби 29 ба 30 июн чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Яхсу андохтааст. Чаҳор фарзандаш ғарқ шуда ҷон додаанд, вале худаш зинда монд.
Дар ҳамон рӯзи аввал наҷотбахшон бо кумаки мардуми маҳал ҷасади Муҳаммад Шарифзодаи семоҳа ва Зайнаб Абдуллохонзодаи сесола пайдо карданд. Баъди фоҷиа ҳадсу гумон зиёд буд, шуд, ки Мадина Ҳалимова, гӯиё аз рашк ба ҳамсар ва ба сабаби ҷанҷолҳои хонаводагӣ ба чунин кор даст задааст, вале хонаводаи Қудратулло Шарифов, ҳамсари Мадина Ҳалимова дар суҳбати катбӣ бо Радиои Озодӣ фарзияи “баҳси хонаводагӣ ва доштани зани дуюм”-ро рад кард.
Онҳо гуфтанд, ки Мадина Ҳалимова мушкилоти равонӣ доштааст ва ӯро мунтазам барои “табобату дуохонӣ” мебурданд ва дар гузашта ҳам як бародараш даст ба худкушӣ зада будааст. Мақомоти интизомӣ то кунун ягон хабар ва ё шарҳи расмие дар бораи ин фоҷиа надодаанд ва парванда дар сатҳи вазорати умури дохилӣ ҳам таҳқиқ мешавад.
Дар Тоҷикистон дар гузашта талоши худкушии модар ва бо худ ба рӯдхона андохтани фарзандонашон мушоҳида шудааст. Соли 2021 Шаҳло Шарифоваи 31-сола аз ноҳияи Панҷакент аввал се кӯдакаш -- Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро ба дор овехта кушт ва сипас худашро.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Вахш ҳам як модари ҷавон ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шуд. Ба гуфтаи мақомот сабаби аксари ин фоҷиаҳо хушунати хонаводагӣ будааст.
Мақомот садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро шарҳ доданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро эълон кард, ки дар натиҷаи он 7 нафар ҷон доданд. Ҳодиса 28-уми июн рух дода, дар бораи он аввал Радиои Озодӣ хабар дода буд.
Дар баёнияи расмии ВКД аз рӯзи 30-уми июн омадааст, дар пайи ин сонеҳа 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар захмӣ шудааст. Ду нафар аз қурбониён шаҳрвандони Узбекистон ва панҷ каси дигар аъзоёни як оила, аз шаҳри Истиқлоли Тоҷикистон ҳастанд. Яке аз ҳалокшудагон 8 ва дигарӣ 15-сола будааст.
Ба қавли вазорат, сабаби садама, ба ақиби мошини дигаре бархӯрдану аз роҳаш хориҷ шудани мошини Муҳаммадӣ Холбоев, шаҳрванди Узбекистон будааст. Дар ин ҳодиса, ки дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ рух дод, ду ноболиғи дигар яке 8 ва дигарӣ 15-сола захм бардошта, бемори бистарӣ шудаанд.
Ин фалокат дуввумин садамаи мудҳиши маргбор дар вилояти Суғд дар тӯли камтар аз як моҳ аст. Рӯзи 29-уми май дар як садамаи шабеҳи дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш нафар ҷон бохтанд. Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар чунин садамаҳо ҷон медиҳанд ва садҳо каси дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Беътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат, роҳҳои нимавайрон, суръати баланд аз сабабҳои асосии маргумир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.
Тафсилоти садамаи мудҳиш дар Суғд. Ду узбекистонӣ ҳам ҷон бохтаанд

Радиои Озодӣ баъзе тафсилоти тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро ба даст овард. Пеш аз зуҳри 28-уми июн се мошин дар наздикии деҳаи Хамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам бархӯрданд. Ронандаи яке аз мошинҳо сокини Мастчоҳ, дигарӣ аз Хуҷанд ва севумӣ шаҳрванди Узбекистон будаанд.
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, дар пайи ин сонеҳа 7 нафар ба ҳалокат расид, ки ду нафарашон ноболиғ ҳастанд. Ин наврасон шаҳрвандони Узбекистон будаанд.
"Дар ин ҳодиса се нафар захмӣ шудааст, ки як нафарашон шаҳрванди Узбекистон ва ду тани дигари сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад,"-афзуд манбаи Радиои Озодӣ.
Мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Дар як моҳи охир ин бори дувум аст, ки дар вилояти Суғд тасодуфҳои маргбор рух медиҳанд. Рузи 29-уми май дар воқеаи замсон дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш нафар ҷон бохтанд.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар тасодуфҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргумир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.
Зарари сӯхтани "Киштии Темурмалик"-ро эълон карданд

Бо гузашти панҷ рӯз аз оташ гирифтану нобуд шудани як тарабхонаи маъруфи шаҳри Хуҷанд мақомоти идораи оташнишонӣ хисороти расида ба ин тарабхона эълон карданд.
Масъулони идораи оташнишонӣ дар Хуҷанд рӯзи 24-уми июн дар бораи оқибатҳои оташ гирифтани тарабхонаи “киштии Темурмалик” сӯҳбат карданд. Онҳо гуфтанд: “Ҳангоми сӯхтор 80 дарсади сохтмони киштӣ ба масоҳати умумии 400 метри мураббаъ сӯхта корношоям гардид."
Оташнишонҳо сабаби сӯхтаву нобуд шудани қисми зиёди тарабхонаро ба як масолеҳи зудоташгирандае бо номи “алюкобонд” рабт медиҳанд, ки дар сохтмони тарабхона аксаран аз он истифода кардаанд. Ин масолеҳ дар таркибаш пластик дорад ва аз ин рӯ зуд месӯхтааст. Оташнишонҳо мегӯянд, ба онҳо муяссар шуд, қисмате аз бинои ресторанро аз оташ эмин доранд. Ба гуфтаи онҳо, “як қисми ҳуҷраҳои ёрирасони киштии “Темурмалик” ба маблағи умумии 150 ҳазор сомонӣ эмин нигаҳ дошта шуд”. Таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабабу омилони ҳодиса ва зарари умумӣ муайян карда мешавад.
Тарабхонаи “Киштии Темурмалик” рӯзи 19-уми июн оташ гирифт. Ба гуфтаи баъзе аз шоҳидон, оташ дар ошхонаи тарабхона сар зада, сипас ба тамоми биноро паҳн шудааст. Сарони шабакаи тарабхонаи Яккасарой, ки чанд моҳ пеш инҷоро ба иҷора гирифтанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ба зудӣ ресторанро барқарор мекунанд. Айни замон поккорӣ дар ресторан идома дорад.
Тарабхона моҳи апрели соли 2019 дар ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боз шуд ва яке аз рамзҳои Хуҷанд дониста мешуд. Тарабхона дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир шудааст. Дар он беш аз 50 кас кор мекардаанд. Аввали моҳи апрели имсол раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ низ баъди таҷлили наврӯзӣ меҳмони он буданд.
Бори аввал нест, ки тарабхонаҳои "Яккасарой" ба коми оташ меравад. Моҳи январи соли 2022 низ яке аз толорҳои он оташ гирифта буд. Тарабхонаҳои “Яккасарой” аз бузургтарину гаронтарин толори баргузории маросимҳои арӯсӣ дар шаҳри Душанбеву Хуҷанд ба шумор меравад.
Сӯхтори бинову иншоот ва аз ҷумла ресторанҳо дар Тоҷикистон гапи наве нест. Мақомот мегӯянд, фалокатҳо бештар ба сабаби риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, ё ба ҳам расидани ноқилҳои барқ ва гоҳо ба сабаби оташ задани барқасдона сурат мегиранд.
Ҷавони тоҷикро барои куштани ҳамсараш боздошт кардаанд

Мақомоти интизомии Душанбе як ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми қатли ҳамсараш дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ намунаи дигаре аз хушунату зӯроварии густурда ба зан дар Тоҷикистон аст.
Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 19-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Самандари Раҳимзод, сокини 33-солаи Душанбе рӯзи 13-уми июн ҳангоми муноқиша бо ҳамсари ҷавонаш ӯро чанд маротиба корд задааст.
Дар баёния омадааст: “Номбурда муносибатҳои носолими оилавиро пеша карда, мунтазам бо ҳамсараш, Ҷамилаи Ш., муноқиша мекардааст. Аз ҷумла, санаи 13 июни соли ҷорӣ, низ байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, аз рӯи хусумату бадбинӣ Самандари Р., бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани ҳамсараш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расид.»
Мақомоти интизомӣ ба зидди Самандари Раҳимзод бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки аз 10 то ба 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист.
