Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдоштаи писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Ҳукмро додгоҳи ноҳия рӯзи 20-уми ноябр содир кард. Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр гуфтанд, ки "Устобобоеваро ҳафтаи гузашта аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ бурданд". Вай то он замон дар озодӣ буд.
Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст. Пайвандон, аз ҷумла бародару фарзандонаш рӯзи 25-уми ноябр нахостанд, ки дар ин бора бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Вай вакили мудофеъ ҳам надоштааст.
Ҷониби даъвогар, хонаводаи Тоҷибоевҳо, гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва агар ҷонибҳо шикоят кунанд, эҳтимол он вақт бозбинӣ гардад.
Баҳси ду оила аз он ҷо сар зад, ки моҳи июни имсол тани беҷону овезони Суғдиёна Тоҷибоеваро аз оғил ёфтанд. Ӯ дар синфи 9-ум мехонд ва ба қавли наздиконаш “ҳамон рӯз бояд дар мактаб имтиҳон месупурд”.
Наздикони Суғдиёна аз он сабаб модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ гунаҳкор медонанд, ки гуё ӯ чанд рӯз пеш аз худкушӣ наврасро истинтоқ карда, ба навор гирифтааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аз ҷумла, модараш, Гулойим Тоҷибоева, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: "Чаро ба писари ман навиштӣ, чаро бо писарам ишқварзӣ мекунӣ, ман туро шарманда мекунам, ба прокуратура менависам гуфта доду вой кардааст. Духтари ман тарсидааст. Духтар худашро беҳуда меовехтагӣ набуд. Хондан мехост, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид ва худро овехтан дар хаёлаш ҳам набуд."
Дар ҳоле ки мақомот ва пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева ин занро барои ба худовезӣ расондани духтари наврас гунаҳкор донистаанд, худи ӯ пештар дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфта буд, вазъият он тавре нест, ки даъвогарон тасвир мекунад. Вай гуфта буд, танҳо мехост, аз оқибатҳои эҳтимолии ногуворе, ки дар пайи ошиқии писараш бо духтари наврас пеш биояд, ҷилавгирӣ намояд.
Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024-ум 259 зану духтар худкушӣ ё қасд ба ҷони худ кардаанд. Дар байни онҳо ноболиғон низ ҳастанд. Равоншиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро беэътиноии волидон ба эҳсоси наврасон ва надонистани тарзи муомила бо онҳо дар айёми ҳассоси зиндагӣ медонанд.