Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Эрон ваъдаашро дар мавриди ихтисоси 1 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми корҳои техникии роҳи оҳани масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон иҷро накардааст.
Тоқиҳои вахонӣ, ки бо шаклу ранг ва тарзи дӯхт аз дигар тоқиҳои минтақаҳои Тоҷикистон фарқ мекунанд, дар бозорҳо аз 150 сомонӣ ва ё 20 доллар ба боло нарх дорад. Cолҳои ахир бо серхаридор шудани ин тоқиҳо, ҷавонони зиёд ба омӯхтани ин ҳунар пардохтаанд.
Паринамо Шаҳбозова, як сокини 18-солаи ноҳияи Ишкошим 5 сол мешавад ҳунари худро дар дӯхтани тоқиҳои вахонӣ месанҷад.
Дар Тоҷикистон қонуне ҳукми иҷро мегирад, ки бар асоси он вазирон бояд ба номи раиси ҷумҳур қасам ёд кунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз се раҳгузар пурсид, ки симои мақоми баландпояро чӣ гуна тасвир мекунанд.
Раҳбарияти нави ширкати "Тоҷикэйр" барои ҷалби таваҷҷӯҳи мусофирон ба ин ширкат тахфифу имтиёзҳоеро ҷорӣ кардааст.
Нооромиҳо дар Афғонистон шумори тоҷирони афғонро дар бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ кам карда, дар содироти молу коло ҳам таъсир расондааст.
Нооромиҳо дар Афғонистон шумори тоҷирони афғонро дар бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ кам карда, дар содироти молу коло ҳам таъсир расондааст. Чанд сол аст дар мавзеъҳои марзӣ гурӯҳи тундрави Толибон амалиёт анҷом медиҳанд.
Тангдастии оила ва нотавониву бекории мардони хонавода шуморе аз занонро дар Афғонистон водор кардаааст, ки тарсу ҳаросро як сӯ гузоранд ва ба сафи низомиён бипайванданд.
Муштзани маъруф Анвар Юнусов Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки аз 5-ум то 21-уми августи соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, намояндагӣ мекунад.
Истиқбол аз ноком шудани кудато, Нигаронӣ аз бархӯрди дурушти мақомоту таҳдиди аз байн рафтани арзишҳои демокративу озодиҳои шаҳрвандӣ ва эҳёи ҳукми эъдом ва Умед ба он ки Анқара ба гирдоби нооромиҳо кашида нахоҳад шуд.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Маккинзе, (Мckinsey), ки иқтисоди ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, муайян кардааст, ки агар 50 дарсади қишри коргар занон бошанд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он кишвар 11 дарсад боло хоҳад рафт.
Оҷонсӣ дар бораи маҳдуд кардани воридоти равғани нахл ба Тоҷикистон аст.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 12 июл дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров дар ҳоле аз 80-солагии худ таҷлил мекунад, ки ба ҷуз аз як саҳна қариб чизе надорад. Ҳамин саҳна ҳам барои гузоштани намоишномаҳои калонҳаҷм ва касбӣ мувофиқ набудааст.
Молики ширкати "Нури ёвар", ки таваққуфгоҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар ихтиёри ӯст аз кӯшишҳои ғасби рейдерии моликияташ шикоят дорад.
Як соҳибкори тоҷик иддао дорад, ки баъзе аз мақомоти ширкатҳои давлатӣ мехоҳанд, моликияти ӯро ба зӯрӣ бигиранд.
Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро бо Душанбе мепайвандад, 66 сол пеш дар баландии то 2000 метр бунёд шуда, аз роҳҳои стратегӣ, вале пурхатар ҳисоб мешавад.
Маҷмааи Чашмаи Носир дар Бадахшон аз мавзеъҳои таърихест, ки то кунун таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Маҷмааи Чашмаи Носир дар Бадахшон аз мавзеъҳои таърихест, ки то кунун таваҷҷӯҳи меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Пайдоиши ин чашма, ки дар мавзеи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ рабт дода мешавад.
Ёфтҳои бештар