Аз ҷумла "Бохтар" навишт, ин ҳайат рӯзи шанбеи 15 ноябр вориди пойтахти Афғонистон шудааст. Ба иттилои манбаъ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон шомили ин ҳайатанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бораи ин сафар хабар надодаанд ва гузоришҳои пешинаро роҷеъ ба дидорҳои ошкору пинҳонашон бо Толибон тасдиқ ё рад накардаанд.
Хабаргузории "Бохтар" навиштааст, ин ҳайат тайи дидорҳои худ бо мақомоти мухталифи ҳукумати Толибон, дар бораи ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақавӣ, баҳсҳои шомил анҷом медиҳад.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли манбаъҳои худ ҳадафи ин ҳайатро, густариш ва тақвияти робитаҳои иқтисод ва амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон унвон кардаанд.
Ин расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, ки дар баробари баҳсҳои калони робитаҳои дуҷониба, масаълаи Сафорати Афғонистон дар Душанбе ва дигар нукоти ҷузъӣ низ мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд гирифт.
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳанӯз аз сӯи Заҳир Ағбар, сафири таъйиншудаи ҳукумати пешини Афғонистон идора мешавад.
Сафари ҳайати давлатии Тоҷикистон ба Кобул дар ҳоле аст, ки дар оғози ин ҳафта бархе расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки муовини раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон дар раъси як ҳайат ба вилояти Кундузи Афғонистон рафта, бо муовини раиси он вилоят дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дидору гуфтугӯ кардааст.
Дар авохири моҳи гузашта як ҳайати Толибон бо раҳбарии Юсуф Вафо, волии вилояти Балх, ки аз наздикони раҳбари ин гурӯҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода гуфта мешавад, ба Тоҷикистон сафар кард ва бо раиси КДАМ, Фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва низ раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дидору гуфтугӯ намуд.
Тоҷикистон, ки дар чаҳор соли гузашта бархӯрди сарде бо Толибон дошт, ҳоло дар пайи наздикии бештар бо онҳост.
Ҳузури гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон, ки аз ҳисоби зодагони Осиёи Миёна, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкил ёфтаанд, аз дигар нигарониҳои Душанбе ба шумор меравад.
Толибон як созмони тундрави динӣ аст ва дар Тоҷикистон як гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дониста мешавад. Ин гурӯҳ дар солҳои 1996-2001 қудратро дар Афғонистон дар ихтиёр дошт ва дар пайи ҳамлаи эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико, сарнагун шуд. Ин гурӯҳ пас аз бист сол ҷанг, санаи 15 августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Кобул ба даст гирифт.
Аз он замон то кунун, ҳеч кишваре ҷуз Русия ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз оғоз равобити гуногуне бо Толибон доштанд ва ҳатто ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карданд, ҳоло бо Толибон робитаҳои хуб барқарор кардаанд.
Тоҷикистон дар ибтидо дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард ва ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, пойгоҳ додааст.
Бо гузашти замон, нишонаҳое аз тағйир дар сиёсатҳои Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон ба вуҷуд омад. Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии худро бо Афғонистон ҳифз кард ва ҳоло ба ин ҳамсоякишвари худ барқ содир мекунад ва бозорҳои наздимарзиро фаъол нигоҳ медорад.
Гуфтугӯ