Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳамкории сард”. Тоҷикистон ва Толибон аз якдигар чӣ мехоҳанд?


Дидору гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони "Толибон" дар Кобул
Дидору гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони "Толибон" дар Кобул

Тоҷикистон, ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон ошкоро мухолифат карда буд, ҳоло кӯшиш дорад, муносибатро бо ин гурӯҳи исломии тундрав барқарор кунад. Бо вуҷуди баъзе аз дидору мулоқот ва сафари намояндагони расмии ду тараф, ҳанӯз байни Тоҷикистон ва “Толибон” нобоварии амиқ ва ихтилофҳои созишнопазир ҳоким аст.

Абубакр Сиддиқӣ, бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Мақомоти Тоҷикистон ва “Толибон”-и Афғонистон дар моҳҳои охир ба таври ногаҳонӣ гуфтугӯ ва равуоро бо ҳамдигар бештар кардаанд, то танишҳоро коҳиш дода, аз даргирии мусаллаҳона дар марзи тӯлонии муштарак пешгирӣ кунанд.

Бино ба гузоришҳо, мансабдорони тоҷик ва “Толибон” дар мулоқот барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва тиҷорат талош доранд. Бо вуҷуди пешрафтҳо, баъзе аз коршиносон мегӯянд, сатҳи нобоварӣ ҳамчунон болост ва ихтилофҳо миёни ду тараф созишнопазир мемонанд. Эдвард Лемон, коршиноси Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи A&M дар Техаси Амрико, гуфт: “Ман раванди идомадори “ҳамкории сард”-ро мебинам.”

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Лемон дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ афзуд, интизор дорад, ки Душанбе ва Кобул дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатдор, аз ҷумла тарҳҳои иқтисодӣ амалгароёна рафтор хоҳанд кард, аммо бовар надорад, ки ду кишвар ҳама ихтилофҳои худро ҳал карда тавонанд.

КӮШИШҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Як ҳайати иборат аз дипломатҳои баландпоя ва масъулони амниятии Тоҷикистон рӯзи 15-уми ноябр барои гуфтугӯ бо намояндагони “Толибон” ба шаҳри Кобул рафтанд. Хабаргузории “Бохтар”, вобаста аз ҳукумати “Толибон”, гузориш дод, ки дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо ҳамкории дипломативу иқтисодӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ кардаанд.

Музокирот пас аз чанд ҳафтаи сафари Муҳаммад Юсуф Вафо, волии “Толибон” дар Балх, ба Душанбе баргузор шуд. Вилояти Балх дар шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Вафо дар ҷараёни сафараш дар охири моҳи октябр бо Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дидор кард. Ба иттилои расонаҳо, ҷонибҳо роҳҳои пешгирӣ аз убури гурӯҳҳои мусаллаҳ аз марзи 1357-километрии миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ин сафар бо даргириҳои сарҳадӣ миёни марзбонҳои тоҷик ва “Толибон” рост омад. Рӯзи 25-уми октябр ду тараф дар наздикии як нуқтаи тилокобӣ дар соҳили дарёи Панҷ, ки Афғонистону Тоҷикистонро ҷудо мекунад, ба сӯйи якдигар тир заданд. Дар даргирии ҳамсон дар моҳи августи имсол як нерӯи “Толибон” кушта шуда буд.

БАҲСИ ГУРӮҲҲОИ МУСАЛЛАҲ

Пас аз ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон дар соли 2021, Душанбе ва Кобул якдигарро ба паноҳ додани гурӯҳҳои мусаллаҳ гунаҳкор карданд.

Тоҷикистон ягона кишвари ҳамсояи Афғонистон буд, ки бозгашти “Толибон”-ро ба сари қудрат ошкоро маҳкум кард ва ин гурӯҳи мусаллаҳро барои оромӣ ва суботи минтақа хатарзо донист. Ҳамзамон, гузоришҳо вуҷуд доранд, ки гуё Душанбе баъзе аз роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як гурӯҳи зидди “Толибон”-ро, ки асосан аз тоҷикони Афғонистон иборат аст, паноҳ медиҳад ва ё бо онҳо дар тамос аст. Тоҷикистон ин иддаоро напазируфтааст.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе зери идораи касе аст, ки аз ҷониби ҳукумати собиқи Афғонистон таъйин шудааст ва гумон меравад ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ майл дорад. Ҳамзамон консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намояндаи “Толибон” идора мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳукумати “Толибон”-ро ба пуштибонӣ аз “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, як гурӯҳи ифротгарои мусаллаҳ муттаҳам мекунад. Ин гурӯҳ, ки асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон таркиб ёфта, ҳадафаш сарнагунии ҳукумати дунявӣ дар Тоҷикистон аст, дар хоки Афғонистон ҷойгир мебошад.

Соли 2021, баъди он ки Тоҷикистон бо Русия дар наздикии марзи Афғонистон тамринҳои муштараки низомӣ баргузор кард, “Толибон” садҳо ҷангҷӯйи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистон ҷойгир карданд.

Маълумот дар бораи "Ҷамоати Ансоруллоҳ"

"Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро Амриддин Табаров, фармондеҳи нерӯҳои пешини мухолифини тоҷик, таъсис дода буд. Ӯ созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт. Нӯҳ сол пеш хабари маргаш расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳи мамнуъ дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафаранд. Омори нави эҳтимолӣ дар бораи онҳо дар даст нест. “Толибон” соли 2021, баъд аз гирифтани ҳукумат дар Афғонистон, назорати бахше аз сарҳади Тоҷикистонро ба ихтиёри ин гурӯҳ дод. Он замон аксу видеои раҳбари ҳаракат Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон ва ҷангҷӯёни дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2023 ва 2024 борҳо хабар доданд, ки аз чанд талоши ин гурӯҳ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

“СТАТУС-КВО”

Убайдулло Боҳир, муҳаққиқи афғонистонӣ аз Кобул, гуфт, мақомоти “Толибон” аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки сафорати Афғонистонро дар Душанбе ба ихтиёри онҳо бидиҳад. Ба гуфтаи ӯ, “Толибон” ҳамчунин хоҳони баста шудани дафтарҳои гуё наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Тоҷикистон шудаанд.

Бо вуҷуди ихтилофҳо, Тоҷикистон ва “Толибон” барои густариши ҳамкорӣ баъзе қадамҳо гузоштаанд. Афғонистон ҳоло бахши зиёди нерӯи барқи худро аз Тоҷикистон ва кишвари дигари ҳамсояаш, Узбекистон, мегирад. Ҷонибҳо ҳамчунин тарҳҳои нави иқтисодиро баррасӣ доранд ва дар бораи сабук кардани маҳдудиятҳои виза ё раводид гап мезананд. Коршиносон мегӯянд, ин ҳамкориҳо маҳдуд ҳастанд.

"Баид ба назар мерасад, ки ин равобит ба ҳадде густариш ёбад, ки сафорати Афғонистон дар Душанбе ба "Толибон" вогузор шавад, зеро ин мавзуъ барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳассос аст," – гуфтааст сиёсатшинос Шералӣ Ризоён ба бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Эдвард Лемон аз Донишгоҳи A&M дар Техас эҳтимоли ба расмият шинохтани ҳукумати “Толибон”-ро аз ҷониби Тоҷикистон аз эҳтимол дур медонад. "Ҷониби Тоҷикистон барои тағйири вазъияти мавҷуд (статус-кво) ангезаи зиёд надорад," -- афзуд ӯ. То ин дам танҳо Русия ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба таври расмӣ эътироф кардааст.

Сафари мақомоти Тоҷикистону "Толибон" баёнгари чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
XS
SM
MD
LG