Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Дар Душанбе акнун ҷуфтҳои ошиқ ва наварӯсон имкон доранд, ки дарвозаҳои муҳаббати худро қуфл бизананд, то хонаи ишқи онҳо як умр гарм бимонад.
Муаллифи китоби “Алифбо” мехоҳад, ин китобро дар ду қисм - яке “Алифбо” барои панҷу шашсолаҳо ва дигаре барои бачаҳои синни ҳафт пешниҳод кунад.
Ҳосили фаровони меваву сабзавот боиси дар рӯзҳои охир ба таври назаррас поин рафтани нархи он дар бозорҳои Душанбе ва атрофи пойтахт шудааст.
Федор Басимов, яке аз сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия, худро дар куштори Раҳимҷон Тешабоев -- сокини ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор донист ва гуфт, ки дар ин кор ба ӯ Илдар Сахапов ёрӣ додааст.
Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия - "Ҳотам ПВ" мегӯяд, танҳо баъд аз хатми донишгоҳ барои кор ба ширкати Google хоҳад рафт.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттилое, ки дар даст доранд, баъзе аз занони тоҷик баъди пайвастан ба "Давлати исломӣ" мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд.
Пурсиши сарироҳӣ дар яке аз хиёбонҳои Душанбе: Шумо дар зиндагӣ беш аз ҳама аз чӣ метарсед? Ҷавоби раҳгузарон ҳайратовар буд ва ҳам як чистонеро пеш гузошт. Посухи онро медонед?
Рашт аз камтарин навоҳии Тоҷикистон аст, ки теъдоди хеле ками ҷавондухтаронаш барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷалб мешаванд.
Мирзошоҳи Акобир -- сокини ноҳияи Рашт ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Ҳоло танҳо дар боғи ӯ, дар деҳаи Ҷафр, метавон дид, ки як дарахт ҳашт навъи мева ҳосил медиҳад.
Шаҳрдории Душанбе ду коргоҳи хусусии оҳангудозиро ҳамчун сарчашмаи хатари экологӣ ҷарима баст ва фаъолияти онҳоро дар наздикии маҳалли зисти одамон манъ кард.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мегӯяд, ки ҳоло ҳам аз сиёсат ва ҳам кор дар мақомоти қудратӣ канор рафта, танҳо ба кишоварзӣ машғул аст.
Сокинони ду деҳаи ноҳияи Рашт, ки бар асари обхезиҳои ахир хисороти зиёд дидаанд, ҳоло талош доранд ашёи рӯзғорашонро аз зери лой берун кунанд.
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар КМИРТ-ро ба 5 соли зиндон, маҳкум кард.
Ғарб Русияро барои амалкардҳояш дар Украина муҷозот кард, вале таъсираш ба дастархони идонаи хонаводаи Сабзагул Носирова расид, ки имсол хеле хоксорона ороста шудааст.
Зайниддин Бобобеков, ҳамсари Парвина Абдуллоева, зане, ки худро бо се кӯдакаш ба канали Ҳисор партофт, мегӯяд ӯро ҳеч гоҳ талоқ надода буд.
Нахустин мурофиаи додгоҳии Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар КМИРТ дар додгоҳи ноҳияи Ҳисор бо чаҳор соат таъхир баргузор шуд.
Як сокини ноҳияи Ёвон, ки тайи чанд соли охир дар Душанбе сукунат дошт, худу се фарзандашро ба дарё андохтааст. Дар натиҷа, зан аз об зинда берун оварда шуд, аммо се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.
Дар яке аз гардишҳои рӯди Панҷ, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, об баъзан ҷасадҳоро ба соҳил мебарорад. Сокинони маҳал ин афроди ношиносро аз об берун кашида, бо оини мусулмонӣ ба хок месупоранд.
«Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт.
Александр Гордон, ровии маъруфи шабакаи ОРТ гуфт, тӯли се рӯз аз Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он боздид карда, ният дорад, ҳамроҳи ҳамсараш дар бораи Тоҷикистон филми ҳуҷҷатӣ бигирад.
Ёфтҳои бештар