Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Устохонаи Даврон Икромов, мӯзадӯзи 30-сола ҳамеша серодам аст. Бо вуҷуди зиёд будани дӯконҳои кафшдӯзӣ, ин косиби ботаҷриба муштарии бештар дорад. Ӯ дар соли 2015 соҳиби хона шуд. Орзуе, ки бо мӯзадузӣ амалӣ кардани онро як хоби ширин медонанд.
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ дар соли 2012 дар Лондон мегӯяд, аз садҳо ваъдае, ки сарпарастон барои ӯ дода буданд, якеаш ҳам иҷро нашудааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баргузории як маросими бошукӯҳ, ба беҳтаринҳои мавсими соли 2015 ҷоизаҳо тақдим кард.
Бонки милли Тоҷикистон саррофиҳоро дар болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ муттаҳам кард ва шеваи мубодилаи асъорро дар кишвар тағйир дод.
Бинобар натоиҷи назарпурсии Gullup, аз се як сокини Тоҷикистон орзуи кӯч бастан ба кишварҳои хориҷро доштаанд. Беш аз ҳама ҷавонон дар сар ин орзуро мепарваранд.
Тоҷикистон мехоҳад, бо таъсиси як телевизион вижа, ки танҳо аз пахши филму сериалҳо иборат хоҳад буд, ба бозори пуррақобат ворид шавад.
Cолҳои ахир шеваҳои нави шиносоӣ ва издивоҷ миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар Тоҷикистон тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатии интихоби ҳамсарро мегирад.
Бештар аз 170 ҳазор зани тоҷик ҳоло дар Русия кору иқомат мекардаанд.
Мақомоти тоҷик шумораи занҳои муҳоҷир дар Русияро 170 ҳазор мегӯянд. Ин муҳоҷирзанони тоҷик аксаран дар мағозаву ошпазхонаҳо ба ҳайси фаррошу фурӯшанда ва гоҳе дар канори мардҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.
Дар пайи ҳамлаҳои Фаронса, дар Тоҷикистон низ, тавре ба назар мерасад, чораҳои амниятиро афзоиш медиҳанд.
Дар Тоҷикистон 26 нашрияи кӯдакона чоп мешавад, вале толибилмони тоҷик мегӯянд, ин нашрияҳо аксаран хостҳои онҳоро бароварда карда наметавонанд.
Бо вуҷуди чоп шудани 26 нашрияи кӯдакона дар Тоҷикистон бисре аз насли наврас мегӯянд, интихоби зиёде барои мутолиа надоранд.
Рӯзи 11 ноябр дар Душанбе нишасти хабарии сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Бангладеш барпо гардид.
Бино ба оморҳо, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 2500 нафар усули муҳорибаи Ҷиу –Ҷитсуро машқ мекунанд. Дар байни онҳо духтарон ҳам ҳастанд.
Сӯҳбат бо Ҷамила Азизова - духтаре, ки рӯзи заминларзаи 26 октябр бо се ҳамкораш дар ошёнаи 20-ум буд ва аз ин ҳодиса сахт тарсид, то ҷое, ки акнун аз тарси заминларза шабҳо хобаш намебарад.
Ҷамила Азизова "қаҳрамон"-и заминларзаи рӯзи 26-уми октябр, ки садои ӯ садҳо нафарро дар атрофи бинои "Душанбе-Плаза" ба таҳлука андохт, мегӯяд, беш аз як ҳафта мешавад, ки оромишро аз даст додааст.
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бо мақомоти тоҷик дар баробари мубориза бо таҳдидҳои муосир масъалаи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқро ҳам баррасӣ кардаанд.
Дар арафаи бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо “Ҷоҳор Дарул Такзим”-и Малайзия дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.
Баъзе сокинони Душанбе назари худро ба сайтбандиҳо дар Тоҷикистон баён карданд.
Тибқи омори расмӣ дар як сол дар Тоҷикистон ба маблағи то 4 миллион доллар тилловорӣ харидорӣ мешавад ва бозори ин кишвар солона ба беш аз 3 тонна тилло талабот дорад.
Ёфтҳои бештар