Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро аз ҳаққи таъин ва барканор кардани мудирони идораҳои маориф маҳрум карданд ва дубора ин масъулиятро ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм доданд. Бо вуҷуди мухолифати бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон, ин қарор рӯзи 1-уми октябр дар порлумон қабул шуд.
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир дигарбора поин рафта, боис ба нигаронии хонаводаи муҳоҷирони корӣ шудааст. Рӯзи 30-юми сентябр бонкҳои Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русиро 129-131 сомонӣ муқаррар карданд, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш 7-8 сомонӣ камтар аст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба баррасии тарҳе даст ба кор шудаанд, ки коҳиши салоҳияти раҳбарони шаҳру навоҳиро дар низоми маориф, пешбинӣ мекунад.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ду афсари Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар марги як донишҷӯ гунаҳкор донист ва ҳар якеро мутаносибан ба 8-солӣ ба зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қаторӣ Фаридун Зиёвуддиновро ба он гунаҳкор кард, ки чор сӯзан хурдааст, то аз хизмати ҳарбӣ озод шавад.
Бозгашти ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар замони пандемия аз Русия ба ватан якбора сафи талабгорони корро зиёд, вале нархи меҳнатро дар кишвар бамаротиб арзон кардааст.
Як зани 30-соларо дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо гумони қатли чаҳор фарзандаш дастгир кардаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми сентябр рух додааст.
Рӯзи 9-уми сентябр аз соҳибистиқлолиии Тоҷикистон 29 сол пур шуд.
8-уми cентябр рӯзи байнулмилалии савод аст. Ин сана имсол ба шароите рост омад, ки бархе аз волидон фарзандони худро бо тарсу ҳарос барои донишомӯзӣ ба мактаб мебаранд.
Садҳо ҷавони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қабул шудаанд, аз мақомот талаб доранд, сафари онҳоро бо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо таъмин кунанд.
Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии 35-солаи тоҷикро баъд аз ҳашти моҳи боздошт озод кардаанд.
Ҳукумати Душанбе бо ташкили як комиссия кори марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла клубҳои шабонаро, ки бархе сокинон аз садои баландашон изҳори нигаронӣ кардаанд, ба танзим дароварданист.
Бо шурӯи таҳсил дар Тоҷикистон масъалаи набудани мактаб дар маҳалҳо ва ё камбуди синфхонаҳо дубора доғ шудааст.
Дар пайи занозании гуруҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе як сокини 24-солаи пойтахт ҷон бохтааст ва ҷасади ӯро рӯзи 19-уми август ба хок супурданд.
Бархе аз пизишкони тоҷик гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои гузашта имсол иди касбии худро бо рӯҳияи дигар ва хотираҳои гуногун аз рӯзҳои сахти мубориза ба зидди коронавируси нав ҷашн гирифтанд.
Аз замони ба Тоҷикистон овардани 84 кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқ як солу чаҳор моҳ мегузарад, аммо масъалаи зери тарбияи давлат ё наздиконашон мондани онҳо ниҳоӣ нашудааст.
Ёфтҳои бештар