Дар Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши босуръати хонасозӣ шикоят ҳамчунон зиёд аст, ки зӯри аксарият барои хариди ҳадди ақал як хонаи дуҳуҷраӣ намерасад. Солҳои охир сохтмони биноҳои бузург дар бисёре аз шаҳрҳо идома дорад, вале аксарият мегӯянд, барои хариди як хонаи хурд бояд даҳсолаҳо кор кунанд.
Як маркази адабӣ дар Душанбе китобҳои пурхонандаи ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ баргардон ва нашру паҳн мекунад. Абдуҷалили Амон, мудири Маркази “Хирад” мегӯяд, дар Тоҷикистон ба ҷуз китоби нависандаҳои дохилӣ ба асарҳои адибони хориҷӣ низ шавқ доранд.
Дар гӯшаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс дар бораи бадрафтории як хушдоман бо келинаш, ки ӯро ба дуздии як бурдаи нон муттаҳам мекунад, идома дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари чанд раҳгузарро дар ҳамин бора ва муносибати келину хушдоман пурсиданд. Шумо ҳам бубинед ва назаратонро нависед.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳқиқи шикояти Ҷумҳурии Узбекистон аз сифати ду маводи дорувори истеҳсоли ширкати ҳиндии Marion Biotech - шарбати Амбронол ва ДОК-1 Макс (AMBRONOL ва DOK-1 Max) фурӯш ва истеъмоли онҳоро дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилоти вобаста ба СММ манъ кард.
Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон мегӯяд,то кунун дар кишвар ягон ҳолати марг аз истеъмоли доруҳои истеҳсоли ширкати ҳиндии «Марион Биотек»-ро сабт накардааст. Ширкати ҳиндӣ доруҳоеро ба мисли Doc 1 MAX истеҳсол мекунад, ки ахиран дар Узбекистон аз истеъмоли он 20 кӯдак фавид.
Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шабу рӯз аз бекорӣ, сармо ва нархи гарони маҳсулот азият мекашанд. Навор дар охири ҳафтаи гузашта сабт шуд.
Рӯзҳои 10 ва 11-уми январ дар аксар гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе, ғайриинтизор ва бархилофи зимистонҳои гузашта ҳаво сард шуд ва барфи зиёд борид. Баъзе аз сокинон онро хуш пазируфтанд. Гуруҳе аз зуд тоза нашудани роҳҳо шикоят доштанд. Як рӯзи Душанбеи барфиро дар инҷо бинед.
Шумо аз кадом роҳ зиндагиятонро пеш мебаред ва чӣ кор мекунед, ки пулатон аз ин моҳ ба моҳи дигар бирасад? Ҳамкори мо Амир Исоев дар Душанбе бо ҳамин суол ба чанд раҳгузар муроҷиат кард. Посухҳо инҷост.
Нахустин ҳавопаймои ширкати “Jazeera Airways” аз Кувайт ба шаҳри Душанбе расид.
Соли 2022 соли таронаҳои нави Нигина Амонқулова ва рӯйи саҳна омадани Ёсамин Давлатова , "Ҷодугар"-и Меҳрнигори Рустаму “Метро”-и Сафармуҳаммад ва муаррифии таронаҳои Мубориз Усмонов дар берун аз Тоҷикистон буд.
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон хабари маҳрум шудани духтаронро аз таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои кишвари худ бо дард қабул кардаанд. Онҳо тасмими Толибонро мухолиф ба дини Ислом дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак доранд.
Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Дар Душанбе рӯзи 17-уми декабр ҷашнвораи мусиқии "Тарона" баргузор шуд. Ҳадаф аз ин ҷашнвора ба гуфтаи масъулони радиои "Азия Плюс" ва баргузоркунандагонаш, кумак ба рушди истеъдодҳои нав ва қадрдонӣ аз ҳунари овозхонҳои собиқадор аст.
Баъзе аз фаъолон дар Тоҷикистон хоҳони ислоҳи қонуне шудаанд, ки ҳукумат сабаби фаровонии дасторхону сарфа шудани пули мардум ва яке аз дастовардҳояш медонад.
То Соли нави мелодӣ бештар аз ду ҳафтаи дигар мондааст. Сокинон барои таҷлили ин ҷашн аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Бо наздикшавии ин ҷашн хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад. Бозори фурӯши тӯҳфаҳои идона низ гарм аст.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократ интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.
Сарафроз Шарифов, сокини 34 солаи шаҳри Душанбе аз ягона манбаи даромадаш маҳрум шудааст. Шарифов дар ширкати “Рахш таксӣ” кор мекард ва инак як ҳафта боз бекор аст.
Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе шикоят карданд, ки нозирони роҳ рақамҳои давлатии мошинҳояшонро беасос мечинанд ва бо ин роҳ онҳоро аз мусофиркашӣ маҳрум мекунанд. Онҳо гуфтанд, таксиронӣ ягона манбаи даромади онҳо буд ва ҳоло намедонанд чӣ кор кунанд.
Ёфтҳои бештар