Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба номи халқ савганд ёд карданд ва гуфтанд, ки манфиати шахсиро аз манфиати давлат боло нахоҳанд гузошт ва ба мардум содиқона хидмат мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, аз раҳгузарон пурсид, ки ба ин савганд бовар мекунанд.
Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев дар Бозиҳои V соҳилии Осиё сардовари мусобиқаи самбо таъин шудааст.
Убайдулло Мирзоеви 77-сола ҳар субҳ ба гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (ЦУМ) меояд. Хонаи ӯ дар 25-километрии Душанбе, дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ҳисор, воқеъ аст. Зиёда аз 20-рӯз аст, ки ин пирамард бо коғазу аксҳои гирду атрофаш диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб мекунад.
Убайдулло Мирзоеви 77-сола, қаҳрамони чандкаратаи гуштӣ дар Тоҷикистонро ҳар субҳ метавонед дар яке аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар маркази пойтахт пайдо кунед. Дар инҷо умдатан талбандаҳо менишинанд, вале ӯ мегӯяд, кораш на талбандагӣ, балки тарғиби варзиш аст.
Дар чаҳорчӯби стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд барои бахши энержӣ, роҳсозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, бахши хусусӣ ва самтҳои дигари иқтисод ҳудуди 460 миллион доллар ҷудо мекунад.
Ба донишҷӯёне, ки имсол ба далели ширкат дар раҳпаймоӣ аз таътили тобистона маҳрум монданд, бо як қарори шаҳрдори Душанбе давоми нӯҳ моҳ автобусу троллейбусҳои пойтахт ройгон хизмат мерасонанд.
Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия эълон кард, ки вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, чандон нигаронкунанда нест ва размоиши якҷояи нирӯҳои Тоҷикистону Русия дар Лоҳур танҳо санҷиши омодагӣ ба ҳамлаҳои ногаҳонӣ буд.
Афзалшоҳ Холов, ки дар чандин мусобиқоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ Тоҷикистонро аз рӯи варзиши вазнабардорӣ муаррифӣ кардааст, барои таъмини хонаводаи худ дар Чойхонаи Роҳат низ кор мекунад. Вай 21 сол дорад ва мегӯяд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст.
Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия рӯзи 15 сентябр дар размоишгоҳи Лоҳур, 25-километрии ҷанубуғарби шаҳри Душанбе, баргузор шуд. Дар ин размоиш ҳудуди ҳазор сарбозу афсар иштирок карда ва аз 200 техникаи ҳарбӣ истифода шудааст. Онҳо душмани шартиеро саркӯб карданд, ки як биноро таҳти тасарруфи худ дароварда буд.
Константин Гапоненко, фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия, эълон кард, ки вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаронкунанда нест ва размоиши якҷояи нирӯҳои Тоҷикистону Русия дар Лоҳур танҳо санҷиши омодагӣ ба ҳамлаҳои ногаҳонӣ буд.
Таркиши як снаряди пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб ҳафт сол пеш Акмал Исроиловро аз биноӣ маҳрум кард ва ҳоло ин фоҷиа мавзӯи тарона ва клипҳои ӯст. Акмал мегӯяд, то ҳол натавонистааст ин таркишро аз ёд барад.
Урунбой Тӯрдиев, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, шоҳиди чӣ гуна ба истиқлол расидани Тоҷикистон буд ва он рӯзҳоро наметавонад ба осонӣ фаромӯш кунад. Ӯ гуфт, ҳарчанд рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон вазнин буд, "ҳоло сокинон роҳи зиндагии худро ёфтаанд". Тӯрдиев ба ошпазӣ машғул аст.
Масайн Масайнов аз устоҳои шинохтаи созҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳамроҳи хонаводааш дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунад.
Нигор Ашӯрова, сокини 66-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), мегӯяд, ки баъди ҷазо гирифтани чаҳор фарзандаш барои қочоқи маводи мухаддир аз деҳаи Қавоқ ронда шудааст. Сокинон иддао кардаанд, ки фарзандонаш деҳаро бадном карданд ва ӯ бояд аз ин деҳа биравад.
Нигор Ашӯрова, сокини 66-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), мегӯяд, ки баъди ҷазо гирифтани чаҳор фарзандаш барои қочоқи маводи мухаддир аз деҳаи Қавоқ ронда шудааст. Сокинон иддао кардаанд, ки фарзандонаш бо аъмоли худ деҳаро бадном карданд ва ӯ бояд аз ин деҳа биравад.
Соҳибони қалъаҳои амсоли Қаҳқаҳа аз пайравони ойини маздоӣ будаанд, ки то асрҳои миёна муқовимати худро дар Бадахшон ба истилогарон идома доданд.
Хонаи помирӣ аз панҷ сутуни асосӣ, чӯбҳои пайвасткунанда ва равзана иборат аст, ки ҳар яке рамз ва маънии худро доранд. Дар гузашта, ин панҷ сутун бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ – Аноҳита, Суруш, Озар, Замйод ва Меҳр – ёд мешуд.
Хонаи помирӣ дар заминаи афкори динии мардум бунёд шудааст. Тули таърих ин ақоид аз қолаби зардуштӣ ба исломӣ табдил ёфтаанд. Ончӣ дар як давраи таърихи бо номҳои марбут ба фарҳанги маздоӣ ёд мешуд, бо омадани мазҳаби исмоилия ба Бадахшон номҳои исломӣ гирифтанд.
Ёфтҳои бештар