Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Имрӯз, 11 апрел, пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Нафт Ал-Васат”-и Ироқ дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.
Ба назар мерсад рӯи шумораи фаъолиятҳои иҷозатномавӣ ду қувва дар набард ҳастанд: аз як сӯ созмонҳои байналмилалии кумакрасони Тоҷикистон ва аз сӯи дигар идораву ниҳодҳои худи ҳукумат.
Гурӯҳи барномасозони ҷавон дар Душанбе замимаи вижаеро барои телефонҳои ҳушманд омода кардаанд, ки довталабонро ба имтиҳонҳои қабул омода мекунад.
Азиза Ҳамидова барои интихоби ихтисос ва омодагӣ ба имтиҳони тестӣ аз телефони мобилаш истифода мекунад. Дар телефони ҳамроҳаш барномаеро насб кардааст, ки ҷои китобҳои тестиро мегирад
Раҳбари Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикисто гуфт, ки Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар Қатар Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кардааст.
Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди кишвар, ба далели истифодаи допинг барои 4 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум шудааст.
Тарроҳи ҷавони тоҷик Макнуна Ниёзова барои намоиши либосҳояш дар як ҷашнвораи ҷаҳонӣ Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ мегирад.
Дар Рӯзи 1-уми апрел, ки ҳамчун рӯзи ханда ва ҳазл шинохта шудааст, шореҳи иқтисодии Радиои Озодӣ, хабарҳои иқтисодиеро, ки орзу дорад, амалӣ шаванд, гирдиҳам овард.
Радиои Озодӣ дар Рӯзи хандаи пойи сӯҳбати ҳунарпешаи маъруфи ширинзабон Қиёмиддин Чақалзода нишаст.
Рӯзи якуми апрел дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба унвони Рӯзи ханда шинохта шудааст. Иддае талош мекунанд, ки дар ин рӯз биханданд, бархе ҳам якдигарро мефиребанд ва барои нафаре, ки фирефта шудааст, ин рӯзро далел меоранд.
Дар пайи бохтҳои тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 Мубин Эргашев ва ёваронаш ба истеъфо фиристода шудаанд.
Хонаводаи Одинаевҳоро дар Тоҷикистон оилаи шатранҷбозон ном мебаранд. Саодат Одинаева, шатранҷбози моҳир ва мураббии шоҳмот, низ мегӯяд, ки дар оилаи онҳо ҳама ба шатранҷбозӣ машғуланд.
Роман Пилипчук, мураббии калони дастаи Тоҷикистон, рӯзи 28 март пеш аз бозии даври охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон дар нишасти хабарӣ аз мухлисон барои бохти калон аз дастаи Австралия узрхоҳӣ кард.
Роман Пилипчук, мураббии калони дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ки барои бозии беирода бо Австралия аз мухлисони тоҷик узрхоҳӣ мекунад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ Сарвинози Рӯҳуллоҳ ва Шаҳлои Гулхоҷа имсол дар остонаи ҷашни Наврӯз ба суроғи тарроҳони тоҷик рафтанд ва худашон либосҳои наврӯзии имсоларо нишон медиҳанд.
Дар мусобиқа ё пойгаҳи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни “Наврӯз”, аспи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати мобили "Вавилон" соҳиби ҷои аввал шуд.
Овозхони афғон Ғизол Иноят дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз омодагӣ ба консертҳояш дар Душанбе, нақшаҳои эҷодӣ ва аз зиндагиаш қисса кард.
Раҳбари театри Маяковский мегӯяд, ки бинои ин театр, воқеъ дар маркази пойтахт, билохира аз байн меравад ва ҷояш хиёбони замонавӣ месозанд.
Кормандони театри драмавӣ-русии ба номи Маяковскийро аввали моҳи март расман огоҳ карданд, ки то ду моҳи дигар бояд кӯч банданд, зеро театрро вайрон мекунанд. Ҳоло маълум нест, театру ҳунармандон куҷо мераванд ва сарнавишти онҳо чӣ мешавад.
Ёфтҳои бештар