Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар пайи мулоқоти Синдзо Абэ – нахуствазири Ҷопон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, миёни Душанбе ва Токио ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик, ки тӯли ду даҳсола дар Русия кору зиндагӣ кардааст, дар талоши таъсиси мактаби вижаи муштзанӣ ё бокс дар ватанаш - Тоҷикистон аст.
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик дар як нома ба унвони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз нақзи ҳуқуқи худ ва таҳдиду таҳқир аз сӯи як корманди собиқи милиса шикоят бурдааст.
Бузургтарин телескопи Тоҷикистон бо иқтидори кашфи кӯчактарин ситора ва хиратарин ҷирми осмонӣ, баъди 25 соли таъхир дубора ба кор даромад.
Бо вуҷуди таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба забони англисӣ дар Тоҷикистон, мутахассисон аз кам будани соатҳои дарси ин забон дар мактабҳои миёна ва усули мураккаби омӯзиши он нигаронӣ мекунанд.
Тибқи нақшаи генералии шаҳрдории Душанбе, қарор аст биноҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, худи шаҳрдорӣ, чойхонаи “Роҳат” тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои наву замонавӣ сохта шаванд.
Оҷонсии байналмилалии хабарии Рейтер дар миёни суратҳои 300 аккоси беҳтарини 11 кишвари пасошӯравӣ 3 акси Нозим Қаландаровро аз Тоҷикистон ҳам қадрдонӣ кардааст.
Падари фармондеҳи кушташудаи гурӯҳи “Алфа” мегӯяд, то замони шунидани хабари марги фарзандаш намедонист, ки ӯ дар дараи Ромит қарор дорад.
Ба фарқ аз бозорҳо, бархе супермаркетҳои Душанбе дар арафаи иди Қурбон нархи маҳсулотеро, ки мардум барои оростани дастурхонаи идона мехаранд, пойин бурдаанд.
Афроди ношинос шаби 21 сентябр оромгоҳи Мавлоно Юсуфи Ҳамадониро дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Ваҳдат оташ задаанд.
Ҳамидаи 18-сола аввалин духтари ҳайкалтарош дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, орзу дорад, ки пайкараи модарро биофарад.
Рақобати дастаҳои мунтахаби Австралияву Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии Душанбе шоми 8 сентябр бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 0:3 хотима ёфт.
Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати миллии тоҷикон муҳимтарин меваи 24 соли истиқлоли кишвар шумурда мешавад. Вале бебарқӣ, бекорӣ ва камбуди озодиҳои демократӣ ҳамчунон аз мушкилоти умдаи Тоҷикистони имрӯза боқӣ мемонанд.
Таҳлилгарони тоҷик Иброҳими Усмон ва Раҷаби Мирзо дар бораи бурду бохтҳои 24 соли истиқлоли Тоҷикистон изҳори назар мекунанд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар арафаи бозии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Австралия нишасти хабарӣ доир шуд.
Субҳи 4 сентябр дар маҳаллаи "Гардиши фурудгоҳ" дар Душанбе ба як посгоҳи милиса ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Видеои радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса.
Тайи ду ҳафтаи охир дар расонаҳои давлатӣ як зумра матлабҳо ба нашр расидаанд, ки мазмунашон тақрибан як аст: "Ҳизби коммунисти Тоҷикистон обрӯву эътиборашро аз даст додааст".
Тӯдаиҳо кӣ буданд? Коммунистони эронӣ чӣ гуна то Тоҷикистони Шӯравӣ расиданд? Бозмондаҳои онҳо чӣ ҳол доранд? Хабарнигорони Озодӣ дар як гузориши видеоӣ ба ин пурсишҳо посух гуфтаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки агар як миллион доллар медоштанд, онро барои чӣ коре сарф мекарданд?
Дӯкони қадимафурӯшие дар Душанбе сокинонро ба сайри даҳсолаҳои пеш, махсусан ба муҳити Шӯравии собиқ мебарад.
Ёфтҳои бештар