Мақомот ҳалокати 3 ноболиғро дар Ваҳдат расман шарҳ доданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхтор ва ҳалокати 3 наврасро дар шаҳри Ваҳдат шарҳ дод.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса нимашаби 7-уми июн рух додааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, сӯхтор 6-уми июн сар задаааст. Дар ин рӯз сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд.
Вазорати корҳои дохилӣ 9-уми июн дар хабарномае навишт, хонаи Карим Холмуродов, сокини 37-солаи деҳаи Ҷангалобод аз сабаби "беназорат гузоштани шамъ" оташ гирифт.
Рӯзи 9-уми июн масъули идораи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сабаби сӯхтор сими нерӯдиҳандаи телефон аст.
Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ омадааст, "аз дуди ғализ 3 фарзанди ноболиғи шаҳрванд Карим Холмуродов фавтидаанд."
Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, кӯдакони фавтида 5, 8 ва 10 сола буданд.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Баъзе сокинони деҳаи Ҷангалобод ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар рӯзи ҳодиса барқ надоштанд.
"Гуфтанд, ки трансфарматор вайрон аст. Ин фоҷиа ба сабаби фориғболии мақомдорони маҳаллӣ рух дод. Ба мушкилоти мардум сари вақт расидагӣ намекунанд,"-гуфт як сокини Ҷангалобод ба Радиои Озодӣ.
Ин бори аввал нест, ки наврасон дар сӯхтор ҷон медиҳанд. Моҳи марти соли 2024 дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расида буд.
"Барои пули тӯй ба Русия мерафт, аммо дар тобут баргашт"

Деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон, панҷ рӯз боз мотамхонаро мемонад. Шаш сокини деҳа рӯзи 20-уми май дар роҳ ба Русия ва дар ҳудуди Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷонашонро аз даст доданд. Панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки аҳволи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ин афрод шоми 24-уми май ё субҳи 25-уми май дар зодгоҳашон ноҳияи Қубодиён баргузор шавад.
Назрулло Боқиев, яке аз муҳоҷироне буд, ки дар роҳ ба Русия ҳалок шуд. Ӯ ҳамагӣ 24 сол дошт ва аз миёни муҳоҷирони фавтида ҷавонтарини онҳо буд.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Назрулло се сол пеш падарашро аз даст дод ва ҳамроҳи модар ва як бародараш зиндагӣ мекард.
"Ин оила камбизоат ҳастанд ва зиндагиашон аз ҳисоби чорвопарварӣ ва муҳоҷират мегузашт. Назрулло ҳам баъди марги падар барои кор ба Русия рафта меомад,"-гуфт раиси деҳаи Зиракӣ.
Яке аз пайвандони Назрулло Боқиев ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон тирамоҳи имсол бояд оиладор мешуд. "Ният дошт, ки ба Русия рафта маблағи тӯйро кор кунад. Вале насибаш набудааст, имрӯз дар тобут баргашт. Аҳволи модараш хеле вазнин аст,"-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ мегӯяд, ронанда ва 10 мусофири мошине, ки ба садама дучор шуданд, сокинони ҳамин деҳа буданд. Ба гуфтаи раиси маҳалла, ронанда ҳамсояи ӯ буд ва феълан зери назорати пулиси Қазоқистон будааст.
"Ҳамин қадар фаҳмидам, ки гӯё ронанда ба мусофирони мошин гуфтааст, ки монда шудам, каме хоб кунам, аммо мусофирон мегӯянд, ки то гузаргоҳи марзӣ ним соати дигар монд, мошинро рон. Ин ронанда 2-3 сол шуд, ки одамонро ба Русия бурда меовард,”-илова кард раиси деҳаи Зиракӣ.
Пулиси Қазоқистон ҳам пештар дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, садама дар ду километрии гузаргоҳи марзии “Кайрок” рух додааст.
Раиси деҳаи Зиракӣ ба Радиои Озодӣ мегӯяд, дигар қурбониёни ин ҳодиса низ солҳо барои кор ба Русия мерафтанд. Баъзе онҳо, азҷумла Юсуф Солиҳов ва Фаёзиддини Солиҳзода писарони амак будаанд.
Дар садамаи рӯзи 20-уми май Аҳтам Каримови 36-сола, Назрулло Боқиеви 24-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола, Юсуф Солиҳови 67-сола, Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола ва Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола ҳалок шуданд. Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳои муҳоҷирони ҳалокшударо 22-юми май тариқи мошин ба ноҳияи Қубодиён фиристоданд.
