Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди даҳҳо дархост. Тоҷикистон талабот ба иҷозатномаи сохтмонро душвортар кард. ВИДЕО


Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, талабот ба иҷозатномаи сохтмонро шадидтар кардааст.

Раҳбарияти ин ниҳод аз камбуди мутахассисони касбӣ дар ширкатҳои сохтмонӣ нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки назоратро болои кори ширкатҳо пурзур намуданд. Ин дар ҳолест, ки бархе сокинон мегӯянд, дар кори ширкатҳои сохтмонӣ беҳбудии ҷиддие ба назар намерасад.

Ҳарчанд намояндагони баъзе аз ширктҳои сохтмонӣ мегӯянд, корашон бар асоси нақшаи пешбинишудаи мақомот аст, шикоят аз кори онҳо борҳо аз сӯи сокинон садо додааст. Як нигаронии сокинон ин аст, ки кори ширкатҳои сохтмонӣ на ҳамеша назорати ҷиддӣ мешавад ва гоҳе бо бунёди биноҳои нав хатару мушкилиҳои дигар барои атрофиён ба миён меояд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ намуд, ки ҳанӯз камбудҳо дар сохтмонҳо вуҷуд дорад. Ба Кумитаи сохтмон ва меъморӣ давоми шаш моҳ барои гирифтани иҷозатномаи сохтмон 271 дархост ворид шудааст, ки ба қавли масъулонаш ба 66 - тои он посухи рад дода шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, дархости 43 ширкати дигар дар баррасӣ қарор дорад. "Бисёре аз ширкатҳо базаи моддию техникӣ, мутахассисони касбӣ надоранд, барои ҳамин иҷозатномаашон рад карда шуд, нисбати солҳои пеш рад кардани иҷозатномаҳо дар ҳақиқат зиёдтар шудааст",-афзуд, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ.

Бархе огоҳон бар ин назаранд, ки камбуди мутахассисони касбӣ дар бахши сохтмон метавонад ба рушду сифати корҳо таъсир гузорад. Иқтисоддон Фирдавс Шарифов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "омода сохтани мутахассисон дар худи донишгоҳҳо ба таври хуб ба роҳ монда нашудааст ва ҳоло аз норасоии афроди касбӣ на танҳо бахши сохтмону меъморӣ, балки дигар соҳаҳо низ рушд накардаанд ва камбудиҳои зиёд ба назар мерасад".

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Дар Тоҷикистон дарёфти иҷозатномаи сохтмон душвортар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ имсол дар пайи санҷишҳояш дар ширкату ташкилоти сохтмонӣ дар бештар аз 2 ҳазору 800 ҳолат камбудӣ ошкор намудааст. Масъули як ширкати сохтмонӣ, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, на ҳама камбуд ва нигарониҳо танҳо марбути ширкатҳои сохтмонист. "Кори мо ҳам осон нест, аз пешниҳоди тарҳ то дарёфти иҷозатномаву дигар расмиёти зурарӣ хеле гап аст, мушкил аст, худи мақомот розигӣ медиҳанд, ки дар ҳамин майдон созед, лекин вақте мушкил сар зад, ҳама нисбати мо шикоят мекунанд. Як бор нархи масолеҳи сохтмониро бинед, хел боло рафтааст, агар дер кунем боз гап мешунавем"- гуфт, ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар Кумитаи сохтмон гуфтанд, бар асоси талабот, масофа байни биноҳо 20 метр пешбинӣ шудааст. Сокинон мегӯянд, ин талабот на ҳамеша риоя мешавад ва наздик будани масофа байни биноҳои навсохту роҳи пиёдарав боиси нигаронии онҳо шудааст.

Ҳоҷивалӣ Шарипов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "воқен ҳам гузаштан аз назди сохтмонҳо хатарнок шудааст, лекин маҷбурем гузарем, роҳи дигар нест, ҳар куҷое арз кунем, худамонро гунҳкор мебароранд".

Баҳром Каримов, сокини ноҳияи Шаҳринав чанд вақт боз дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, "ҳар замон хатари афтодани оҳанпорае аз сохтмонҳои баландошиёна ба болои сокинон наст". Ӯ афзуд, беҳтар аст, биноҳо аз роҳҳои бузургу пиёдарави сокинон дуртар сохта шаванд, то эҳсоси тарс ҳангоми гашутгузор кам шавад. Мавридҳои афтодани оҳанпора аз баландошиёнаҳо ва дар пай ин маҷруҳ шудани сокинон дар гузашта расонаӣ шудааст. Гоҳе талоши ҷабрдидаҳо низ барои пардохти ҷуброни зарар ҷиддӣ гирифта намешавад.

Солҳои охир дар шаҳру навоҳии кишвар сохтмони биноҳо бештар шудаанд. Мақомот ҳамвора аз тағйир ёфтани симои шаҳру ноҳияҳо суҳбат мекунанд, вале сокинон аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо ибрози нигаронӣ менамоянд. Феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ширкату ташкилотҳои сохтмонию пудратчӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG