Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо якдигарфаҳмӣ ҳал шавад." Гуфтугӯи намояндагони Тоҷикистон ва "Толибон"


Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон
Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон изҳори умед кардаанд, ки мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад. Тайи моҳҳои охир марзи ду кишвар шоҳиди танишҳо буд.

Дар чаҳорчӯби сафари як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Кобул, рӯзи 17-уми ноябр масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Вазорати сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати “Толибон” гуфтугӯ кардаанд.

Ба иттилои расмии ҷониби Афғонистон, дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Абдулвоҳид Мирзозода, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ва ҷониби “Толибон”-ро Нуруллоҳ Нурӣ, вазири сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати он гурӯҳ раҳбарӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар бораи амният, густариши робитаҳо, мушкилоти марз ва тақвияти марзи муштарак сӯҳбат намуданд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ намедиҳад.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар мулоқот изҳори умед кардааст, ки мушкилоти марзӣ байни ду кишвар аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад. “Ӯ хоҳони ҳамкории ду тараф дар ҳалли мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон шудааст”, -- омадааст дар хабарҳо.

Мулоқоти масъулони марзбонии Тоҷикистон ва ҳукумати “Толибон” дар ҳоле анҷом шудааст, ки 18-уми ноябри соли гузашта дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон) дар сарҳад бо Афғонистон ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла шуд. Дар натиҷа як шаҳрванди Чин кушта, панҷ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Ҳамчунин чанд дафъа пас аз пешравии ширкатҳои истихроҷи вобаста ба “Толибон” ва тағйири маҷрои дарёи Ому рух дода буд. Дар ин даргириҳо ҷонибҳо якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карда буданд.

Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд. Гурӯҳе аз онҳо аз марз гузашта, вориди Тоҷикистон гашт ва боздошт шуд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буданд, ки ба соҳаи саноатӣ табдил ёфтани заршӯйӣ дар Афғонистон майли маҷрои рӯди Панҷро ба самти Тоҷикистон ва ҳамчунон хатари селу обхезиро дар ин сӯйи марз бештар кардааст.

Оби Панҷ дорои хокаи тило аст ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар фикри ташкили корхонаҳои заршӯйӣ дар соҳили ин рӯд аст. Вале алҳол танҳо бо устувор кардани соҳил ва пешгирӣ аз сел машғул мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз ҳаққи заршӯйӣ дар ин минтақаро надоранд.

XS
SM
MD
LG