Эргаш Ёқубов, раиси деҳаи Зиракӣ мегӯяд, чанд рӯз аст, ки деҳаашон фазои мотам дорад. “Ҳама ғамгин аст, ки ин ҳодиса чихел рух дод. Осон нест дар як рӯз шаш ҷанозаро мебарорем.”
Дар деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён қариб 10 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.
Ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо, тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд. Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.
Панҷ қурбонии як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Дарвозро ҳанӯз ҷустуҷӯ доранд

Дар рӯдхонаи Панҷ ҷустӯҷуи ҷасади панҷ сокини Хоруғ, аз ҷумла тифли яксолае идома дорад, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки фоҷиа рӯзи 20-уми май дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва роҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст.
Ба қавли вазорат, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ҷустӯҷуи ҷасадҳо идома дорад. Дар роҳҳои кӯҳистонӣ ва ноҳамвори Тоҷикистон, дар садамаҳои нақлиётӣ солона даҳҳо нафар ва гоҳо ду-се нафарӣ аз як хонавода кушта мешаванд.
ВКД: кӯдаке аз хунукназарии мураббӣ дар кӯдакистони Душанбе даргузашт

Дар Душанбе дар паи марги тифли дусола дар як кӯдакистони хусусӣ як масъули ин муассиса боздошт шудааст. ВКД Тоҷикистон рӯзи 21 май навишт, рӯзи 19 май дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” писарбачаи дусолае аз рахти хоб афтода ҷон додааст.
Ба унвонии Радиои Озодӣ навори видеоии рӯй додани фоҷеаи марги кӯдак дар кӯдакистони Душанбе дастрас шудааст, ки нашри он бо далелҳои ахлоқӣ ғайриимкон аст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса "зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир карда шуд".
Исми ин зан оварда намешавад. Дар ҷузъиёти ҳодиса сомонаи ВКД менависад, ки 19-уми майи соли 2025, тахминан соати 13:05-дақиқа, ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ ҳамчун мураббӣ хунукназарона рафтор намуда... дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-солаи сокини пойтахт аз ошёнаи 2-юми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".
Ба навиштаи ин сомона, салоҳиятҳои касбии ин зан ҳам дар мақоми мураббӣ хусусияти расмӣ надоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.
Муҳоҷире, ки се кӯдаки русро аз оташ наҷот дод, тоҷик будааст

Муҳоҷире, ки дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдакро аз коми оташ наҷот дод, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин фард Сайвалӣ Шарифов мебошад.
Ба қавли манбаъ, Шарифов бегоҳи 14-уми май вақти ба дорухона рафтан шоҳиди сӯхтор дар ошёнаи якуми биное шуд.
Сайвалӣ Шарифов гуфтааст, “садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида,” ба кӯмаки онҳо шитофт. Ин муҳоҷири тоҷик аввал як кӯдакро наҷот медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар дохили хонае, ки оташ гирифтааст, боз ду кӯдаки дигар аст. Шарифов ду маротибаи дигар худро ба даруни оташ партофта, кӯдакони боқимондаро наҷот додааст.
Баъзе расонаҳои маҳаллии Екатеренбург аз ин амали Сайвалӣ Шарифов ситоиш кардаанд. Шарифов 32-сол дошта, 16 соли ахир ҳамчун боркашон кор мекардааст. Худи ӯ дар суҳбат бо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфтааст, наҷоти кӯдаконро барои худ қарз медонист «ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор мекард.»
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаҳрвандони маҳаллиро аз фалокат наҷот медиҳанд. Азҷумла соли 2024 Муҳаммадҷон Обидов, як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти марди рабоянда наҷот дод. Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" Кумитаи тафтишоти Русия ҳам хабар дод, вале тоҷик будани ӯро пинҳон кард.
Соли 2020 Ҳоҷимурод Қаландаров, як ҷавони тоҷик кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дода, вале худаш ҳалок шуд.
Расонаҳои Русия дар бораи қаҳрамонии муҳоҷирон хеле кам хабар медиҳанд.
Додситонӣ марги 8 афғонистониро дар ноҳияи Айнӣ таҳқиқ мекунад

Додситонии ноҳияи Айнӣ ба таҳқиқи марги 8 афғонистонӣ дар як кони ангишт шуруъ кардааст. Дар ин бора як манбаъ дар Хадамоти назорат дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ 12-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, танҳо баъди таҳқиқи додситонӣ ва муайян шудани сабабҳои ҳодиса, мақомот расман масъаларо шарҳ медиҳанд.
Дар бораи ҷон бохтани 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ, аввал шуда расонаҳои Афғонистон хабар доданд. Ба иттилои расонаҳои ин кишвар, ҳодиса баъд аз зуҳри 9-уми май рух додааст. Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати “Толибон” аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табии Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.
Ба гузориши рӯзномаи "Иттилои руз", сабаби таркиш гази даруни кон будааст. Манбаи "Иттилои рӯз" гуфтаанд, ин коргарон барои як зерширкати "Фароз" кор мекарданд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса расман чизе намегӯянд.
Расонаҳо: ҳашт коргари афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд

Расонаҳои Афғонистон бо такя ба мақомоти ҳукумати Толибон дар он кишвар хабар доданд, ки ҳашт коргари афғонистонӣ бар асари оташсӯзӣ (таркиш) дар яке аз конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон, ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.
Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати Толибон аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар додааст, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Бар пояи ин хабар, панҷ нафар аз ин қурбониён аз ноҳияи Шаҳристон, ду нафар аз ноҳияи Мир Омур ва як нафар аз ноҳияи Уштурлии вилояти Дойкундӣ буданд.
Вебсайти ҳафтаномаи "8 субҳ" бо нашри аксҳои ин ҳашт нафар навишт, ки ҳодиса дар яке аз конҳои ангишти вилояти Суғд рух додааст.
Сафҳаи рӯзноми "Иттилои рӯз" бо нашри аксҳои қурбониён аз онҳо Козим Бейгӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳасан Ализода, Ҳусейн Бахш, Муҳаммад Амир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ, ном бурд.
Як манбаъ ба рӯзномаи "Иттилои руз" гуфтааст, ки ҳодиса нимарӯзи ҷумъа, 9-уми май рух додааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳодиса дар як кони ангишсанг дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Манбаъ сабаби таркишро гази даруни кон хондааст.
"Иттилои рӯз" менависад, ки ҷасадҳои ин афрод субҳи шанбеи 10-уми май ба Афғонистон мунтақил шуд ва нимарӯзӣ ба вилояти Кундуз расидааст. Ин манбаъ афзуд, ки коргарони аҳли Афғонистон барои як ширкати паймонкори афғонистонӣ кор мекарданд.
Манбаи "Иттилои рӯз" аз масъулини ин ширкат "Раис Руҳуллоҳ" ва "Тақӣ Дилсӯз" ном бурда ва гуфтааст, ки онҳо бо як зерширкати "Фароз" ҳамкорӣ доранд. На масъулини ширкати паймонкори афғонистонӣ ва на ҳамкорони тоҷикистониашон то лаҳзаи нашри ин хабар, дар ин робита ибрози назар накардаанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ накарданд. Як масъули ин идора 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати рух додани чунин ҳодисаҳо наҷотдиҳандагонро даъват мекунанд. "Ба мо ҳеч кас хабар надодааст,"-гуфт ин манбаъ.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ба Тоҷикистон омада ва ба кор истихдом шудаанд.
"Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд." Эълони ҳукми ду гумонбар дар парвандаи куштори Конибодом

Ду сокини ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми қатли як ҳамкорашон дар шаҳри Конибодом, ба 30 солии зиндон маҳкум шуданд.
Наздиконашон ҳукмро ноодилона хонда мегӯянд, пайвандони онҳо зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба уҳда гирифтанд ва додрас ҳам онҳоро ба мурофиа роҳ надод. Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов моҳи октябри соли 2024 бо иттиҳоми қатли Амрулло Боймирзоев боздошт шуданд.
Додгоҳи вилояти Суғд баъди қариб шаш моҳ баррасӣ ҳукми гумонбарон дар куштори Амрулло Боймирзоевро эълон кард. Ба ғайр аз ҷинояти куштор, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов ҳамчунин ба роҳзанӣ ва содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ низ гунаҳкор дониста шудаанд. Вале пайвандонашон аз ҳукм ва тарзи баргузории мурофиаҳо норозӣ ҳастанд.
Видеоро инҷо бинед:
Гулхумор Атовуллоева, модари Муслиҳиддин Фахруддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо иҷозаи ширкат дар мурофиаро надоданд. “Гуфтанд, ки суд пӯшида мегузарад. Мо аз ин кор тамоман норозием. Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд. Инҳо "мо кардагӣ не" гуфта истодаанд. Худам ҳамроҳаш вохӯрдам. Қасам хурд, ки "очаҷон, шири шумо додагӣ кӯрам кунад", - гуфт модари Фахруддинов.
Намояндагони Додгоҳи вилояти Суғд ва ҳам додситонии вилоят дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Маълум нест, ки ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бар асоси кадом далелҳо ба куштори як ҳамкорашон гунаҳкор эълон шудаанд.
Пештар волидайни Беҳзодҷон Холзода, гумонбари дигар дар ин куштор низ аз шиканҷа шудани фарзандашон дар идораи милисаи шаҳри Конибодом шикоят карда буданд. Муҳокимаи гумонбарон аввали моҳи декабри соли 2024 дар Хуҷанд шуруъ шуда буд. Додгоҳ то замони таҳқиқи иддао дар бораи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят, муҳокимаро боздошта буд.
Файзулло ва Малоҳат Холовҳо, волидони Беҳзодҷон Холзода чанд моҳ барои исботи бегуноҳии писарашон талош карданд, вале мегӯянд, ба натиҷае нарасиданд.
Малоҳат Холова, модари Беҳзодҷон Холзода ба Радиои Озодӣ гуфт, “латукӯб карда гуфтаанд, "ё кушторро ба гардан мегирӣ, ё мекушем". Ӯ гуфтааст, "Амрулло бародарам мешавад, ба ман некӣ кардааст, мо дар як ҷо калон шудаем". (Онҳоро) бисёр мезананд. Аз зӯрии дард маҷбур шудааст, ки ба дӯш гирад. Маҷбур кардаанд, ки ба коғазҳо имзо гузорад,”
Файзулло Холов, падари Беҳзодҷон Холзода даъво дорад, ки писараш аз тарс қасди ҷонаш кардааст, аммо ӯро ба беморхона бурданд. Назари мақомот ба ин ҳарфҳо маълум нест.
Куштори Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом рух дод. Амрулло Боймирзоев, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов дар корхонаи коркарди пахта дар ин шаҳр кор мекарданд. Онҳо дар як маҳаллаи ноҳияи Мастчоҳ бузург шуда, аз хурдсолӣ ҳамдигарро медонистаанд. Пайвандони Амрулло Боймирзоев дар бораи муносибат бо хонаводаҳои гумонбарон чизе намегӯянд. Наздикони боздоштшудагон мегӯянд, сабаберо барои куштор намебинанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише гуфт, Беҳзодҷон ва Муслиҳиддин “бинобар хусумати шахсӣ ба Амрулло Боймирзоев ва барои пул ин корро кардаанд”. Дар видеое, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов куштори ҳамкорашонро эътироф мекунанд. Наздиконашон бовар доранд, ки ин иқрор таҳти шиканҷа ба даст омадааст.
Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар кушта шуданд ва ин ҳодисаҳо дар минтақа сару садои зиёде барпо кард. Бисёре аз пайвандони кушташудагон ва ҳам дастгиру зиндонишудаҳо мегӯянд, ки ҳодисаҳо ба ҳам монанд буданд.
Додситонии кул рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки чор нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Баъди ин эълон дигар ҳеч чизе дар бораи ҳодисаҳову гумонбарон нагуфтаанд.
Ҷасади як ноболиғ дар Ёвон баъди ду рӯз пайдо шудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷасади як ноболиғро дар ноҳияи Ёвон, баъди ду рӯз ҷустуҷӯ пайдо кардаанд. Ҷамолиддин Акбаралии 12-соларо рӯзи 2-юми май сел бурд. Ӯ ҳамроҳи бародараш ба чарондани чорво машғул будааст.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, 7 наҷотдиҳанда ва 50 сокини ноҳияи Ёвон ин наврасро ҷустуҷӯ карданд.
Ба гуфтаи мақомот, ҷасади Ҷамолиддини Акбаралиро баъд аз зуҳри 4-уми май дар наздикии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар 60 километрии ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи офатҳои табии рӯзи 2-юми май дар Тоҷикистон, ду нафар ба ҳалокат расида, чанд роҳ ва хонаҳо осеб дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, як сокини 25-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми чарондани чорво "бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст." Ҳодиса соати 3-и шаб рух додааст.
Сел ҳамчунин ба манзили сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Ёвон ва ҳамчунин роҳҳои Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ осеб расондааст.
Гуфтугӯ