Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.
Даҳҳо шаҳрванди Русия рӯзи 12-уми август дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки барои баргаштани онҳо ба кишвар шароит фароҳам биоранд.
Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳ карданд.
Дар ним соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 40 мавриди хешутаборбозиро дар идораҳои давлатӣ ошкор кардаанд.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба як гурӯҳ аз масъулони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ кушодааст.
Раиси ширкати "Барқи Тоҷик" тасдиқ кард, ки аз субҳи 27-уми июл интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон кам кардаанд.
Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар замони пандемияи коронавирус пешниҳодҳоеро ба ҳукумат ироа кардааст.
Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ босмар арзёбӣ мекунад.
Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз рафтори ҳамтоёни русаш дар мавриди посух надодан ба номаи ин ниҳод изҳори таассуф намуд.
Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия ба қимати ҷони худ ҳаёти кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дод, мегӯянд, ҳамеша бо рафтори фарзанди худ ифтихор хоҳанд кард. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, рӯзи 16-уми июн гуфт, амали писараш ҷавонмардона буд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемории хафвнок мегарданд, аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор ёфтан аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд.
Баъди беш аз як моҳи эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, ҳукумат ба порлумон санадеро пешниҳод намудааст, ки тибқи он барои надоштани ниқобҳои тиббӣ муҷозот пешбинӣ мешавад.
Гурӯҳе аз кормандони корхонаи "Талко кемикал" дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шикоят доранд, ки панҷ моҳ инҷониб маош нагирифтаанд ва дар шароити бади иқтисодӣ қарор доранд.
Ёфтҳои бештар