Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, Тоҷикистон аз варзишгарон боз 10-12 роҳхати олимпӣ чашмдор аст.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, ки беш аз 20 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти литсензионӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд ва аз онҳо 10-12 роҳхат интизорем.
Ҳангоми ҳаракат дар ҷодаи мошингузар аксари занҳо дар Душанбе худро дар зери «зарраббин» эҳсос мекунанд. Нигоҳҳои ҳарисонаи баъзе мардони мошинсавор, ки дар чеҳраи ҳар зани канори роҳ манбаи дилхушии худро меҷӯянд, духтаронро ба ҳарос меорад.
Бо фарорасии шом ва оромиши мардум дар манзилҳо, зиндагии дигаре дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе оғоз мешавад. Занону духтарони коргар осемасар ба хонаҳояшон мешитобанд, то домани зиндагии шабонаи шаҳр ба домани онҳо напечад.
Ҳудуди 400-километри лӯлаи гази Туркманистон - Чин аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва ҳазинаи сохтмон ҳам хеле гарон аст ва Чин омода аст танҳо барои бунёди қисмати Тоҷикистонии ин лӯла, беш аз 3,2 миллиард доллар харҷ кунад.
Як гурӯҳ ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон бо ташкили консорсиуме ба озмуни пудратчиёни сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Чин ворид мешаванд.
Тапиш Турёлай, овозхони афғон, дар шаҳри Душанбе маркази мусиқие таъсис кардааст, ки барои ҷавонон ҳунари навохтани гитор ва ҳам иҷрои оҳангҳои замонавиро омӯзиш медиҳад.
Тапиш Турёлай, овозхони афғон, дар шаҳри Душанбе маркази мусиқие таъсис кардааст, ки барои ҷавонон ҳунари навохтани гитор ва ҳам иҷрои оҳангҳои замонавиро омӯзиш медиҳад.Дар ин марказ имкони харидории ҳама намуди васоили мусиқӣ фароҳам аст.
Камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз мушкилоти риштаи варзиши Тоҷикистон ва камбуди сармоягузорӣ ба ин риштаи ифтихорзои кишвар сӯҳбат кард.
Ҳарчанд нархи як литр бензин дар Бишкек каме бештар аз се сомонӣ ва дар ноҳияҳои наздимарзии Қирғизистон чор сомонист, вале дар Тоҷикистон ҳамоно нархи бензин аз асп фарояд ҳам, аз узангу фаромаданӣ нест.
Ин суол беш аз ҳама дар зеҳни сокинони бо Қирғизистон ҳамсарҳади вилояти Суғд пайдо мешавад, ки нарххои арзони бензину соляркаро дар деҳаҳои ҳамсоякишвар дида ҳайрон мешаванд. Ин фарқияти муттазоди сӯзишворӣ беш аз ҳама дар ду сӯи роҳи Хуҷанд-Исфара рӯшан бармало мешавад.
Шафақ Сияҳпӯш, овозхони тоҷиктабори Афғонистон мегӯяд, ки вазъи хуби ҳамватанонаш дар Тоҷикистон ӯро водор кардааст, то дар бораи ин ҷузъи Хуросони Бузург тарона иҷро бикунад.
Шафақ Сияҳпӯш - овозхони маъруфи афғон барои аввалин бор як таронаи худро ба Тоҷикистон бахшидааст. Ӯ мегӯяд, ин сурудро, ки матнаш аз Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе аст, баъди ошноӣ бо вазъи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон иҷро кардаст
Имрӯз, 22 феврал, пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.
Муҳаммадшарифи Сулаймон аз зумраи он паҳлавонони номдори тоҷик аст, ки дар байни мардум шӯҳрати хоса дорад. Ӯ дар мусобиқоти пурнуфузтарини гуштии самбо Тоҷикистонро бомуваффақият муаррифӣ намудааст.
Ҳусейн Насимов мегӯяд, ҳарчанд бо навори таблиғи кумак ба дармондагон наметавонад муносибати одамону дунёро тағйир диҳад, аммо ҳадди ақалл метавонад дунёи як инсонро дигар кунад.
Аз рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон маъракаи таблиғоти қабл аз раъйпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ шурӯъ шуд.
Иқлимой ва Шариф Раҳмоновҳо мегӯянд, ки бо гузашти беш аз ним аср зиндагии муштарак боз ҳам мисли даврони ҷавониашон ошиқи якдигар боқӣ мондаанд.
Хазинаи Байналмиллалии Асъор дар гузориши тозаи хеш вазъи низоми молии Тоҷикистонро арзёбӣ карда, онро осебпазир номидааст.
Ёфтҳои бештар