Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзанди ман ба ин ҳол афтид, фарзанди дигарон гирифтор нашаванд"


Сунатулло Қодиров моҳи апрели соли 2025 ҳангоми навбатдорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст.
Сунатулло Қодиров моҳи апрели соли 2025 ҳангоми навбатдорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст.

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон баррасии парвандаи марги Сунатулло Қодиров, сарбози 21-солаи неруҳои сарҳадии Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Сунатулло Қодиров моҳи апрели соли 2025 ҳангоми навбатдорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст. Бо гумони даст доштан дар марги ӯ, як ҳамхизматаш боздошт шудааст. Аммо хонаводаи сарбоз натиҷаҳои тафтишотро қабул надоранд ва мехоҳанд, парванда одилона ва шаффоф баррасӣ шавад.

Тир аз кадом тараф андохта шуд?

Сафарбек Раҳимзода, падари Сунатуло Қодиров се моҳ аст, ки дари мақомотро мекӯбад, то ба суолҳояш дар бораи марги писар посух гирад. Додситонии низомӣ баъди тафтиши қазия гуфтааст, сабаби марги Сунатулло Қодиров, аз беэҳтиётӣ тир андохтани ҳамхизматаш будааст, аммо падари сарбоз ба ин фарзия бовар надорад.

Сафарбек Раҳимзода, сокини ноҳияи Хуросон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ далел дорад, ки писарашро аз қафо тир задаанд. Аммо додситонӣ мегӯяд, Сунатулло Қурбонов аз пеш тир хӯрдааст.

Падари сарбози кушташуда афзуд: “Инҳо моро фиреб карда истодаанд, ки тир аз пеш задагӣ аст ва парвандаро ҳаминхел карданд. Ман фикр мекунам, ки сарбози гумонбаршударо дуруғ маҷбур карда, ҳамонро маҳкам карданд.”

Падари сарбоз ба натиҷаи таҳқиқи марги фарзандаш бовар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Талошҳои мо барои суҳбат бо муфаттиши парванда бенатиҷа буд. Додситонии низомӣ дар посух ба Сафарбек Раҳимзода навиштааст, шикоятҳои падари сарбоз санҷида шуданд. Намояндагони додситонӣ навиштаанд, коршиносони мустақили тиббӣ баъди қариб ду моҳи марг, ҷасади сарбозро аз қабр бароварда ташхис карданд ва исбот шуд, ки тир аз тарафи пеши баданаш даромада, аз пушт баромадааст.

Бо вуҷуди ин, дар посухҳои расмии мақомот дар бораи марги Сунатулло Қодиров ихтилофҳо ба назар мерасанд. Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, Асадулло Қурбонов “аз пушти сарбози қаторӣ Қодиров Сунатулло тасодуфан як тир холӣ мекунад, ки ба қисмати камараш мерасад.”

Аммо дар посухи додситонии низомӣ омадааст, Асадулло Қурбонов “бо ангушти дасташ чангаки тирхоликунии силоҳро ногаҳон пахш кардааст, дар натиҷа аз силоҳ як тир парронда шуда, он ба қисмати шиками сарбози қаторӣ Қодиров расидааст.”

Сафарбек Раҳимзода, падари сарбози кушташуда ба посухи нерӯҳои сарҳадӣ бовар дорад.

“Агар шухию бозӣ карда бошанд, чихел тир аз қафо омада мезанад? Баъд додситонии низомӣ гуфт, ки дар дидбонгоҳ ду нафар буданд. Вале ман сабтҳои овозии сарбозонро дорам, ки дар дидбонгоҳ се нафар буданд, сеюм нафар нест дар ягонҷо... Асос гунаҳкорро фаҳмем, мумкин ягон афсар ин корро кардагӣ аст, ки дар идома инҳоро боздошт кунанд. Фарзанди ман ба ин ҳол афтид, фарзанди дигарон гирифтор нашаванд. Баъди марги писар, ҳамсарам чор моҳ шуд, ки бемор аст,»- афзуд Сафарбек Раҳимзода.

Марги сарбозон дар артиши Тоҷикистон

Бо иттиҳоми даст доштан дар марги Сунатулло Қурбонов, ҳамхизмати ӯ Асадулло Қурбонов дар боздошт аст. Додситонии ҳарбӣ алайҳи Қурбонов бо моддаи «сӯистифода аз ваколати хизматӣ, ки боиси марги инсон шудааст» парванда боз кардааст. Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Сарбози дастгиршуда сокини шаҳри Исфара аст ва маълум нест, ки то куҷо иттиҳомро эътироф ардааст. Рақамҳои волидайн ва адвокати сарбоз дастнорас буд.

Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани аскарон мушоҳида шудааст.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".

Мақомот пайваста мегӯянд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG