Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Рустамҷон Қурбонов, ҷавони 23 солаи тоҷик ҳамарӯза пас аз кор, машғули сохтани нармафзору барномаҳои интернетӣ аст. Ӯ чунин корро на дар дафтари корӣ, балки бо як компиютери оддӣ, дар айвони хурди манзили зисташон анҷом медиҳад.
Рустамҷон Қурбонов, як барномасози тоҷик мегӯяд, нармафзорҳои телефоние, ки офаридааст, дар даҳҳо кишвар истифода мебаранд.
Барканории Хосият Ортиқова, овозхони шинохтаи тоҷик, аз раёсати ансамбли “Чаман” ва рондани чанд зани рубобнавоз аз ин гуруҳи зери итоати Филармонияи давлатии Тоҷикистон нигаронии онҳоро ба бор овардааст.
Ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хуруҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ доранд.
Пайвандони баъзе аз журналистони кушташуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) бо гузашти қариб се даҳсола ҳанӯз дар бораи омилон ва фармоишгарони қатли онҳо маълумот надоранд.
Бо гузашти се даҳсола аз қатли чанд журналист дар Тоҷикистон пайвандонашон дар бораи қотилони онҳо маълумоте надоранд ва ҳанӯз мунтазири тантанаи адолат ҳастанд. Тафтишот рози куштори онҳоро то кунун ошкор накардааст.
Дар Тоҷикистон нигоҳҳо ба интихоботи раиси ҷумҳури Амрико мухталиф буда, бархе таҳлилгарон натиҷаи ин маъракаи сиёсиро барои кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ё рақиби демократаш Ҷо Байден ба Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад. Чӣ гуна таъсир? Худатон бубинед:
Як ҷавон аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон шикоят дорад, ки бо вуҷуди хатми донишгоҳ тариқи квотаи президентӣ ва дарёфти роҳхат, наметавонад ҷои кор пайдо кунад.
Садҳо ҷавони тоҷик аз ноҳияҳои дурдаст, ки бо мусоидати ҳукумат таҳсили карданду мутахассис шуданд, дар зодгоҳҳояшон ҷойи кор намеёбанд ва саргардону нигарон шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба ду палаи тарозуи адолат, ки рамзи адли додгоҳӣ аст, нигоҳи баробар надоранд.
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, ки зудтар корхонаҳои истеҳсоли орд дар кишвар ба ғанигардонии маҳсулот бо иловаи витаминҳо шурӯъ намоянд.
Гурӯҳе аз пизишкони ҷавон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки барояшон қитъаи замин бидиҳанд.
Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз иҷро шудани беш аз 80 дарсади нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш ва афзоиши сафи ихтиёриён хабар доданд. Вале баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки фарзандони онҳоро маҷбурӣ ё тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.
Дар бораи онки интихобот то куҷо воқеӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ гузашт, шубҳаҳо боқист. Барои баҳси ин мавзуъ ин дафъа ба барномаи “Гапи Озод” сиёсатшинос Сайфулло Сафаров ва рӯзноманигору таҳлилгар Раҷаби Мирзоро даъват кардем.
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 11 октябр дар Тоҷикистон эълон шуд. Бино ба қарори Кумисюни марказии интихобот, Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса ба чаҳор номзади дигар раъйи бештар ба даст овардааст ва ҳафт соли дигар дар мансаби худ хоҳад монд. Аммо дар бораи то куҷо воқеӣ будани интихобот шубҳаҳо боқист.
Баъзе аз соҳибкорони тоҷик аз зарбаи сахти коронавирус, нокофӣ будани имтиёзу сабукиҳо дар шароити ҳозира ва фазои, ба гуфтаи онҳо, носолим шикоят доранд.
Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист ба мақоми раиси ҷумҳур мегуяд, ки "интихоботи Тоҷикистон назар ба интихоботи дигарон" беҳтар аст ва ӯ натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад.
Як гуруҳ аз сокинони Тоҷикистон дар назарсанҷии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуфтаанд, ки розиянд бо маоши кам дар кишвар фаъолият кунанд ва ба Русия нараванд, аммо ҷойи кор намеёбанд.
Ёфтҳои бештар