Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Шон МС рэпсароӣ ҷавон бовар дорад баъди даст кашидани ӯ аз сигор теъдоде аз наврасони тамокукаш ба ӯ пайравӣ мекунанд ва аз ин одати бад даст мекашанд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба карате-кёкушинкай дар Бишкек 12 медал ба даст оварданд.
Ҳамзиддин Шамсиддинов мегӯяд, дар бораи ислоҳи Қонуни асосӣ ҳеч иттилоъ надошт, вале мақомоти маҳаллашон гуфтаанд, ки баъди қабули тағйирот зиндагии онҳо беҳбуд хоҳад ёфт.
Бархе аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки бархӯрди, ба қавли онҳо, номуносиби пулис бо боздоштшудаҳои ҷашни "ҳолӣ" бовари сокинонро ба нозирони тартибот коста хоҳад кард.
Дар 15-уми ҷашнвораи минтақавии косибон, ки дар ҳафтаи охири моҳи май дар шаҳри Бухоро баргузор мешавад, Тоҷикистонро заргари ҷавон Дилмурод Шарифов муаррифӣ мекунад.
Ҳумоюн воркаути хиёбониро барои рушди варзиш дар Тоҷикистон муҳим медонад ва мегӯяд ин навъи варзиш аз шахс бозувони боқувват ва чолокӣ талаб мекунад. Ӯ аз интернет дар бораи воркаут маълумот ҷамъ оварда, ният дорад дар Тоҷикистон мактаб таъсис диҳад.
Як хонандаи мактаби миёна дар Душанбе бо иҷрои ҳаракатҳои ғайриоддӣ талош дорад, намуди варзиши навро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.
Дастгоҳи таблиғотии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ аз чӣ истифода мекард ва дар Тоҷикистон Ҳитлеру Геббелсро чӣ гуна мешинохтанд?
Ғулом Шарифов ва Ҷумъа Пӯлодов ҳанӯз ба синнни 18 нарасида, барои иштирок дар ҷанги зидди Олмони фашистӣ рафта буданд. Ҳоло ин ду нафар гузашта ёд мекунанд, аммо ҳар кас - ба таври худ.
Маркази Лев Гумилёв, як бунгоҳи пажуҳишии дар Русия бо таъсиси як экспедитсияи хоса, ният дорад расму оин ва бовару одатҳои мардумии Бадахшони Тоҷикистонро биомӯзад.
Гурӯҳе аз шикорчиёни собиқ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ҷамъияте барои ҳифзи ҳайвоноти нодир таъсис додаанд.
Ҷамъияти “Табиатдӯстон”, ки шикорчиёни собиқро муттаҳид кардааст, бузҳои нодири пармашохро аз шикори ғайриқонунӣ ҳифз мекунад.Барои Азиз Шерхон ва рафиқонаш шабро дар кӯҳ рӯз кардан одати дерина аст. Ҳар яки онҳо шикорчиҳои пуштианд.
Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Бархе аз деҳқонон дар манотиқи кишвар шикоят доранд, ки мақомот аз онҳо талаб доранд, то дар заминҳои кишташон ҳатман пахта кишт намоянд. Раҳим Обидов, масъули яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки мақомот ҳатто гуфтаанд юнучқаи коридаашро аз байн бибарад.
Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар навоҳии кишвар шикоят доранд, ки мақомот онҳоро маҷбур доранд, то дар заминҳои зери ихтиёрашон, ҳатман пахта коранд.
Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ ҳамин тавр, баъди Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои мушарраф шудааст.
Дар марҳилаи ниҳоии размоиши -- “Ҷустуҷӯ-2016”, “гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд”, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва неруҳои заминӣ нобуд шудаанд.
Тамрини 1500 нерӯи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ рӯзи 18 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб" ва тамрингоҳи "Лоҳур" дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Хабарнигори Озодӣ аз маҳалли баргузории тамринҳо гуфт, ки ба ҷуз аз нерӯҳои Арманистон намояндагони кишварҳои дигар ҳозир шудаанд.
Баъзе аз ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон бо истифода аз хотироти хуби сокинон аз Иттиҳоди Шӯравӣ номҳои хоси он давронро барои маҳсулоташон интихоб мекунанд.
Пеш аз бозии дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2016 бо тими “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ рӯзи душанбеи 11 апрел дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарӣ доир шуд.
Ёфтҳои бештар