Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир ягона варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи 2016 роҳхат гирифтааст. Ӯ даври аввали омодагиҳоро дар Тошканд гузаронд ва ҳоло дар Душанбе ба тамринаш идома медиҳад.
Хадиҷа -- як духтари 15-сола, ки на чандон дуртар аз пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, то ба ҳол ба мактаб нарафтааст ва хондану навиштан ҳам наметавонад. Аксари вақти ӯ бо каланд кардани замин сипарӣ мешавад.
Cубҳи Хадича, як навраси 15-сола бо тафовути зиед аз ҳамсолонаш шом мешавад. Ӯ китобу дафтар надорад ва ба ҷои ҷузвдону ашёҳои дарсӣ, ҳар субҳ бо белу каланд аз хона берун мешавад.
Хонаводаи Зӯҳро Маҳмуродова, ки дар як рӯз 5 ҷигарбанди худро ба хок супурданд, ҳоло дар посух ба чанд суол оҷиз мондаанд, ки чаро ин модари ҷавон ба ҷони худ ва 4 тифлаш раҳм накард ва даст ба худкушӣ зад?
"Хуҷанд"-и Хуҷанд ба бозии интихобии Ҷоми AFC-2016 бо "Аҳлӣ Ал-Халил"-и Фаластин омодагӣ мегирад.
Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ба бозии интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад.
Ду меҳмондори ширкати "Сомон Эйр" мегӯянд, онҳоро як ишқи осмонӣ ба ҳам пайвастааст. Фирӯз ва Фирӯза Тошматовҳо ҳангоми парвоз ба ҳамдигар ошиқ шудаанд.
Ғорати хонаи падарарӯс як ҷавони 24-солаи сокини Душанберо барои 17 сол ба кунҷи зиндон бурд ва ӯро аз ҳамсару фарзандонаш ҳам ҷудо кард.
Далер Меҳтоҷев, наққоши тоҷик, миёни фарҳангиён ва дӯстдорони санъати рассомӣ дар Тоҷикистон бо сабки худ фарқ мекунад. Ӯ рубоиҳои Умари Хайёмро ба тасвир кашида ва мавзӯи асосии мусаввараҳояш низ кӯзаҳоянд.
Дар ҳоле ки ваъдаи соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани маошу нафақаи сокинон иҷро нашудааст, бархе аз аъзои баландпояи ҳукумат мегӯянд, ки ин дафъа ваъдаи ӯ қатъист.
Як сол пеш дар ҳамин рӯз сиёсатмадори шинохта, намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов аз дунё гузашт. Хабари марги ӯ он қадар ногаҳонӣ буд, ки басахтӣ мешуд онро бовар кард.
Аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои парвоз аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русияро ба таври қобили мулоҳиза поин овардаанд.
“Пробка”, номи филми навест, ки аз рӯзгори як хонаводаи бефарзанди тоҷик қисса мекунад.Ин филм маҳсули дасти коргардони ҷавон Диловар Султонов буда, рӯзҳои наздик ба намоиш мебдарояд.
"Пробка", исми филми ҷадидест, ки аз рӯзгори як хонаводаи бефарзанди тоҷик қисса мекунад. Ин филм маҳсули дасти коргардони ҷавон Диловар Султонов аст, ки рӯзҳои наздик муаррифӣ хоҳад шуд.
Маҳинаи 8-сола орзу дорад, соли 2016 дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил кунад ва ҳамсинфонаш аз ӯ толибаи беҳтарин ном баранд. Ӯ дар шаби дар Соли нав аз Бобои барфӣ интизори ҳадяест, ки дигарон намедонанд.
Муқимҷон Абдуфаттоев - ҳаҷвнигори гурӯҳи “Хандинкамон” аз камтарин афродест, ки аз бӯҳрони молии соли 2015 шикоят надорад. Ӯ аз ин сол ба некӣ ёд меорад. Муқимҷон «агар соли 2014 дувоздаҳ бор бо ҳамсараш ҷанҷол карда бошад, соли 2015 фақат 6 дафъа ҷанҷол кардааст.»
Марям Давлатова мегӯяд, соли гусфанд ӯро ба олами калонсолӣ ва андешарониҳо ҳидоят кард. Хонум Давлатова, ки мегӯяд, инсони “беорзу” ҳаст, бовар дорад, дар соли нави 2016 маҷмӯъаи шеърҳояшро нашр мекунад ва барои ду наберааш бибии воқеӣ мешавад.
Ҳасанбой Тоҷибоеви гулфурӯш мегӯяд, бӯҳрони соли 2015 ба тиҷорати ӯ таъсир расонд ва шумори харидоронро коҳиш дод. Ҳасанбой аз марде мисол мезанад,ки ҳар рӯз як гули роз мехариду акнун дер-дер меояд.
Ёфтҳои бештар