Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар гуфтугӯҳо бо Маскав, аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии ватанӣ ҳимоя намуда ва ба принсипи баробарӣ дар анҷоми парвозҳо, пойфишорӣ хоҳанд кард. Ин вазорат айни замон мегӯяд, ки Маскав ҷадвали парвозҳои ширкатҳои Тоҷикистонро танҳо то рӯзи 8 ноябр тасдиқ кардааст.
Ба сабабҳои то кунун номаълум нерӯи барқ дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар гӯшаҳои кишвар қатъ шуд. Мақомот мегуянд, барои рафъи мушкилӣ талош доранд. Видео аз Душанбе аст ва бидуни шарҳ аст.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Аз 27-ум то 31-уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” баргузор мешавад.
Аз 27-ум то 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” баргузор мешавад.
Аъзам Аҳруллоев як ҷавони тоҷик, ки хабарнигор аст, тасмим гирифтааст, пойафзолҳои кафшдузони Тоҷикистонро бо бренди тоҷикӣ вориди бозори дохилу хориҷ кунад.
Ҳар моҳ даҳҳо нафар барои тамошои ҷанги сагҳо дар маҳаллаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ҷамъ мешаванд. Дар як майдони хурд, ки чор тарафаш бо симтӯр печонда шудааст, сагҳои ҷангӣ бо ишораи соҳибонашон ба ҷони якдигар дарафтода, зӯру тавони худро ба намоиш мегузоранд.
Дар Тоҷикистон ҳар фасли тирамоҳу зимистон мусобиқоти сагҷанг баргузор мешавад. Мусобиқае, ки садҳо нафар ба тамошояш мераванд, вале ҳазорон нафари дигар баргузории онро маҳкум кунанд.
Фурӯшгоҳи нахустини "Баскин Роббинс" дар Душанбе, ки ҳаминак ду рӯз боз дараш ба рӯи муштариён боз шудааст, аллакай муштариёни худро пайдо кардааст. Масъулони ин фурӯшгоҳ мегӯянд, бисёре аз муштариёнаш хориҷиҳо ҳастанд, ки барояшон бренди "Баскин Роббинс" ошно ҳаст.
Гурӯҳи ҳунарии латвиягии “Барака”, ки бо бозхонии суруду таронаҳои тоҷикӣ маъруф аст, ахиран албоми мусиқиеро нашр кард, ки ба хотираи Аҳмад Зоҳир овозхони пурҳаводори афғон бахшида шудааст. Ин дастаи ҳунарӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо усули рэп ахиран бозсароӣ кардааст.
Чанде аз донишмандони таърихи муосири Тоҷикистон пешниҳод карданд, то дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои кишвар омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон аз рӯи таълимоти Мансур Бобохонов ба роҳ монда шавад.
Шуморе аз донишмандони тоҷик пешниҳод доранд, ки "Таърихи тоҷикони ҷаҳон" ҳамчун фаннӣ алоҳида таълим дода шавад. Аммо гурӯҳе ҳам мегӯянд, ки он дар доираи дарсҳои таърих таълим дода мешавад ва ба барномаи таълимӣ ворид кардани он ҳамчун як фаннӣ алоҳида, ниёз нест.
Як сокини ноҳияи Рашт барои иншои беҳтарин дар бораи духтараш ҷоизаи Бунёди нуфусшумории СММ-ро соҳиб шуд. Наҷмиддин Шарифов гуфт, аз духтаре, ки падараш то синфи 7 ва модараш то синфи 5 таҳсил кардаанд, вале ӯ тавонист, дар Аврупо маълумот гирад, ифтихор мекунад.
Сафорати Украина дар Душанбе дар ҷамъи гурӯҳе аз дипломатҳои хориҷӣ, хабарнигорон филми мустанади наверо дар бораи нимҷазираи Қрим намоиш дод. Филми “Муқовимати Қрим” дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ гуна Русия онро соли 2014 ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Нобоварӣ ба ҳамсар ва шак доштан ба падарии худ бархе аз мардони тоҷикро ба ташхисгоҳи ДНК мебарад ва як дастгоҳи хурду зоҳиран оддӣ сарнавишти даҳҳо хонаводаро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Он метавонад як оиларо вайрон намояд, ё баръакс, хонаводаҳоро бо ҳам пайвандад.
Ширкатҳои амниятӣ дар Тоҷикистон акнун дар баробари мардҳо хизмати занони муҳофизро пешниҳод мекунанд. Занони зиёде барои кор ба ҳайси муҳофиз ё нигаҳбон дари ин ширкатҳоро мекӯбанд.
Намозгузорон дар масҷиди марказии Душанбе дар оянда аз дохили дастгоҳҳое мегузаранд, ки мавҷудияти абзорҳои тарканда ба мисли бомбаро нишон медиҳанд. Дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои металлиро, ки ба масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб овардаанд, ба зудӣ дар даромадгоҳи масҷид насб карда мешаванд.
Шаҳрдории Душанбе амр додааст, дар масҷиди марказии пойтахт, тадбирҳои амниятӣ тақвият дода шавад. Дар қарори ҳукумат омадааст, барои иҷрои қонун дар бораи мубориза бо терроризм бояд дар Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб камераҳои иловагии назорати доимӣ ва дастгоҳҳои ташхиси метал насб карда шаванд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дувуми байналмилалии дӯстонаро бо тими миллии Фаластин бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод.
Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев дар Бозиҳои V соҳилии Осиё сардовари мусобиқаи самбо таъин шудааст. Пеш аз сафар ба ин мусобиқа, ки 30-юми сентябр дар шаҳри Дананги Ветнам шуруъ шуд ӯ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Ёфтҳои бештар