Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ҳаммарз бо Ишкошими Афғонистон, зиндагии маъмулӣ идома дорад, вале барои муолиҷа овардани сарбозони маҷрӯҳ аз он тарафи марз баёнгари таҳдид ба оромӣ дар ин самт низ ҳаст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн Рӯзи Ваҳдатро таҷлил карданд.Ҷашнҳои аслӣ дар Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, сурат гирифт ва хабарнигорони Радио Озодӣ аз раҳгузарон дар шаҳр пурсиданд, ки ваҳдат барояшон чӣ маънӣ дорад.
Таассуроти сарояндагони тоҷик аз тантанаҳои ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон.
Бо намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон хабарнигори радиои Озодӣ ҳамсафар буд.
Тантанаҳои асосии 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ – маркази Бадахшон баргузор хоҳанд шуд. 19 соли пеш дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин имзо шуда, ба ҷанги панҷсола хотима гузошта буд.
Як пажӯҳиш маълум кардааст, ки дар даҳсолаи ахир нигоҳу интихоби хонумҳо дар Тоҷикистон ба варзиш тағйир хӯрдааст ва занону духтарон аз варзишҳои зебову сабук канор мераванд.
Бюрократия ва коғазбозӣ монеи соҳибкории истеҳсолӣ мешавад.
Сумаяи чорсола, духтари як ҷангии тоҷик дар Ховари Миёна аст, ки падарашро танҳо аз рӯи аксу видеоҳо ёд дорад. Ӯ ду соли баъдӣ аломатҳои падарашро дар чеҳраи ҳар мард ҷустуҷӯ кард ва билохира рӯзе ӯро ёфт.
Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҷамъ омада ва бо баргузории ҳамоише, эътирози худро дар нисбати изҳороти ахири Иттиҳодияи Аврупо баён карданд.
Бо гузашти 8 аср аз замони зиндагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ дигарбора ин савол доғ мешавад, ки муаллифи “Маснавии маънавӣ” аз куҷост ва меросаш моли кадом кишвар аст?
Муҳаммад Алӣ -- муштзани маъруф рӯзи 3-юми июн вафот кард. Ӯ дар хотири мардум чун шахси мубориз ва варзигари беҳамто хоҳанд монд. Ҳоло ҳам наворҳои набардҳои ӯ дар миёни мардум маҳбубанд ва бисёре аз варзишгарон онро дастур барои омӯзиш қарор додаанд.
Кӯчаҳои Душанбе ин рӯзҳо камодам аст. Волидайн ба фарзандонашон тавсия медиҳанд,ки дар берун бо худ чатр бигиранд.Сокинони шаҳр мегӯянд,ки тобистони имсол ба фарқ аз дигар солҳо гармтар аст.
Султон Мирзошоев, вазири собиқи фарҳанг ва раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, нимрӯзи 8 июн дар қабристони "Сари Осиё"-и Душанбе ба хок супурда шуд.
Як навраси нуҳсолаи тоҷик тасмим гирифтааст, ки китоби қиссаву афсонаҳояшро бо забони тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расонад.
Порлумони Тоҷикистон як бастаи тағйиру иловаҳоро ба қонуни будҷаи соли 2016 ҷонибдорӣ намуд, ки бар асоси он мизони андоз барои чанде аз соҳаҳои иқтисод поин бурда шуд.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон як рӯз пеш аз рӯбарӯ шудани футболбозонаш бо тими Бангладеш гуфт, ки вазифаи онҳо роҳ ёфтан ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 аст.
Дар ин нишаст Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки вазифаи ягонаи даста дар ин бозӣ пирӯз шудан аст. Вай афзуд, “моро бозии ҷиддӣ дар пеш аст. Бинобар ин мо ба он хуб омодагӣ гирифтем."
Ҷашнвораи минтақавии футболи AFC бо пирӯзии тими наврасони Эрон хотима ёфт.
Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо шоир Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки пайвандгари тоҷикони Узбакистон ва Тоҷикистон аст. Ӯ барои мардуми паси марзҳо афтида, расули адолату озодист. Ҳаёт Неъмат мегӯяд, ҳоло андеша ба тарс бадал шудааст, ки боиси нигаронии ӯст.
Баъди 10 соли "муътодӣ" ба сигор, рэпсарои шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Шарифов, маъруф номи бо Шон МС, аз ин одат даст кашида ва саҳнаҳои сигоркаширо ҳам аз таронаҳояш дур кардааст.
Ёфтҳои бештар