Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони тоҷик ҷавоб надоранд ё аз гуфтани ҳақиқат меҳаросанд? ВИДЕО


Нишасти матбуотии вазири маориф. Душанбе, 2-юми феврали 2022
Нишасти матбуотии вазири маориф. Душанбе, 2-юми феврали 2022

Вазири маорифи Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон посухи мушаххас надод.

Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 2-юми феврал гузашт, аз Раҳим Саидзода дар бораи тағйири китобҳои дарсӣ, рафтани омӯзгорон, таъсири қонуни артиш ба мактабҳои олӣ ва мушкилоти дигар пурсиданд. Вазири маориф баъзан суолҳоро нодида мегирифт ва чунин вонамуд мекард, ки ниҳоди зертобеаш мушкиле надорад.

Дар Тоҷикистон норасоии омӯзгор нест?

Чанд хабарнигор аз вазири маориф пурсиданд, ки соли гузашта чанд омӯзгор корро бас карданд ва ҳоло чӣ қадар муаллим намерасад? Раҳим Саидзода, вазири маориф, талош мекард, норасоии омӯзгоронро рад кунад.

Раҳим Саидзода
Раҳим Саидзода

“Мо норасоӣ не, эҳтиёҷот ба кадр мегӯем. Агар гӯем, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадр таъмин нестанд, хато мешавад. Дар баъзе ҳолат омӯзгороне ҳастанд, ки тахассусашон мувофиқат намекунад. Кӯшиш кардем, инро пурра инро барҳам диҳем,” – гуфт вазир рӯзи 2-юми феврал.

Пойфишории хабарнигорон бар сари мавзуъ боис шуд, муовини вазир ба баҳс ҳамроҳ шавад. Посухҳои Зиёдулло Абдуллозода низ хабарнигоронро қонеъ накард. Абдуллозода танҳо гуфт, рақамҳо ҳар замон тағйир мекунанд ва дақиқ гуфта наметавонад, ки ҳоло чӣ қадар омӯзгор намерасад.

Вазирони собиқи маориф ҳадди ақал ҷой доштани масъаларо тасдиқ мекарданд.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири собиқи маориф, моҳи феврали соли гузашта дар нишасти хабарӣ гуфт, “тарки соҳа кардани омӯзгорон чизи нав нест. Сабабҳои аз кор рафтан гуногун аст, фавт аст, нафақа аст, иваз намудани ҷойи зист аст.”

Соли гузашта масъулони бахши маорифи вилояти Хатлон гуфтанд, танҳо дар як сол аз ин вилоят 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафтанд.

“Пешниҳод кардем, аммо... саволи дигар”

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати маориф
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати маориф

Посухҳои масъулони Вазорати маориф дар бораи таъсири қонуни нави даъват ба артиш ба мактабҳои олӣ ва тағйири китобҳои дарсӣ ҳам умумӣ буд. Раҳим Саидзода дар ҷавоб ба суоли хабарнигори Озодӣ гуфт, пешниҳодҳои худро ба ҳукумат фиристодаанд. Вақте хабарнигор мушаххас дар бораи пешниҳодҳо пурсид, вазир суолро нодида гирифт.

Раҳим Саидзода танҳо гуфт, ин тағйирот барои “боз ҳам баланд бардоштани самти магистратура” равона шудаанд.

Бар асоси қонуни нави даъват ба артиш, ки соли 2021 қабул шуд, муҳассилони риштаҳои магистратура ва докторантура аз ҳаққи ба таъхир андохтани хидмат дар артиш маҳрум шуданд. Ба ин сабаб теъдоди муҳассилон дар риштаи магистратура як баробар кам шуд.

Ин вазъ нигарониҳоро ба миён овард. Аз ҷумла, як коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ниҳоди зертобеи президент, аз қонуни нави даъват ба артиш интиқод кард ва гуфт, ин қонун метавонад барои соҳаи маориф ва илм "оқибатҳои фалокатбор" ба бор орад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Вазири маориф ба суоли хабарнигорон посух надод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

“Дигар суолҳоро нодида мегиранд”

Аз ин нишасти хабарии Вазорати маориф чунин бармеомад, ки ин соҳа мушкили ҷиддӣ надорад. Вазири маориф аз 20 дарсад зиёд шудани маошу стипендия, таҷлили рӯзи омӯзгор ва ғайра тавсиф мекард. Ҳарчанд нигарониҳо аз сифати таҳсил ва зиндагии омӯзгорон зиёд садо медиҳад.

Мазҳаб Ҷумъа
Мазҳаб Ҷумъа

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс”, мегӯяд, сол то сол дар нишастҳои матбуотӣ як тамоюли нав рӯ мезанад, ки он ҳам посух надодан ё бо ҳар роҳ гурез аз саволҳо аст.

“Рӯзи сеюми нишастҳо аст. Вазирон ба ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ба саволҳои журналистон на танҳо посухи пурра надиҳанд, балки умуман сарфи назар кунанд. Ин нишасти Вазорати маориф ҳам айнан чунин шуд. Вақте журналистон се-чор дафъа камбуди омӯзгоронро пурсиданд, ҷаноби вазир бе зикри омор пурсиши журналистонро сарфи назар кард. Ҳарчанд солҳои гузашта ин омор дастрас буд,” -- афзуд хабарнигор.

Мақомот аз баргузории нишастҳои хабарӣ ҳамеша тавсиф карда, онро як намунаи ҳамкории давлат бо расонаҳо медонанд. Дар ин миён вазири маориф ягона мақомдоре нест, ки аз посухи дақиқ ба суолҳои хабарнигорон худдорӣ мекунад. Дар нишасти Вазорати энергетика, ки 30-юми январ баргузор шуд, низ хабарнигорон дар бораи содироти барқ ба Афғонистон ва нархи он пурсиданд, вале посух нагирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG